Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 феврали соли 2024, №62
тасдиқ шудааст
Тартиби пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, инчунин дастрасӣ ба маълумоти он
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, инчунин дастрасӣ ба маълумоти он (минбаъд - Тартиб) низоми пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, инчунин дастрасӣ ба маълумоти онро муайян менамояд.
2. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва ҷамъоварии маълумот дар бораи намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ташкил карда мешавад ва низоми ягонаи миллии иттилоот оид ба намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо мебошад.
3. Ба Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо маълумоти шиносномаҳои генетикӣ, тавсифӣ ва арзёбишудаи намунаҳои захираҳои генетикии аз ҷониби соҳибони онҳо бадастовардашуда дохил карда мешаванд.
4. Дастрасӣ ба маълумоти Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо ройгон амалӣ мегардад.
2. ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ МИЛЛИИ НАМУНАҲОИ КОЛЛЕКСИЯҲОИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ
5. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ аз парвандаҳои феҳристӣ оид ба намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ва китоби феҳристҳо иборат мебошад.
6. Парвандаи феҳристии Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ барои ҳар як намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ тартиб дода мешавад ва инҳоро дар бар мегирад:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикии растаниҳо, зотҳои ҳайвонот ва микроорганизмҳо тасдиқшуда;
- 2 акси намунаи коллексияи захираи генетикии растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизм бо андозаи 10х15 сантиметр.
7. Ба китоби феҳристҳо маълумот дар бораи намунаи коллексияи захираи генетикии растанӣ, ҳайвонот ва микроорганизм, минтақаи ҷамъоваришуда, тавсифи миқдорию сифатии он дохил карда мешавад.
8. Китоби феҳристҳои намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ аз дафтари махсуси рақамгузоришуда иборат буда, аз ҷониби шахси масъул имзо ва бо муҳр тасдиқ карда мешавад. Рақамгузории саҳифаҳои китоби феҳристҳо дутарафа мебошад. Навиштан бо қалам, тоза кардан, ислоҳкунӣ ва нобудсозии саҳифа дар китоби феҳристҳо манъ аст.
9. Барои ҳар як намунаи коллексияи захираҳои генетикӣ дар китоби феҳристҳо рақами феҳристӣ гузошта мешавад. Ҳамин рақами феҳрист ба парвандаи феҳристи намунаи коллексияи захираҳои генетикии растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо низ гузошта мешавад.
10. Аз Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ хориҷ намудани намунаи коллексияи захираҳои генетикӣ бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ ва ё дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолати гум кардани намуна амалӣ карда мешавад. Дар ҳолати гум кардани намунаи коллексияи захираҳои генетикӣ ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунанда пешниҳод карда мешавад.
11. Ба намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ба Феҳристи миллии намунаҳои захираҳои генетикӣ дохилшуда, тартиби махсуси сарвати миллӣ паҳн мегардад.
12. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бемуҳлат нигоҳ дошта мешавад.
13. Пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, инчунин дастрасӣ ба маълумоти он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ амалӣ карда мешавад.
14. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо истифодаи воситаҳои низоми ҳамбаста идора карда мешавад, ки:
- ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, банизомдарорӣ, асосноккунӣ, ҳифз аз дастрасии беиҷозат ба маълумот дар бораи намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ таъмин менамояд;
- дар асоси дархости мақоми ваколатдори давлатии дахлдор маълумоти дахлдорро аз Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ пешниҳод менамояд ва барои маълумоти пешниҳодшуда ва асоснокии он масъул мебошад;
- мушаххасии маълумотро дар Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ таъмин менамояд;
- ҳамкории иттилоотиро оид ба намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии кишварҳои дигар амалӣ менамояд.
15. Тартиби пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикии навъҳои растанӣ, зотҳои ҳайвонот ва микроорганизмҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ амалӣ карда мешавад.
16. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ, ки барои истеҳсоли маҳсулоти хчрокворӣ ва пешбурди истеҳсолоти кишоварзӣ истифода мешаванд, маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- авлод ва намудҳои растанӣ ва ҳайвонот;
- номи растанӣ ва зоти ҳайвонот;
- санаи дохил намудани маълумот ба феҳристи дахлдор;
- тавсифи мухтасар дар бораи растанӣ ва зоти ҳайвонот ва самтҳои истифодаи онҳо;
- маълумотнома доир ба ҳолати байторӣ, фитосанитарию карантинӣ, сифат ва бехатарии растанӣ, тухмӣ, зоти ҳайвонот ва маҳсулоти аз онҳо ҳосилшуда;
- минтақаҳои истифодаи растанӣ ва зоти ҳайвонот;
- муаллиф (муаллифҳо)-и намуди растанӣ, зоти хайвонот ва ё соҳиб (соҳибон)-и ҳуқуқи истисноӣ ба онҳо дошта, инчунин мавҷудият (ё набудан)-и шаҳодатнома;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки навъи растанӣ ва зоти ҳайвонотро офаридаанд.
17. Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ барои истифода иҷозат дода шуда, ба забони давлатӣ дар асоси принсипҳои саҳеҳӣ ва дастрасии умум пеш бурда мешавад.
18. Маълумоти дар Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ҷойгиршуда барои истифода иҷозат дода шуда, дар сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои генетикӣ ҷойгир карда мешавад.
3. ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ ВА МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ БА ФЕҲРИСТИ МИЛЛИИ НАМУНАҲОИ КОЛЛЕКСИЯҲОИ ЗАХИРАҲОИ ГЕНЕТИКӢ
19. Дар раванди пешбурди Феҳристи миллии намунаҳои коллексияҳои захираҳои генетикӣ ба он метавонад тағйирот ва маълумоти иловагии зерин ворид карда шавад:
- тағйирот барои дақиқ кардани ном ё насаб, ном ва номи падари соҳиби шаҳодатномаи генетикӣ ва ё тағйироти суроғаи маҳалли истиқомат;
- ислоҳи камбудиҳои ошкоршуда ва хатоиҳои техникӣ.
4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
20. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Тартиби мазкур тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.