Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 аз 1 марти соли 2024, № 137

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2024, № 137

Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 (минбаъд - Барнома) бо мақсади беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ таҳия карда шудааст.

2. Барнома ба амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳавӣ, инчунин беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор намудани заҳбуру заҳкашҳо ва пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ равона карда шудааст.

2. ТАҲЛИЛИ ҲОЛАТИ ҶОРӢ ВА МУШКИЛОТИ АСОСӢ

3. Таҳлили ҳолати ҷорӣ нишон дод, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 763,5 ҳазор гектар заминҳои обӣ мавҷуд буда, аз он 470,3 ҳазор гектарро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳанд. Барои дар ҳолати хуби мелиоративӣ нигоҳ доштани заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ 12,0 ҳазор км заҳбуру заҳкашҳо, аз ҷумла 2,5 ҳазор км байнихоҷагӣ ва 9,5 ҳазор км дохилихоҷагӣ вуҷуд доранд, ки аз онҳо 5,6 ҳазор км-ро заҳкашҳои кушода ва 3,9 ҳазор км-ро заҳкашҳои пӯшида ташкил менамоянд. Инчунин, дар ҳудуди заминҳои обёришаванда 2484 чоҳи назоратӣ, 1208 чоҳи амудии мелиоративӣ (аз он 422 адад дар тавозуни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), 1303 чоҳи обёрикунанда (аз он 110 адад дар тавозуни Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 97 дидбонгоҳи назоратӣ хизмат мерасонанд.

4. Аз масоҳати умумии заминҳои корами обӣ масоҳати заминҳои обии таҳти назорат қарордошта 700,2 ҳазор гектар, ё ин ки 91,6 фоиз ва масоҳати заминҳои таҳти таҳқиқоти хоку намак қарордошта 635,6 ҳазор гектар, ё ин ки 83,2 фоизро ташкил медиҳад. Аз масоҳати умумии заминҳои корами обӣ 329,9 ҳазор гектар, ё ин ки 43,1 фоиз бо заҳкашҳо, аз он ҷумла бо заҳкашҳои пӯшида 81,0 ҳазор гектар ё 10 фоиз таъмин гардидаанд.

5. Тағйир ёфтани ҳолати мелиоративии заминҳо раванди муттасил мебошад. Аз як тараф анҷом додани корҳои мелиоративӣ ҳолати заминҳоро беҳтар мегардонад, аз тарафи дигар аз ҳисоби риоя накардани қоидаҳои агротехникӣ, технологияи обмонӣ, сари вақт тоза накардани шабакаи заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ, инчунин дар ҳолати ғайритехникӣ нигоҳ доштани чоҳҳои амудӣ ва пойгоҳҳои мелиоративӣ, нодуруст шустани заминҳои шӯр, барои обёрӣ истифода бурдани обҳои заҳбуру заҳкашҳо, ки таркиби минералнокии он зиёд аст, ҳолати мелиоративии заминҳои корам ҳамасола ғайриқаноатбахш мешаванд.

6. Бо мақсади бартараф кардани равандҳои номатлуб ва беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ дар давоми солҳои 2000-2018 дар майдони 183147 гектар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида шуда, ба ин мақсад 118,0 миллион сомонӣ ҷудо гардид, аз ҷумла тибқи барномаҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии заминҳо солҳои 2000-2004 майдони 30627 гектар ба маблағи 9,43 миллион сомонӣ, солҳои 2005-2009 майдони 60275 гектар ба маблағи 25,6 миллион сомонӣ ва солҳои 2010-2014 майдони 51722 гектар ба маблағи 38,46 миллион сомонӣ беҳтар карда шудааст. Инчунин дар солҳои 2015-2018 ба ин мақсад 44,55 миллион сомонӣ ҷудо гардида, ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративии замин дар майдони 40523 гектар беҳтар карда шудааст.

7. Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, № 374 "Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023" бо мақсади дар 5 соли охир беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 48572 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ 51103,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда, дар ин давра ҳолати мелиоративии 49393 гектар ба маблағи 47690,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

8. Дар асоси кадастри мелиоративӣ, ки аз ҷониби зерсохтори Муассисаи давлатии "Назорати ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодабарии об"-и Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тартиб дода мешавад, ба ҳолати 1 январи соли 2019 дар ҷумҳурӣ майдони заминҳои ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш 40815 гектарро ташкил медод, дар соли 2020 - 40141 гектар ва дар соли 2021 - 36200 гектарро ташкил додааст. Давоми ин солҳо ҳолати мелиоративии 28662 гектар замин бо маблағи 24653,0 ҳазор сомонӣ беҳтар гардонида шудааст.

9. Дар соли 2022 32273 гектар замини ҳолати мелиоративиашон ғайриқаноатбахш ошкор карда шуда, дар ин давра беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9695 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ ба маблағи умумии 10178,0 ҳазор сомонӣ (аз ҳисоби маблағҳои пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ - 2388,0 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ - 6563,0 ва буҷети ҷумҳуриявӣ - 1227,0 ҳазор сомонӣ) ба нақша гирифта шуда, дар давоми соли 2022 корҳои мелиоративӣ ба маблағи 10651,0 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 105 фоиз аз нақшаи пешбинишуда ба анҷом расонида шуда, дар миқёси шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар масоҳати 9990 гектар, ё ин ки 103 фоиз аз нақшаи пешбинишуда заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ беҳтар гардонида шудааст.

10. Дар маҷмуъ дар давоми солҳои 2019-2022 ва 6 моҳи соли 2023 корҳои мелиоративӣ ба маблағи 42528,0 ҳазор сомонӣ (83 фоиз) ба анҷом расонида, ҳолати 44597 гектар (92 фоиз) заминҳои ғайриқаноатбахши мелиоративӣ беҳтар гардонида шуд.

11. Таҳлили маълумоти кадастрӣ-мелиоративӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуди гузаронидани чорабиниҳои мелиоративӣ ҳамасола як қисми масоҳати заминҳои обии кишоварзӣ дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор дорад.

12. Тибқи маълумоти кадастри мелиоративӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати 1 январи соли 2023 вазъи мелиоративии заминҳо дар ҳолати хуб - 593892 гектар, ҳолати қаноатбахш - 137765 гектар ва ҳолати ғайриқаноатбахш - 32273 гектар бо чуқурии хатарноки сатҳи обҳои зеризаминӣ - 19021 гектар, шӯрнокии хок - 10666 гектар ва чуқурии хатарноки сатҳи обҳои зеризаминию шӯрнокии хок - 2586 гектар қарор дорад.

13. Дар ин давра тақсимоти заминҳои обёришаванда бо нишондоди ҷойгиршавии сатҳи обҳои зеризаминӣ чунин буд: то 1,0 метр - 10282 гектар, аз 1,0 то 1,5 метр - 29084 гектар, аз 1,5 то 2,0 метр48889 гектар, аз 2,0 то 3,0 метр - 119458 гектар, аз 3,0 то 5,0 метр157441 гектар ва зиёда аз 5,0 метр - 398776 гектар.

14. Тақсимоти заминҳои обёришаванда бо нишондоди минералнокии сатҳи обҳои зеризаминӣ (грамм/литр) ба тариқи зерин буд: то 1,0 г/л - 395434 гектар, аз 1 то 3 г/л - 337698 гектар, зиёда аз 3 г/л - 30798 гектар.

15. Тақсимоти заминҳои обёришаванда бо дараҷаи шӯрнокии хок чунин буд: бешӯрнокӣ - 702224 гектар, шӯрнокии кам - 47251 гектар, шӯрнокии миёна 11488 гектар ва шӯрнокии зиёд - 2967 гектар.

16. Сабабҳои асосии ғайриқаноатбахш гардидани ҳолати мелиоративии заминҳо ин сари вақт тоза накардани заҳбуру заҳкашҳо, дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доштани пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ ва чоҳҳои амудӣ ва норасоии мошину механизмҳои мелиоративӣ мебошанд. Таъсири ин омилҳо асоси вайроншавии мувозинаи обу намак дар таркиби хок мебошад.

17. Барои мунтазам ба тартиб даровардани мувозинаи обу намак дар заминҳои обёришаванда дар ҷумҳурӣ 12000 км хатҳои заҳбуру заҳкашҳо мавҷуданд, ки бо сабаби норасоии маблағ ҳамасола аз онҳо барои тоза кардан ҳамагӣ 600-700 км заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба нақша дароварда мешаванд. Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда бояд ҳамасола на кам аз 4 то 5 ҳазор км хатҳои заҳбуру заҳкашҳо тоза ва таъмир карда шаванд.

18. Дар давоми солҳои 2008-2013 бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1169 чоҳи амудӣ ба тавозуни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоатҳо супорида шуданд. Яке аз воситаҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ таъмир ва нигаҳдории пойгоҳҳои обкашии мелиоративии ба заҳбуру заҳкашҳо вобастакардашуда ба шумор меравад. Вале мунтазам кор накардани онҳо вазъи мелиоративиро мураккаб мегардонад.

19. Мушкилоти дигари соҳа норасоии мошину механизмҳои мелиоративӣ мебошад. Идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо то ҳанӯз техникаҳои соли бароришашон 7080-уми асри гузашта (асосан драглайнҳо)-ро истифода мебаранд. Озмоишгоҳҳои ташхиси обҳои зеризаминӣ, партов ва обҳои чоҳҳои назоратӣ низ бинобар истифодаи тӯлонӣ фарсуда гардида, барқарорсозиро тақозо менамояд.

3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА

20. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома беҳтар намудани ҳолати мелиоративии масоҳати заминҳои банақшагирифташуда, паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ, пешгирии хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ ва рафъи обҳои заҳбуру заҳкаш аз масоҳати заминҳои кишоварзии банақшагирифташуда мебошад.

21. Барои иҷрои ҳадафҳои Барнома гузаронидани чорабиниҳои зерин ба нақша гирифта мешавад:

- ҷалби маблағҳои пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ, буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, инчунин ҷалби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ;

- ба роҳ мондани робитаҳои шарикӣ бо институтҳои молиявии байналмилалӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ барои ҷалби маблағҳои сармоягузорӣ;

- ҷалби маблағҳои сармоягузории хориҷӣ барои дастрас намудани мошину механизмҳои мелиоративӣ, таъмир ва азнавсозии пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ, чоҳҳои амудии мелиоративӣ, чоҳҳои назоратӣ, дидбонгоҳҳои назоратӣ ва азнавсозии лабораторияи ташхиси обҳои зеризаминӣ;

- рафъи обҳои заҳбуру заҳкаш аз масоҳати заминҳои кишоварзии банақшагирифташуда;

- пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ дар масоҳати 49070 гектар.

4. АМАЛИСОЗӢ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

22. Барнома дар се марҳила барои солҳои 2024-2026, 2027 ва 2028 мутобиқи нақшаҳои амали он, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, амалӣ карда мешавад.

23. Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва маблағҳои пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ амалӣ карда мешавад. Хароҷоти молиявӣ барои амалигардонии Барнома 100158,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки дар доираи он вазъи мелиоративии 81248 гектар заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтар гардонида мешавад.

24. Дар марҳилаи якум дар солҳои 2024-2026 ба маблағи умумии 52218,0 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 43519 гектар вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад.

25. Дар марҳилаи дуюм дар соли 2027 ба маблағи умумии 23422,0 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 18804 гектар вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад.

26. Дар марҳилаи сеюм дар соли 2028 ба маблағи умумии 24518,0 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 18925 гектар вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад.

27. Амалисозии Барнома асосан аз ҳисоби маблағҳои пардохти хаққи хизмати обрасонӣ - 25381,0 ҳазор сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ26497,0 ҳазор сомонӣ, буҷети ҷумҳуриявӣ - 19870,0 ҳазор сомонӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ - 28410,0 ҳазор сомонӣ сурат мегирад.

28. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда дар доираи маблағҳое, ки аз буҷети давлатӣ ҷудо мегарданд, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

5. МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

29. Мониторинг ва арзёбии амалисозии Барнома аз ҷониби Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор гузаронида мешаванд.

30. Мониторинг ва арзёбии амалишавии Барнома бо тартиби муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" гузаронида мешаванд.

6. МУҚАРАРОТИ ХОТИМАВӢ

31. Бо амалисозии Барнома вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низом дароварда шуда, назорати доимии паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ тақвият гардида, хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ пешгирӣ карда мешавад.

32. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои таъмини иҷрои самараноки Барнома масъулият доранд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2024, № 137

Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028

Ниг. ба замима