Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 аз 30 декабри соли 2023, № 594

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2023, № 594

Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029 (минбаъд - Барнома) бо мақсади афзоиш додани даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби рақамикунонии низоми даромадҳои давлатӣ, васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷет, мукамалгардонии маъмурикунонии пардохтҳои андозию гумрукӣ, иҷрои саривақту сифатнок ва тақвият бахшидани раванди таҳияи дурнамои даромадҳо ва дар маҷмуъ, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ таҳия гардидааст.

2. Барнома ҷиҳати расидан ба ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дарҷ гардидаанд, инчунин дар маҷмуъ, барои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

3. Барнома мақсад, вазифа ва самтҳои афзалиятнок, инчунин воситаҳои амалисозии онро барои ояндаи миёнамуҳлат муайян карда, ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои стратегӣ имконият фароҳам меорад ва дар ин самт таҳияи маҷмуи тадбирҳои мушаххасро пешбинӣ менамояд.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ҶОРӢ

4. Дар давоми даҳ соли охир, сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисодиёти ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ, гузаронидани ислоҳоти самараноки иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва нигоҳдории босуботи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна дар ин давра дар сатҳи 7,3 дарсад таъмин гардида, соли 2020 бошад, дар натиҷаи таъсири бемории сироятии COVID-19 суръати рушди иқтисодиёт коҳиш ёфта, ба 4,5 дарсад омада расид, ки нисбат ба рушди миёна 2,8 банди фоизӣ кам мебошад.

5. Ба коҳиш ёфтани рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар соли 2020 бемории сироятии COVID-19 таъсири манфӣ расонида, рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 9,7 дарсад ва кишоварзӣ 8,8 дарсад барзиёд таъмин гардид ва дар баробари ин гардиши савдо дар ҳаҷми 6,8 банди фоизӣ, сохтмон 4,6 дарсад ва хизматрасониҳои музднок 2,6 дарсад иҷро нагардид.

6. Дар соли 2021 афзоиши воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд - ММД) дар сатҳи 9,2 дарсад таъмин гардида, суръати рушди воқеии он аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 22,0 дарсад, кишоварзӣ 6,6 дарсад, сохтмон 23,3 дарсад, гардиши савдо 13,0 дарсад, хизматрасонии музднок 7,9 дарсад афзоиш ёфта, таваррум дар бахши истеъмолӣ 8,0 дарсадро ташкил дод.

7. Рушди нишондиҳандаҳои мазкур дар соли 2022 аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 15,4 дарсад, кишоварзӣ 8,0 дарсад, сохтмон 11,4 дарсад, гардиши савдо 11,2 дарсад, хизматрасонии музднок 16,0 дарсадро ташкил дода, ба афзоиши воқеии ММД дар сатҳи 8,0 дарсад замина гузошт. Дар ин давра таваррум дар бахши истеъмолӣ 4,2 дарсадро ташкил дод.

8. Дар соли 2023 новобаста аз таҳаввулоти дар иқтисодиёти ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ баҳодиҳии рушди нишондиҳандаҳои асоси макроиқтисодӣ дар сатҳи зарурӣ пешбинӣ карда шуда, рушди ММД дар сатҳи 8,0 дарсад муайян гардид ва индекси дефлятор ба 3,9 дарсад, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20,1 дарсад, кишоварзӣ 7,2 дарсад, ҳаҷми боркашонӣ тавассути ҳама намудҳои нақлиёт 5,5 дарсад, мусофиркашонӣ 7,1 дарсад, гардиши савдои дохилӣ 9,7 дарсад, сохтмон 9,1 дарсад, хизматрасониҳои музднок 10,7 дарсад баробар аст.

9. Бояд зикр намуд, ки дар соли 2023 бо таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барномаҳои қабулнамудаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо имкон медиҳанд, ки рушди нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардида, ба рафти иҷрои барзиёдии даромади буҷет замина гузоранд.

10. Дар давраи миёнамуҳлат барои солҳои 2024-2029 ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодӣ ба нигоҳ доштани тамоюли мусбати рушди иқтисодӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд.

11. Самтҳо ва тадбирҳои асосии сиёсат дар асоси талаботи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат амалӣ карда мешаванд.

12. Нишондиҳандаҳои мақсадноки макроиқтисодӣ ба амалисозии пурра ва бомуваффақи тадбирҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории дар ҳуҷҷатҳои барномавӣ пешбинишуда, инчунин таъсири самарабахши онҳо ба иқтисодиёти кишвар асос меёбанд.

13. Сиёсати иқтисодӣ ба ҳавасмандгардонии рушди соҳаҳо, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ ва танзими соҳаи соҳибкорӣ равона карда мешавад.

14. Омилҳои афзоиши ММД дар давраи миёнамуҳлат чунинанд:

- суботи иҷтимоӣ ва сиёсӣ;

- барқарорсозии талаботи истеъмолкунандагон;

- пурзӯр намудани корҳо оид ба воридотивазкунӣ, рушди соҳаҳои афзалиятноки дорои иқтидори баланди содиротӣ;

- баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузорӣ;

- фароҳам овардани дастрасӣ ба воситаҳои молиявӣ;

- фароҳам овардани фазои мусоиди корӣ барои соҳибкорх;

- тадбирҳо барои аз иқтисодиёти пинҳонӣ баровардани соҳибкорӣ.

15. Тибқи дурнамо рушди ММД дар соли 2024 дар сатҳи 8,0 дарсад ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025 ва 2026 мувофиқан 7,7 дарсад ва 7,9 дарсад пешбинӣ карда шудааст.

16. Рушди ММД дар солҳои оянда асосан ба ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ асос ёфта, афзоиши он барои соли 2024 дар сатҳи 20,2 дарсад пешбинӣ мегардад ва рушди ин соҳа яке аз ташаккулдиҳандаи нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.

17. Дурнамои маҳсулоти саноатии ҷумҳурӣ дар соли 2024 аз рӯйи рушди номиналӣ ба маблағи 64 млрд 499,0 млн сомонӣ, бо афзоиши рушди воқеии 20,2 дарсад, соли 2025 аз рӯйи рушди номиналӣ ба маблағи 78 млрд 839,0 млн сомонӣ бо афзоиши рушди воқеии 20,3 дарсад ва соли 2026 аз рӯйи рушди номиналӣ ба маблағи 96 млрд 349,0 млн сомонӣ бо афзоиши рушди воқеии 20,5 дарсад пешбинӣ шудааст.

18. Асоси ташаккули буҷети давлатӣ муайян намудани самтҳои асосии сиёсати андозу гумрук ва дурнамои миёнамуҳлати даромадҳои давлатӣ мебошанд.

19. Танзими имтиёзҳои андозӣ бо роҳи аз байн бурдани имтиёзҳои инфиродӣ ва камсамар, ки ба хароҷоти ғайримақсадноки буҷети давлатӣ дохил аст, тадбири саривақтӣ мебошад.

20. Соли 2021 бо қабули Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил дода шуда, ба принсипҳои адолат, самаранокӣ, бетарафӣ, осонӣ, возеҳии тафсир ва имконияти суботи бештар мутобиқ гардида, дар он механизмҳои нави рақамикунонии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ муқаррар карда шудааст.

21. Яке аз самтҳои дигари афзалиятноки Барнома рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла ҷоринамоии тамғагузории молҳо дар корхонаҳои истеҳсоли молҳо, хариду фурӯш ва ба воридоти молҳо машғулбуда ҷиҳати мубориза бар зидди канораҷӯйӣ аз пардохти андозҳо ва интиқоли даромадҳо ба хориҷи кишвар маҳсуб меёбад.

22. Дар робита бо ин, тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав вазорату идораҳо муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати ҷорӣ намудани шакли ягонаи муттаҳидкардашудаи электронии баҳисобгирии амалиёти аз ҷониби андозсупоранда анҷомдодашаванда, аз қабили тамғагузории электронӣ, чеки фискалии электронӣ, ҳисобнома-фактураи электронии мол, кор, хизматрасонӣ ва шакли пардохти ғайринақдӣ тадбирҳоро андешанд.

23. Ҷиҳати қонеъгардонии талаботи ҷаҳони имрӯза ҷиҳати ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон ва боз ҳам содаву сабук ва муносиб гардонидани ҷараёни андозсупорӣ, заминаи ҳуқуқх барои тариқи электронӣ пешниҳод намудани эъломияҳои андоз фароҳам оварда шуда, дар асоси дастурамалҳои дахлдор ҳамаи шаклҳои эъломияҳои андоз ҷиҳати тариқи электронӣ пешниҳод гардидани онҳо мутобиқ гардонида шудаанд ва имрӯзҳо бо истифода аз барномаи компютерии "Утоқи шахсии андозсупоранда" зиёда аз 80 ҳазор андозсупоранда эъломияҳои худро дар ҳамин шакл пешниҳод намуда истодаанд.

24. Дар соли 2022 бо мақсади мукаммалсозии раванди таҳияи нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳукуқӣ, аз ҷумла Дастурамал оид ба дурнамои даромадҳои буҷети давлатӣ бо фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2022, №63 ба тасвиб расид.

25. Дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ дар солҳои охир афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ таъмин гардид. Агар дар соли 2013 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ 12,3 млрд сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2022 маблағи 36,3 млрд сомониро ташкил додааст. Бо вуҷуди он, ки дар ин давра нишондиҳандаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ 3 маротиба афзоиш ёфтаанд, таҳлилҳо дар ин самт нишон доданд, ки барои ғанӣ гардонидани даромадҳои буҷет имкониятҳои иловагӣ ҷой доранд, ки ҷалби онҳо ба буҷет зарур мебошад.

3. ТАВСИФИ МУШКИЛОТИ СОҲА

26. Дар баробари ноилшавӣ ба натиҷаҳои назаррас ҳоло ҳам дар ин самт мушкилиҳо мушоҳида мешаванд.

27. Аз таҳлили нишондиҳандаҳои оморӣ оид ба воридоти маблағҳо ба даромади ҷории буҷети давлатӣ аз рӯйи сарчашмаҳои асосии даромад бармеояд, ки давоми солҳои 2018-2022 вазни қиёсии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ нисбат ба ММД рӯй ба коҳишёбӣ аст.

28. Таҳлили рафти иҷрои даромадҳои нақшаи дохилии буҷети давлатӣ нишон медиҳад, ки дар самти андоз ва андозбандӣ интизоми андозсупории андозсупорандагони алоҳида то имрӯз дар сатҳи зарурӣ қарор надорад, ки ин ҳолат ба таъмин нагардидани иҷрои қисми даромади буҷет (аз ҷумла сифатнок таъмин нагардидани он) оварда расонида, дар таъминоти молиявӣ мушкилотро ба миён оварда истодааст.

29. Ҳарчанд дар қонунгузории миллӣ ҷиҳати дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт зиёда аз 100 номгӯйи имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешбинӣ шуда бошанд ҳам, пешниҳоди ҳисоботҳо аз ҷониби истифодабарандагон ба мақомоти соҳавӣ дуруст ба роҳ монда нашудааст, ки он барои баҳогузории самаранокии имтиёзҳо дар асоси меъёрҳои мавҷуда монеаҳоро пеш меорад. Дар бисёр ҳолатҳо имтиёзҳои андозиву гумрукӣ самаранок истифода нагардида, ба рушди соҳае, ки имтиёзҳои андоз барои он нигаронида шудааст, мусоидат накарда, баръакс яке аз сабабҳои кам гардидани даромадҳои буҷет шуда истодааст.

30. Бо таъсири ин омилҳо нақшаи пешбинишудаи қисми даромади буҷети давлатӣ дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ иҷро нагардида, маблағгузориҳои молиявии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ коҳиш меёбад.

31. Истифодаи нодурусти имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, алалхусус муқаррар намудани имтиёзҳои хусусияти инфиродидошта байни субъектҳои хоҷагидор рақобати носолимро ба миён оварда, ба паст гардидани вазъи молиявии гурӯҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон ва дар ин замина ба кам гардидани манбаъҳои андозбандӣ оварда расонидааст.

32. Ҳаҷми қарздорӣ аз ҳисоби андоз ва ҳолатҳои пинҳон ё саркашӣ намудан аз пардохти онҳо то ҳоло боқӣ мондааст.

33. Мушкилоти алоҳидаи рушди институтсионалӣ-техникии соҳаи гумрук ҳалли худро наёфтанд, ки ба коҳишёбии самарабахшии маъмуригардонии гумрукӣ, рақобати носолим ва афзоиши интиқоли ғайриқонунии мол тавассути сарҳади гумрукӣ ба бозори дохилӣ оварда мерасонанд, ки боиси ба буҷети давлатӣ ворид нагардидани пардохтҳои андозиву гумрукӣ шудааст.

34. Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зарурӣ то имрӯз ҳолатҳои ба миён омадани қарздорӣ оид ба пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳо аз рӯйи натиҷаҳои фаъолияти санҷишӣ дар доираи амалисозии назорати гумрукӣ вуҷуд дорад.

35. Рақамикунонии пардохтҳои гумрукӣ бо истифода аз низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, назорати фосилавии фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ, иттилоотонии пешакӣ ва монанди инҳо ба таври зарурӣ ташаккул дода нашудааст. Ҳамзамон ҳамгироии ҳатмии "Равзанаи ягона" бо низоми иттилоотии мақомоти молия, андоз, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва вазорату идораҳои дигари дахлдор таъмин карда нашудааст.

36. Бо дар назар доштани ислоҳоти дар самти андозу гумрук гузаронидашуда, айни замон мушкилоти зерин ҷой дорад, ки ҳалли минбаъдаи он муҳим мебошад:

- дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани ҳамгироии иттилоотӣ байни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла тавассути системаи ҳамгироии иттилотии андоз;

- нашр нагардидани ҳисоботи имтиёзҳои андозӣ дар сомонаҳои расмии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар сатҳи зарурӣ таҳлил нагардидани воридоти андозҳо ва пешгирӣ нагардидани ҳолатҳои саркашӣ аз пардохти андозҳо дар мақомоти маҳаллии молия ва андоз;

- дар сатҳи зарурӣ ташаккул наёфтани барномаи "Ҳукумати электронӣ", рақамикунонии бизнес-ҷараёнҳо ва роҳандозӣ нагардидани хизматрасонии электронӣ дар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла дар мақомоти молия, андоз ва гумрук;

- ҷорӣ нагардидани низоми дахлдори рақамикунони ҳисоботи даромади буҷети давлатӣ;

- ҷорӣ нагардидани низоми электронии тамғагузории молҳо (QR-кодҳо) барои молҳои истеҳсоли дохилӣ ва воридотӣ;

- дар фаъолияти андозсупорандагон насб нагардидани дастгоҳи назорати хазинавии замони муосир;

- мавҷуд будани мушкилот дар самти баргардонидани андозҳои аз буҷети давлатӣ баргардонидашаванда;

- нокифоя будани маърифати андозӣ ва ҳуқуқии андозсупорандагон;

- дар сатҳи зарурӣ мавҷуд набудани ҳамгироӣ миёни низомҳои гуногуни инфрасохтори воридоти ғайринақдии маблағҳои андоз, пардохтҳои гумрукӣ ва воридоти ғайриандозӣ;

- аз ҷониби аҳолӣ талаб нагардидани чекҳои фискалӣ ҳангоми харид, кор ва хизматрасонӣ;

- дар гардиши савдои хориҷӣ мавҷуд будани воридоту содироти ғайрирасмии мол;

- дар сатҳи зарурӣ ҷорӣ нагардидани пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ;

- ба таври дилхоҳ фаъолият накардани низоми идоракунии хавфҳо дар соҳаи гумрук;

- ҷой доштани омилҳои инсонӣ ҳангоми пардохти уҳдадориҳои андозӣ;

- истифодаи нопурраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ки метавонанд ба расмиёти назорат ва барасмиятдарории гумрукӣ таъсири манфӣ расонанд;

- истифода нагардидани имкониятҳои ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ ва воситаҳои шарикии давлату бахши хусусӣ барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаи гумрук;

- сатҳи баланди ба равандҳои коррупсионӣ дучоршавии расмиёти гумрукӣ, ки воридоти маблағҳоро ба буҷети давлатӣ ба таври назаррас коҳиш медиҳад;

- сатҳи нокифояи рушди инфрасохтори гумрукӣ ва инфрасохтори назорати сарҳадии истиснокунандаи такроршавии вазифаҳои назоратӣ;

- истифодаи бесамари захираҳои техникӣ ва инсонӣ;

- пардохт нагардидани андози захираҳои табиӣ, аз ҷумла бонуси обунавӣ аз ҷониби дорандагони иҷозатнома барои истифодабарии захираҳои табиӣ;

- ҷой доштани имтиёзҳои хусусияти инфиродидошта;

- номукаммал пешниҳод гардидани маълумот вобаста ба манбаъҳои воқеии даромадҳои буҷети давлатӣ дар таҳияи нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ;

- дар сатҳи зарурӣ танзим нагардидани муносибатҳои байнибуҷетӣ дар самти даромадҳои давлатӣ;

- дар сатҳи зарурӣ харидорӣ нагардидани молу маҳсулоти ватанӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ дар доираи маблағҳои ҷудогардида аз буҷети давлатӣ;

- пурра таъмин нашудани нақшаҳои молиявии корхонаҳои азими давлатӣ, ки таъсири манфии худро ба қисми иҷрои буҷети давлатӣ расонидааст;

- дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани алоқамандии ҷараёни буҷетӣ бо банақшагирии стратегӣ;

- самтнокии нокифояи механизмҳои андозбандӣ барои рушди иқтисодӣ;

- нокифоягии рушди низоми дурнамои даромадҳои буҷетӣ дар алоқамандӣ бо дурнамои макроиқтисодӣ;

- таъсири назарраси манфии амалиётҳои квазифискалии корхонаҳои азими давлатӣ (зиёни амалиётӣ, болоравии уҳдадориҳои қарзӣ ва иҷро нагардидани кафолатҳои давлатӣ аз рӯйи онҳо ва ғайра) ба устувории буҷети давлатӣ ва қобилияти иҷрои функсияҳои иҷтимоӣ аз тарафи давлат.

37. Мушкилоти давоми солҳои охир ҷойдоштаи танҳо дар мақомоти андоз ва соҳаи гумрук боиси коҳиш ёфтани даромадҳои андозӣ ва пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ гардидааст.

38. Агар маблағи умумии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии дохилии мақомоти андоз дар соли 2018 46,1 дарсади ҳаҷми умумии даромадҳои буҷети давлатиро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 42,3 дарсад баробар гардид, ки коҳишёбии он 3,8 дарсадро ташкил медиҳад.

39. Дар соли 2018 агар ҳаҷми умумии ҳиссаи пардохтҳои гумрукӣ 21,3 дарсади маблағи умумии даромадҳои буҷети давлатиро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 20,3 дарсад баробар шуда, фарқияти коҳишёбии он 1,8 банди фоизӣ мебошад.

40. Мушкилоти алоҳидаи рушди институтсионалӣ ва техникии мақомоти андозу гумрук то ҳол ҳалли худро наёфтаанд, ки барои пурра ва куллан мутобиқ шудан ба таҷрибаи савдои хориҷии мунтазам тағйирёбанда имкон намедиҳанд.

41. Дар навбати худ ба коҳишёбии самарабахши маъмуригардонии андозиву гумрукӣ, рақобати носолим ва афзоиши интиқоли ғайриқонунии мол тавассути сарҳади гумрукӣ, ба бозори дохилӣ роҳ ёфтани молҳои воридотии пастсифат, инчунин зуҳуроти дигари манфӣ оварда мерасонанд.

4. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲО

42. Ҳадафи асосии Барнома ин васеъ намудани манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ, беҳтар намудани маъмурикунонии андозу гумрук, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ, тақвият бахшидани раванди дурнамои даромадҳои буҷети давлатӣ, рақамикунонии низоми даромади давлатӣ ва афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ ба ҳисоб меравад.

43. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур вазифаҳои зерин дар Барнома пешбинӣ шудаанд:

- то соли 2029 аз 29 дарсад зиёдтар расонидани вазни қиёсии даромадҳои ҷории буҷети давлатӣ нисбат ба ММД бо мақсади ба таври назаррас баланд бардоштани сатҳ дар солҳои минбаъда барои маблағгузории хароҷотҳои аввалиндараҷа, бахусус музди меҳнат;

- фарогирии шаҳрвандон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати андозсупорӣ ва фарҳанги он, оғоз аз зинаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- моҳиятан беҳтар намудани риояи талаботи қонунгузорӣ, тавассути пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба шаҳрвандон, тарғиби фарҳанги андозсупорӣ бо роҳи воситаҳои ахбори омма, таҳияи луғати тавзеҳоти истилоҳоти асосии андозбандӣ ва созмон додани машварати ғайриидоравии андозӣ, тавсеаи истифодаи воситаҳои ташхиси маъмурикунонии андоз тавассути тарғиби фарҳанги риояи ихтиёрӣ бо мақсади зиёд намудани ҷамъоварии даромадҳо бо хароҷоти камтари маъмурӣ;

- васеъ намудани манбаи даромад бо роҳи андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ намудани камбудиҳои андоз ва истифодаи оқилонаи имтиёзҳои андозх ва коҳиши сарбории андоз ба доираи андозсупорандагони бомасъулият;

- марҳила ба марҳила зиёд намудани воридоти маблағҳо ба буҷет тавассути коҳиш ва бекор кардани имтиёзҳои андозии бесамар;

- пурра маҳдуд намудани имтиёзҳои хусусияти инфиродидошта;

- таҳия намудани тартиби арзёбии танзими меъёрҳои андозҳо ва таъсири имтиёзҳои андозӣ ба буҷети давлатӣ;

- ба таври назаррас зиёд намудани ҷамъоварии даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории дахлдори ҷумҳурӣ бо мақсади беҳтар намудани интиқоли пардохтҳо ва суди саҳмияҳо ба қисми даромади буҷет бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи даромадҳои ҷории буҷет дар ММД;

- дар ҳаҷми пурра ба инобат гирифтани даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ зимни иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетӣ давлатӣ, бахусус маблағи суди саҳмияҳо, воридоти суратҳисобҳои алоҳида ва маблағҳои дар натиҷаи қонунвайрокуниҳо ошкоргардида;

- дар шакли электронӣ ба роҳ мондани табодули маълумот байни мақомоти давлатӣ, аз ҷумла вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, молия, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва Бонки миллии Тоҷикистон;

- таҳкими сиёсати андозх, заминаи ҳуқуқӣ ва ҷузъҳои маъмурии низоми даромадҳо барои низоми андозх самараноктар, содатар ва муассиртар;

- вокуниш ба ниёзҳои иқтисоди бозоргонӣ, шумораи афзояндаи андозсупорандагон, мураккабии тиҷорат ва осон кардани идоракунӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои муассири андоз;

- вусъат бахшидани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар ва ба ин восита таъмин намудани шаффофияти амалиётҳои молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ;

- баланд бардоштани шаффофият ва сифати хизматрасониҳои гумрукӣ;

- рушди ҳамкории байниидоравии электронӣ ва гирифтани маълумот дар бораи ҳуҷҷатҳои дорои хусусияти иҷозатдиҳх, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд;

- бо меъёрҳои муайяннамудани Созмони Умумиҷаҳонии Гумрукӣ мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷорӣ намудани шакли нави назорати андоз - мониторинги андоз, ки дар байни мақомоти андоз ва андозсупорандагони масъулиятнок мубодилаи васею нави иттилоотиро ба вуҷуд меорад ва ҳадафи он фақат назорат набуда, балки пешгирӣ кардани содиршавии амалиёти дорои хавф ва омилҳои бавуҷудоварандаи онҳо мебошад;

- мусоидат намудан ба тақвият бахшидани корҳо дар самти ҷоригардонии иқтисоди рақамӣ ва кам кардани таъсири омили инсонӣ;

- баланд бардоштани сатҳи касбият ва иқтидори кории кормандони масъули мақомоти молия ва андозу гумрук;

- таъмини иштироки мунтазами мутахассисони соҳаҳои воқеии иқтисодиёт дар семинару конфронсҳо оид ба омӯзиши таҷрибаи истифодаи технологияҳои пешқадаму муосир ва амалинамоии он дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ;

- баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва гуногуннамудии маҳсулоти саноат;

- ҷорӣ намудини амсилаи (модели) ояндабинии нишондиҳандаҳои соҳаи саноати ҷумҳурӣ;

- ҷорӣ намудани маҳдудиятҳо нисбат ба воридоти молҳои алоҳида;

- аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ харидорӣ намудани молу маҳсулоти ватанӣ дар доираи маблағҳои аз буҷети давлатӣ ҷудогардида бо мақсади дарёфти манбаъҳои иловагии андозбандӣ;

- баҳодиҳии фаъолияти ҳайати идоракунии корхонаҳои давлатӣ аз рӯйи меъёрҳои самаранокӣ ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда, аз ҷумла иҷрои нақшаҳои молиявӣ, дурнамои даромадҳо ва самтҳои аҳаммияти стратегидошта;

- хусусӣ гардонидани корхонаҳои давлатие, ки барои давлат аҳаммияти стратегӣ надоранд;

- гузаронидани таҷдиди сохтори корхонаҳои ғайрисамарабахш ва табдил додани онҳо аз шакли идоракунии корхонаи воҳиди давлатӣ ба шакли идоракунии корпоративӣ (аз корхонаи воҳиди давлатӣ ба ҷамъияти саҳомии кушода табдил додани онҳо), ба фурӯш баровардани қисми саҳми корхонаҳои давлатӣ, ки фаъолияти онҳо бо зарар ҷамъбаст мегардад (гузаштан аз бахши давлатӣ ва бахши хусусӣ ё шарикӣ);

- татбиқи стандарҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ дар корхонаҳои азими давлатӣ, субъектҳои дорои манфиати умум ва ҷорӣ намудани низоми қонунгузорӣ ҷиҳати аз аудити ҳатмии ҳамасола гузаштани онҳо;

- таъсис додани шуроҳои нозирон дар тамоми корхонаҳои азими давлатӣ ва ҷамъиятҳои саҳомие, ки саҳмияи онҳо ба давлат тааллуқ дорад, бо мақсади назорати хароҷоти корхонаҳо ҷиҳати таъмини кори самаранокии фаъолияти онҳо;

- ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати зиёд намудани шумораи корхонаҳои азими давлатӣ бо мақсади мониторинги доимии фаъолияти молиявию хоҷагидории онҳо.

44. Самтҳои асосии амалигардонии Барнома:

- баланд бардоштани рақобатпазирӣ ва самаранокии низоми андоз бо мақсади ҷалби сармоя барои тавсеа, нигоҳдорӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, шуғл ва рушди иқтисодӣ;

- такмили қонунгузории андоз ва вусъат бахшидан ба рушди маъмурикунонии андоз, коҳиш додани сатҳи иқтисоди пинҳонӣ;

- такмили пайвастаи системаи худкори маъмурикунонии андоз, ба роҳ мондани ҳамкории фосилавӣ бо андозсупорандагон ва мақомоти давлатӣ, кам кардани истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ;

- коҳиши сарбории маъмурӣ ба андозсупорандагон;

- баланд бардоштани интизоми андозсупории андозсупорандагон;

- баланд бардоштани шаффофият ва дурнамои даромадҳои андозӣ;

- таъмини низоми муассиртар ва шаффоф барои беҳтар намудани ҷамъоварии даромадҳои андозию ғайриандозӣ ба буҷет;

- ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ барои таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ.

5. ДАВРАҲОИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

45. Амалисозии Барнома марҳила ба марҳила бо ҷудо намудани ду давраи асосии зерин анҷом хоҳад ёфт:

- давраи якум - солҳои 2024-2026;

- давраи дуюм - солҳои 2027-2029.

46. Дар давраи якум таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои таҳлил ва ҷамъоварии маълумот, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷалби имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои Барнома равона гардида, дар давраи дуюм чорабиниҳои асосӣ амалӣ карда мешаванд.

47. Бо мақсади марҳила ба марҳила таъмин намудани амалисозии афзалиятҳо ва вазифаҳои мақсадноки Барнома, нақшаҳои амали Барнома барои солҳои 2024-2026 ва 2027-2029 таҳия мегарданд.

6. АМАЛҲО ВА НАТИҶАҲОИ ДАР НАЗАР ДОШТАШУДА

48. Дар давраи амалишавии Барнома вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар бо шарикони рушд, инчунин бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамоянд.

49. Барои расидан ба натиҷаҳои мусбат арзёбии самаранокии чорабиниҳои баанҷомрасонидашуда амалӣ карда мешавад. Арзёбӣ аз таҳлили дурусти вазифаҳои муқарраршуда, чорабиниҳои иҷрошуда ва муҳлати амалишавии Барнома иборат мебошад.

50. Дар натиҷаи амалисозии Барнома:

- афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ таъмин мегардад;

- манбаъҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ васеъ карда мешавад;

- маъмурикунонии андозу гумрук беҳтар мешавад;

- иҷрои саривақтӣ ва сифатноки қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин мегардад;

- ба раванди дурнамои даромадҳои буҷети давлатӣ ва рақамикунонии низоми даромадҳои давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият бахшида мешавад.

7. ЗАМИНАҲОИ МУСОИД ВА ХАВФҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА

51. Заминаҳои асосӣ ва муҳимми бомуваффақият амалӣ гардидани Барнома низоми таъсисёфтаи даромадҳои буҷети давлатӣ, инчунин механизми самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ, субъектҳои хоҷагидор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии минбаъдаи он мебошад. Рушди иқтидори давлат, субъектҳои хоҷагидор, ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи васеи таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва навоварӣ дар соҳаи мазкур омилҳои мусбат барои амалигардии он Барнома мебошанд.

52. Дар баробари омилҳои мусбат омилҳое вуҷуд доранд, ки метавонанд барои амалӣ гардидани Барнома, аз ҷумла нокифоягии манбаъҳои даромадҳои давлатӣ, нокифоя будани иқтидори кадрӣ ва ғайра монеа шаванд.

8. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

53. Маблағгузории Барнома аз ҳисоби маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, шарикони рушд ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

54. Маблағгузории умумии Барнома 26 014 800 сомониро ташкил дода, дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинигардида дар ҳаҷми 3 990 000 сомонӣ ва маблағҳои шарикони рушд дар ҳаҷми 22 024 800 сомонӣ иборат мебошад. Аз маблағи умумӣ, барои амалисозии нақшаи чорабиниҳои Барномаи мазкур дар се соли аввал 13 007 400 сомонӣ равона карда мешавад.

9. МЕХАНИЗМИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА

55. Назорати рафти амалисозии Барнома, мониторинг ва ҳамоҳангсозии раванди амалисозии онро Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

56. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалисозии Барнома ҳамасола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд. Инчунин нақшаи амали минбаъдаи Барномаро барои солҳои 2027-2029 тибқи тартиби муқарраргардида таҳия карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

10. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

57. Низоми мониторинг ва арзёбии амалигардии Барнома тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, № 615 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" амалӣ карда мешавад.

58. Дар асоси натиҷаҳои мониторинг марҳила ба марҳила самаранокии амалишавии нақшаҳои амали Барнома, бартарӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти иҷрокунандагони тадбирҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.

11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

59. Назорати иҷрои Барнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

60. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таъмини иҷрои самараноки Барнома масъулият доранд.

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2023, № 594

Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Барномаи миёнамуҳлати даромадҳои давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2029

Ниг. ба Замима