Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи с.1992, № 142 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот"

Санаи амалкуни: 23.02.1996

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

банди 5 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.02.1997 № 115  аз эътибор соқит дониста шуд

ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот

(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 26.11.1992 № 413, аз 19.02.1993 № 81, аз 02.04.1993 № 133, аз 10.06.1993 № 257, аз 23.02.1996 № 92)

(қарори Девони Вазирони ҶТ аз 26.11.1992 № 413, аз 19.02.1993 № 81, аз 02.04.1993 № 133, аз 10.06.1993 № 257, аз 23.02.1996 № 92)

 

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 маи соли 1992 № ФП-80 "Дар бораи нарху акцизҳои навъҳои ҷудогонаи молу маҳсулот" Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 15 маи с.1992 нархҳои озоди чаканаи матоъҳои тайёри пахтагӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол ва фурӯхта мешаванд, ба ҳисоби миёна 40 фоиз, ҷӯроб, либосу либоси таги трикотажии аз ресмони пахтагин ва дар таносуби дигари нахҳо истеҳсолшаванда ба ҳисоби миёна 30 фоиз паст карда шаванд.

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхтани молҳои мазкур бо пешниҳоди паспорт сурат мегирад (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92 беэътибор дониста шуд).

2. Концерни давлатии "Пахтаи тоҷик" нархҳои озоди яклухти нахи пахтаеро, ки аз тарафи корхонаҳои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида барои истеҳсоли маҳсулот истифода шуда, дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯш меравад, 30 фоиз паст кунад ва фурӯши он бояд мувофиқи нархҳои то 10 январи с.1992 амалкунанда бо коэффициенти афзояндаи 3,5 сурат гирад (бо қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 02.04.1993 № 133, аз 23.02.1996 № 92 беэътибор дониста шуд).

3. Муқаррар карда шавад, ки аз 15 маи с.1992 нархҳои озоди фурӯши ришта, матоъҳои дурушт, тайёри пахтагӣ, чӯроб, либос ва либоси таги трикотажии аз ресмони пахтагин ва дар таносуби дигар нахҳо истеҳсолшаванда, бо назардошти даромаднокии ниҳоии то 20 фоиз муайян мегарданд ва корхонаҳои савдо нисбати нархҳои озоди фурӯши (яклухти) маҳсулоти мазкур ба андозаи на бештар аз 15 фоиз дар ноҳияҳои дурдаст бошад, на бештар аз 30 фоиз, иловапулии савдоро истифода мебаранд.

Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо концернҳои "Тоҷиклегпром" ва "Саноати маҳаллӣ", Вазорати савдою захираҳои моддӣ ва Тоҷикматлубот дар мӯҳлати як моҳ манбаҳои пӯшонидани маблағи арзоншавиеро, ки дар корхонаю муассисаҳои савдо дар натиҷаи муқаррар кардани нархҳои нави маҳсулоту молҳои боқимондаи аз нахи пахта истеҳсолшаванда ба вуҷуд омадаанд, муайян намояд (бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.02.1996 № 92 беэътибор дониста шуд).

4. Ба руйхати маҳсулоти ширие, ки мувофиқи нархҳои танзимшаванда ба фурӯш мераванд, қаймоқ, твороги равғавдор ва панири кандини творогӣ дохил карда шаванд ва коэффициенти ниҳоиро нисбат ба нархҳои чаканаи то 10 январи с.1992 амалкунанда ба ҳисоби миёна ба андозаи 9 (бо андози арзиши иловашуда) муқаррар карда шавад (бо қарори Шӯрои Вазирони ҶТ аз 19.02.1993 № 81, аз 23.02.1996 № 92 аз эътибор соқит дониста шуд).

5. Андози ставкаи акцизҳо ба ҳисоби фоиз нисбати арзиши маҳсулоти зерин бо нархҳои фурӯш ба тариқи зайл муқаррар карда шавад:

...


пункт 5 утратил силу в редакции пост. Кабинета Министров РТ от 25.02.1997 №115

Кабинет Министров Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О ценах и акцизах на отдельные виды товаров и продукции

(постановление Кабинета Министров РТ от 26.11.1992 № 413, от 19.02.1993 № 81, от 02.04.1993 № 133, от 10.06.1993 № 257, от 23.02.1996 № 92)

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 1 мая 1992 г. № УП-80 «О ценах и акцизах на отдельные виды товаров и продукции» Кабинет Министров Республики Таджикистан постановляет:

1. Снизить с 15 мая 1992 года свободные розничные цены на производимые и реализуемые на территории Республики Таджикистан ткани хлопчатобумажные готовые в среднем на 40 процентов, чулочно-носочные, верхние и бельевые, трикотажные изделия, вырабатываемые из хлопчатобумажной пряжи и в сочетании с другими волокнами, в среднем на 30 процентов.

Реализация указанных товаров осуществляется гражданам Республики Таджикистан по предъявлении паспорта. (в ред. пост. Правит. РТ от 23.02.1996 № 92 считать утратившим силу).

2. Государственному концерну «Пахтаи Тоҷик» снизить на 30 процентов свободные оптовые цены на хлопок-волокно, потребляемое предприятиями, расположенными на территории республики, для выпуска продукции, реализуемой внутри республики, имея в виду производить его отпуск по оптовым ценам, действующим по состоянию на 10 января 1992 года с повышающим коэффициентом 3,5. (в ред.пост. Совета Министров РТ от 02.04.1993 № 133, от 23.02.1996 № 92 считать утратившим силу).

3. Установить, что с 15 мая 1992 года свободные отпускные цены на пряжу, суровые, ткани хлопчатобумажные готовые, чулочно-носочные, верхние и бельевые трикотажные изделия, вырабатываемые из хлопчатобумажной пряжи и в сочетании с другими волокнами, определяются исходя из предельной рентабельности до 20 процентов, а предприятия торговли применяют к свободным отпускным (оптовым) ценам за эту продукцию торговую надбавку в размере не более 15 процентов, в отдаленных местностях не более 30 процентов. (в ред пост. Правит. РТ от 23.02.1996 № 92 считать утратившим силу).

Министерству экономики и финансов Республики Таджикистан совместно с концернами «Таджиклегпром» и «Саноати махалли», Министерством торговли и материальных ресурсов и Таджикматлуботом в месячный срок определить источники покрытия сумм уценки, образующихся на предприятиях и торговых организациях от переоценки остатков продукции и товаров, выработанных из хлопка-волокна.

4. Включить в перечень молокопродукции, реализуемой по регулируемым ценам, сметану, творог жирный и сырки творожные, установив предельные коэффициенты к действующим до 10 января 1992 года розничным ценам в среднем в размере 9 (с налогом на добавленную стоимость). (в ред. пост. Совета Министров РТ от 19.02.1993 №81, от 23.02.1996 № 92 считать утратившим силу).

5. Установить размеры ставок акцизов в процентах к стоимости в отпускных ценах по;

- маслу эфирному - 9 процентов;

...