Низомномаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2024, №57

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, № 57

НИЗОМНОМАИ КУМИТАИ ЗАБОН ВА ИСТИЛОҲОТИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ буда, вазифаҳои пешбурди сиёсати давлатии забон ва ба танзим даровардани меъёрҳои ҳуқуқии марбут ба забони давлатиро амалӣ менамояд.

2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кумита дар фаъолияти худ бо дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ҳамкорӣ менамояд.

2. ВАКОЛАТҲО

4. Кумита дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолияти худ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- ба лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои дигар оид ба масъалаҳои дар доираи фаъолияти Кумита вобаста таклифҳо пешниҳод менамояд;

- дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи фаъолияташ муқарраршударо қабул менамояд;

- ҳангоми зарурат ба ҷаласаҳои худ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кчҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро тибқи тартиби муқарраргардида даъват менамояд;

- муроҷиатҳои шаҳрвандонро сари вақт ва босифат дар доираи ваколатҳои худ баррасӣ намуда, аз натиҷаи онҳо ба ҷонибҳои дахлдор иттилоъ медиҳад;

- дар доираи ваколатҳои худ оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигари давлатӣ назорат мебарад ва аз онҳо маълумот талаб мекунад;

- назорати тарҷумаи мавод, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳотро амалӣ сохта, махзани ягонаи истилоҳоти соҳавиро ба забони давлатӣ ташаккул медиҳад;

- фарҳангҳои соҳавиро таҳия, баррасӣ ва назорат менамояд;

- ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо хизматрасониҳои пардохтшаванда анҷом медиҳад;

- экспертизаи забоншиносии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, истилоҳоти соҳавӣ, фарҳангҳо, китобҳои дарсӣ, маводди коргузорӣ, рчзномаву маҷаллаҳо, матну навиштаҷотҳои эълону реклама, тамғаҳои молӣ, борпечҳо, борчаспҳо, паст задани шаъну шараф ва эътибори шахсиро мегузаронад;

- экспертизаи забоншиносии номгузории шаҳрвандон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳот, деҳаҳо, маҳаллаҳо, кччаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳо, пулҳо, маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои ҷуғрофӣ, марказҳои хизматрасонӣ, нуқтаҳои савдо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигарро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон мегузаронад;

- матни муҳрҳо, тамғаҳо, бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводди иттилоотиро месанҷад ва аз рӯйи онҳо хулоса пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда озмунҳо мегузаронад ва барои фармоишҳо ҷиҳати таъмини мол, иҷрои корҳо, хизматрасонии барои Кумита зарурӣ, инчунин, барои гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда қарордодҳои давлатӣ ба имзо мерасонад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба молу мулки давлатӣ, ки бо ҳуқуқи идоракунии оперативӣ барои таъмини иҷрои вазифаҳои Кумита дода шудааст, ваколатҳои соҳибмулкиро амалӣ менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида маблағҳо ва грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайраро ҷалб менамояд;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумотеро, ки дорои сирри давлатӣ мебошад, таъмин менамояд;

- барои омодагии касбӣ, бозомчзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомчзии кормандони Кумита чорабиниҳо ташкил менамояд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба такмилдиҳӣ, баҳисобгирӣ, ҳифз ва истифодаи ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти Кумита ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида анҷуманҳо, конференсияҳо, семинарҳо, нишастҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои дигарро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ташкил мекунад;

- лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бораи забони давлатӣ таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- зимни риоя нагардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи забони давлатӣ маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия намуда, барои чораҷӯйӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;

- баҳисобгирии муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом медиҳад;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

5. Бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият Кумита дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

- бо тартиби муайянгардида барои қабул кардани қарор оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият маълумоти заруриро талаб ва дастрас менамояд;

- ҳангоми риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз ҷониби вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, ба мақомоти дахлдор пешниҳод менамояд;

- пас аз баррасии Шурои ҳамгунсозии истилоҳот қабули истилоҳотро тасдиқ менамояд;

- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият шарҳу эзоҳ медиҳад;

- бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ва омчзиши масъалаҳои вобаста ба фаъолияти Кумита олимон ва мутахассисони дигарро ҷалб менамояд;

- мақомот (шуроҳо, комиссияҳо ва гурчҳҳо)-и ҳамоҳангсозӣ, машваратӣ ва коршиносӣ, аз ҷумла, байниидоравиро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият таъсис медиҳад;

- бо сохторҳои байналмилалии соҳаи мазкур робитаҳои эҷодӣ барқарор менамояд;

- бо тартиби муқарраршуда ифтихорнома, сипоснома ва нишони ифтихорӣ таъсис дода, кормандони Кумита, вазорату идораҳо ва ташкилотҳоро барои муваффаққиятҳои бадастоварда сарфароз мегардонад;

- бо тартиби муқарраршуда барои интишори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, эълонҳои расмӣ, паҳн кардани дигар мавод оид ба масъалаҳои соҳаи муқарраргардидаи фаъолият маҷаллаву рӯзномаҳо ва сомонаро таъсис медиҳад;

- бо тартиби муқарраршуда дар бонкҳои ҷумҳурӣ суратҳисоби махсус бо асъори миллӣ ва хориҷӣ мекушояд;

- ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ

6. Ба Кумита раиси Кумита сарварӣ мекунад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.

7. Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳои ба Кумита вогузоршуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад.

8. Раиси Кумита як муовин дорад, ки ч аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси Кумита ба мансаб таъин ва аз мансаб озод мешавад.

9. Раиси Кумита:

- ҷиҳати тағйир додани воҳидҳои сохторӣ ва зертобеи Кумита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- кормандони Кумита ва Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"-и назди Кумита (минбаъд - Марказ)-ро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд, вазифаҳоро байни кормандони Кумита тақсим мекунад, фаъолияти онҳоро ҳамоҳанг ва назорат мекунад;

- дар бораи тағйир додани сохтори Кумита ва Марказ, таъсис додани раёсат, шуъбаю бахшҳои нав, зиёд ё кам намудани ҳайати кормандон ва фонди музди меҳнати онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур менамояд;

- дар доираи шумораи воҳидҳои муқарраршуда ва тибқи сохтори тасдиқгардида басти вазифаҳо, нақшаи корӣ, буҷет ва харҷномаи онро тасдиқ менамояд;

- бо дар назар доштани маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинигардида барои давраи дахлдор оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағгузорӣ ба Кумита ва Марказ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- бо тартиби муқарраргардида кормандони Кумита ва шахсони дигари дар соҳаи мазкур фаъолиятдоштаро барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои марбут ба ваколатҳо ва фаъолияти Кумита фармоишҳо мебарорад;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи ваколати худ лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро оид ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти Кумита ва Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- комиссияҳои мувақкатӣ ва доимоамалкунанда таъсис дода, низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад.

10. Дар Кумита иборат аз 7 нафар дар ҳайати раиси Кумита (раиси ҳайати мушовара), муовини раис, директори Марказ (аз рчйи мансаб), инчунин аз ҳисоби кормандони дигари роҳбарикунандаи Кумита, муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ ҳайати мушовара таъсис дода мешавад.

11. Аъзои ҳайати мушовара бо пешниҳоди раиси Кумита аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

12. Хароҷот барои нигаҳдории Кумита аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинишуда ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, таъмин карда мешавад.

13. Кумита шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забони давлатӣ, муҳрҳои дахлдор, штамп ва бланк мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.

14. Нишонии ҳуқуқии Кумита: 734013, шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод, 25.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, №57

Сохтори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият

Шуъбаи номгузорӣ ва танзими истилоҳот

Шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус

Бахши экспертизаи забоншиносӣ

Бахши ташкилӣ ва иттилоот

Бахши молия ва муҳосибот

Бахши хоҷагидорӣ ва бойгонӣ

Бахши коргузорӣ ва назорат

Замимаи 3

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 13 феврали соли 2024, №57

Нақшаи идоракунии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муассисаи давлатии "Маркази миллии тарҷума"-и назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.