Низомнома дар бораи шуроҳои ҷамъиятӣ 13 феврали соли 2024, № 59

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, № 59

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, № 59

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМА ДАР БОРАИ ШУРОҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомнома дар бораи шуроҳои ҷамъиятӣ (минбаъд - Низомнома) тартиби ташкил ва фаъолияти шуроҳои ҷамъиятиро ба танзим медарорад.

2. Шуроҳои ҷамъиятӣ мақоми намояндагӣ, ташхисию машваратӣ, ҳамоҳангсозӣ ва мушоҳидавӣ мебошанд.

3. Узви шурои ҷамъиятӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои дар пеши ӯ гузошташуда таҳти ҳимояи давлат қарор гирифта, ҳуқуқу озодӣ ва шаъну шарафи ӯ ҳифз карда мешавад.

2. ТАРТИБИ ТАШКИЛ, УЗВИЯТ ВА БАРОМАДАН АЗ УЗВИЯТИ ШУРОҲОИ ҶАМЪИЯТӢ

4. Шурои ҷамъиятӣ дар назди Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси фармоиши вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, на камтар аз ҳафт ва на бештар аз бисту як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иштироки ихтиёрӣ дар фаъолияти онҳо, асосан аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил карда мешаванд. Дар фармоиш дар бораи таъсиси шурои ҷамъиятӣ маълумот дар бораи ном, ҳайат ва нишонии макони ҷойгиршавии шуро зикр карда мешавад.

5. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт бо фармоиши сардори раёсат ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати шурои ҷамъиятӣ дар назди раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раиси шурои собиқадорони раёсатҳои мазкур, инчунин кормандони ғайриштатии мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, раисони шуроҳои ҷамъият дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо метавонанд шомил гарданд.

6. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бо фармоиши сардори шуъба ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати шурои ҷамъиятӣ дар назди шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва раиси шурои собиқадорони шуъбаи корҳои дохилӣ, инчунин кормандони ғайриштатии мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, раисони шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин минтақаи хизматии милитсия метавонанд шомил гарданд.

7. Шуроҳои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои милитсия дар шаҳрак ва деҳот, инчунин минтақаи хизматии милитсия бо фармоиши сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "13" февраля 2024 года, №59

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от "13" февраля 2024 года, №59

Положение об общественных советах

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение об общественных советах (далее - Положение) регулирует порядок организации и деятельность общественных советов.

2. Общественные советы являются представительными, экспертно-консультативными, координирующими и наблюдающими органами.

3. Член общественного совета при выполнении возложенных на него задач находится под защитой государства, охраняются его права, свобода, честь и достоинство.

2. ПОРЯДОК ОБРАЗОВАНИЯ, ЧЛЕНСТВА И ВЫХОДА ИЗ ЧЛЕНСТВА ОБЩЕСТВЕННОГО СОВЕТА

4. Общественный совет при Министерстве внутренних дел Республики Таджикистан образуется распоряжением министра внутренних дел в составе из не менее семи и не более двадцати одного гражданина Республики Таджикистан на основе их добровольного участия, в их деятельности главным образом, представителей организаций гражданского общества. В распоряжении об образовании общественного совета указываются сведения о наименовании, составе и месте нахождения совета.

5. Общественные советы при управлениях Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, в регионе и Раштском районе формируются распоряжением начальника управления. В состав общественного совета при управлениях Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, в регионе и Раштском районе входят представители институтов гражданского общества, председатель совета ветеранов данного управления, а также могут входить внештатные сотрудники других правоохранительных органов, председатели общественных советов при отделах Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по городу и району.

6. Общественные советы при отделах Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по городу, району формируются распоряжением начальника отдела. В состав общественного совета при отделе Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по городу, району входят представители институтов гражданского общества, председатель совета ветеранов данного отдела, а также могут входить внештатные сотрудники других правоохранительных органов, председатели общественных советов при отделении милиции в посёлках и сёлах, и при территориальном участке милиции.

7. Общественные советы при отделениях милиции в посёлках и сёлах, а также при территориальном участке милиции формируются распоряжением начальника отдела Министерства внутренних дел Республики Таджикистан по городу, району по согласованию с местным исполнительным органом государственной власти.

...