ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 феврали соли 2024, № 1232
қабул карда шудааст
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 28 феврали соли 2024, № 472
ҷонибдорӣ карда шудааст
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156, №7, қ.2, мод.422; с.2016, №3, мод.148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод.581; с.2018, №5, мод.278; с.2020, №12, мод.912; с.2021, №12, қ.2, мод.706; с.2022, №7, мод.447; с. 2023, №11, мод.468; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, №2035 ва №2036) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 2 моддаи 6 калимаҳои "ҳатмии умумии асосии" ба калимаҳои "миёнаи умумии" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 16:
- қисми 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"7. Баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд.";
- қисми 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"10. Ба муассисаи таълимии таҳсилоти умумӣ омадани хонандагон бо воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст.";
- қисмҳои 11-13 хориҷ карда шуда, қисмҳои 14-20 қисмҳои 11-17 ҳисобида шаванд.
3. Дар қисми 6 моддаи 17 калимаи "надоранд" ба калимаи "доранд" иваз карда шавад.
4. Дар қисми 3 моддаи 18 калимаҳои "метавонанд таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд" ба калимаҳои "таҳсилоти миёнаи умумӣ мегиранд" иваз карда шаванд.
5. Дар сархати дуюми моддаи 36 ва қисми 9 моддаи 44 калимаҳои "умумии асосӣ" ба калимаҳои "миёнаи умумӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад. Муқаррароти сархати якуми қисми 2 моддаи 1 Қонуни мазкур нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 1 марти соли 2024, № 2044