×

Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040 аз 30 декабри соли 2023, № 593

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2023, № 593

Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои солҳои 2024-2040

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20242040 (минбаъд-Стратегия) бо мақсади амалигардонии имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардондани сифати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, кам кардани хароҷоти барзиёд, дурусту мақсаднок истифода намудани ашёи хоми пахта, сода ва шаффоф гардондани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ таҳия гардидааст.

2. Стратегия саҳми коркарди пахта ва саноати нассоҷиро дар рушди умумии иқтисодиёти мамлакат инъикос намуда, ба таъмини рушди бемайлону устувори соҳаҳои саноати кишвар бо роҳи гуногуннамудии истеҳсолот ва гузариш аз тавлиди ашёи хому нимтайёри он ба марҳилаҳои пурра, истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хизматрасонии босифат нигаронида шудааст.

3. Дар Стратегия натиҷаҳои рушди ҳар як соҳаи саноати нассоҷӣ ва коркарди пахта дақиқан инъикос ва таҳлил гардида, инчунин самтҳои рушди онҳо муайян шудаанд.

2. ТАҲЛИЛИ СОҲА, ҲОЛАТИ КУНУНӢ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ СТРАТЕГИЯ

§1. Тухмипарварии пахта

4. Барои тақвияти фаъолияти тухмипарварӣ дар ҷумҳурӣ 90 хоҷагии махсуси тухмипарварӣ фаъолият дорад, ки ба минтақа ва хоҷагиҳои махсуси истеҳсолкунандаи тухмии зироатҳои кишоварзӣ шомил мебошанд.

5. Майдони умумии заминҳои хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ 159883,6 гектарро ташкил дода, заминҳои корами обӣ дар он 39849,1 гектарро ташкил медиҳанд. Тибқи натиҷаҳои таҳлили нишондиҳандаҳои хоҷагиҳои тухмипарварӣ соли 2022 дар майдони 15711,2 гектар кишти тухмӣ гузаронда шуда, боқимонда заминҳо ба аъзою саҳмдорон ва деҳқонони дигар ба иҷора дода шудаанд.

6. Коркарди пахта то ба маҳсулоти ниҳоӣ имрӯз дар марҳилаи эҳёву барқарорсозӣ қарор дошта, дар назар аст, ки минбаъд бо вусъат ёфтани сармоягузорӣ, ташаккулу такмили сохтор ва таҷдиди фондҳои асосӣ ҷараёни рушди он ба сатҳи нав хоҳад расид.

7. Таҳлили соҳаи кишоварзӣ нишон медиҳад, ки ҳосилнокии баланди пахта аз мукаммалгардонии корҳои селексионию тухмипарварӣ, ҷорӣ намудани навъҳои серҳосилу тезпазаки ба касалиҳо ва ҳашаротҳои зараррасон тобовар вобастагии калон дорад. Субъектони истеҳсоли пахта навъҳоеро мехоҳанд парвариш кунанд, ки имконияти аз як гектар ҳарчи зиёдтар ҳосил гирифтан бошаду, нишондиҳандаҳои асосии он ба нархи фурӯши маҳсулоти тайёр таъсири мусбӣ расонанд.

8. Ба роҳ мондани фаъолияти комилан пурраи субъектҳои саноатии коркарди маҳсулоти пахта дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва истифодабарии самараноки он бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли пахта ва коркарди пурраи он дар дохили кишвар метавонад Тоҷикистонро аз мамлакати содиркунандаи нахи пахта ба кишвари дорои иқтидори коркардкунанда то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии арзиши баланддошта табдил диҳад. Дар ин росто, мушкилии мубрам ин норасоии сармояи дохилию хориҷӣ ва нарасидани мутахассисони зарурӣ ва қарзҳои калон, ки боиси аз кор мондани корхонаҳо мегардад мебошад.

9. Баҳри рушди соҳа, таьмини ҳифзи манфиатҳои истеҳсолкунандагони пахта ва сармоягузорон, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли пахта, беҳтар намудани сифати он, самаранокии содироти нахи пахта, андешидани як қатор тадбирҳо зарур мебошад, аз ҷумла:

- риояи талаботи ҷамъоварӣ ва хушк намудани пахта дар саҳро;

- ҳангоми фурӯш пурра ба инобат гирифтани нишондиҳандаҳои пахта аз рӯйи нишондиҳандаҳои асосӣ тибқи тартиби муайянкунии нархи пахта;

- иштироки ҳатмии намояндаи субъекти хоҷагии пахтакор дар вақти қабули пахта;

- ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои тухмипарварӣ;

- барқарор намудани коргоҳҳои сайёр оид ба безараргардонӣ, заҳролудкунӣ ва нархгузории чигити тухмӣ;

- таъмин намудани озмоишгоҳҳои санҷиши сифати чигити тухмӣ бо таҷҳизоти нав;

- омӯзондани мутахассисони соҳа дар хориҷи кишвар;

- ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар корхонаҳои коркарди аввалияи пахта.

§2. Равандҳои агротехнологӣ зимни коркарди пахта

10. Соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, барои ноил шудан ба ҳадафҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва шуғли аҳолии деҳотҷойҳо ва дар ин замина рушди иқтисодиёти кишвар, комплекси саноатӣ, махсусан дар пахтакорӣ ва тавассути он коҳишёбии сатҳи камбизоатии аҳолии деҳот ба таври назаррас аз кори муътадили соҳаи беҳдошти замин вобастагӣ дорад, мусоидат мекунад.

11. Аз рӯйи маълумотҳо ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 763468 гектар заминҳои обёришаванда мавҷуд мебошанд. Дар миқёси ҷумҳурӣ таъминоти обёрии 471,3 гектар замин бо наҳрҳои худҷоришаванда ва 292,1 гектар бо ёрии пойгоҳҳои обкашӣ амалӣ карда мешавад. Бо мақсади таъмини мунтазами обёрӣ ва дар ҳолати хуби беҳдоштӣ нигоҳ доштани заминҳо дар ҷумҳурӣ 31,0 ҳазор км наҳрҳо, 12,0 ҳазор км шабакаи заҳбурии заҳкашҳо, 393 пойгоҳи обкашӣ бо 1516 дастгоҳ, 505 чоҳи амудии беҳдоштии замин иборат буда, барои танзими равиши обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ истифода бурда мешаванд. Оғози истифодабарии иншоотҳои мазкур солҳои 1940-1960-ро дар бар гирифта, муҳлати истифодабарии онҳо 3-4 маротиба аз меъёр зиёд гузаштааст ва дараҷаи фарсудаву хӯрдашавии онҳо ба фаъолияти соҳа таъсири манфии худро расонида истодааст.

12. Дар соли 2023 аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо 55280 истифодабарандаи об барои обёрии майдони 548273 гектар замин, аз ин 186000 гектар майдони кишти пахта шартномаи таъмини об ба имзо расонда шуда, ба ҳолати 20 майи соли 2023 хоҷагиҳои деҳқонӣ ба миқдори 648,1 млн м3 об бо арзиши 12,6 млн сомонӣ таъмин шуда истодаанд.

13. Ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати беҳдошти заминҳои шӯр ва ҳолати мелиоративии онҳо дар давоми соли 2023 дар тамоми минтақаҳои кишвар гузаронидани корҳо оид ба беҳгардонии ҳолати мелиоративии 9602 гектар заминҳои кишоварзӣ бо маблағи 10,1 млн сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

§3. Паркҳои техникии соҳаи пахтакорӣ

14. То ташкил шудани хоҷагиҳои деҳқонӣ дар кишвар колхозу совхозҳо мунтазам фаъолият доштанд, ки дар идораи онҳо паркҳои техникӣ мавҷуд буданд ва истифодаю нигоҳдорӣ карда мешуданд.

15. Баъди ба хоҷагиҳои деҳқонӣ тақсим кардани заминҳои собиқ колхозу совхозҳо дар бисёри онҳо техникаи муосир барои коркарди замин харидорӣ карда шуда, ҳосилнокӣ ва нигоҳубини замин беҳтар гардонида шуда истодааст, аммо он то ҳол ба талаботи замон ҷавобгӯ намебошад.

16. Бинобар дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ нагардидани корҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳо дар паркҳои техникӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳои кишвар онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

17. Сабаби асосии ин омилҳо, дар хоҷагиҳои пахтакории кишвар мавҷуд набудани маблағи гардон ба ҳисоб рафта, бинобар он ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

18. Бо мақсади ба танзим даровардани паркҳои техникии соҳаи пахтакории кишвар, аз ҷумла хоҷагиҳои тухмипарварии шаҳру ноҳияҳое, ки паркҳои техникии онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, аз шабака баровардани идоракунии онҳо ва ба Маҷмааҳои сохташавандаи нассоҷии коркарди пахта вобаста намудани онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

19. Чунин ҳолат ва тарзи корбарӣ дар кишварҳои ҳамсояи дуру наздик ба роҳ монда шудааст, ки дар натиҷа ҳолати вазъи паркҳои техникии соҳаи пахтакорӣ ба танзим дароварда шуда, техникаҳои зарурии муосир барои рушди пахтакорӣ ворид карда шудаанд ва ин ба ҳосилнокии кишти пахта таъсири мусбии худро мерасонад. Илова бар ин, истифода бурдани маблағҳои грантӣ дар ин самт муҳим арзёбӣ мегардад.

20. Ҳолати мавҷудаи аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки то ҳол техникаҳои давраи шӯравиро истифода мебаранд, беҳбудиро тақозо намуда, фаъолияти минбаъдаи онҳо бояд аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳа таҳлил карда шавад.

21. Дар кишварҳои ҳамсоя, ки соҳаи пахтакорӣ ва нассоҷӣ рушд ёфта истодааст, истифодабарии ҳавопаймоҳои бесарнишин (дронҳо) ҷиҳати обёрӣ намудани майдонҳои пахта ва таъмини заминҳои кишт бо нуриҳои минералӣ ба роҳ монда шудааст.

§4. Коркарди пахтаи хом, истеҳсол, содироти нахи пахта ва ресандагӣ

22. Дар соли 2017 аз 110669,5 тонна нахи пахтаи истеҳсолгардида бо дар назар доштани боқимондаҳои он ба ҳисоби миёна 78377,8 тонна содирот карда шудааст, ки 70,8 дарсад нахи пахтаро ташкил додааст.

23. Ҳаҷми содироти ресмони пахтагин дар соли 2017 15528,3 тоннаро ташкил додааст, ки ин ба ҳисоби миёна ба 18630 тонна нахи пахтаи коркардшуда баробар буда, аз ин 13661,4 тонна нахи пахтаи дар соли 2017 коркардшуда ҳамчун захира дар анборҳо боқӣ мондааст.

24. Дар соли 2018 истеҳсоли нахи пахта ба 98512,3 тонна расида бошад ҳам, аммо аз ин бо дар назар доштани захираи солҳои қаблӣ ба миқдори 95343,8 тонна нахи пахта содирот карда шудааст.

25. Ҳаҷми содироти ресмон ва матои пахтагин дар соли 2018 коҳиш ёфтааст, ки сабаби асосии он баланд будани арзиши ресмони пахтагин дар ҷумҳурӣ нисбат ба дигар кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, содироти нахи пахта афзун гардидааст. Новобаста ба ин, аз 102517,5 тонна нахи пахтаи истеҳсолшуда, бо дарназардошти захираи солҳои гузашта дар ҳаҷми 95 ҳазору 913,7 тонна нахи пахта содирот карда шудааст.

26. Дар соли 2019 майдони кишти пахта 185671 гектарро ташкил дода, аз он 403008 тонна ашёи хом-пахта ҷамъоварӣ ва истеҳсол карда шуда буд, ки ба ҳисоби миёна ҳосилнокӣ ба 22 сентнер/гектар баробар гардидааст.

27. Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 аз ҷониби корхонаҳои коркарди пахтаи кишвар (пахтатозакунӣ) ба миқдори 101 ҳазору 524,1 тонна нахи пахта бо дар назар доштани омилҳои соли 2019 истеҳсол гардида, дар соли 2020 бо дарназардошти захираи солҳои қаблӣ ҳаҷми содироти нахи пахта ба 100126,9 тонна баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2019 ба миқдори 4213,2 тонна зиёд, вале содироти ресмони пахтагин ба миқдори 913 тонна кам шудааст.

28. Дар соли 2021 аз рӯйи маълумоти оморӣ 99 ҳазору 100 тонна нахи пахта истеҳсол гардида, бо дарназардошти захираи солҳои қаблӣ 100,9 ҳазор тонна нахи пахта содирот карда шудааст.

29. Дар соли 2022 бо дарназардошти соли қаблӣ аз ҷониби корхонаҳои пахтатозакунии калон ва хурд ба миқдори 127141 тонна нахи пахта истеҳсол карда шудааст, ки аз ин истеҳсоли нахи пахтаи соли 2022 ба 89370 тонна баробар мебошад. Аз рӯйи меъёри ҳосили пахтаи ҷамъоварикардашуда, ба ҳисоби миёна 86400 тонна ашёи хоми пахта дар анборҳои корхонаҳои пахтатозакунӣ боқи мондааст.

30. Дар ин давра ба миқдори 81459 тонна нахи пахта содирот карда шудааст, ки нисбат ба соли 2021 16391 тонна кам, содироти ресмони пахтагин ба 12774 тонна баробар шудааст, ки нисбат ба соли 2021 6790,5 тонна кам содирот гардидааст.

§5. Омилҳои паст кардани арзиши аслии ресмони пахтагин ва маҳсулоти дигари пахтагин нисбат ба кишварҳои ҳамсоя

31. Омили асосии дар корхонаҳои ресандагии кишвар кам коркард шудани нахи пахта ин кам будани талабот нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ва арзиши аслии пасти маҳсулоти истеҳсолшуда аз ҳисоби неруи барқ ба ҳисоб меравад, ки он хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

32. Арзиши 1 кВт.соат неруи барқи содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя 2,8 сенти ИМА-ро ташкил медиҳад. Барои корхонаҳои нассоҷии вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии ӯзбекистон бошад, арзиши барқ бо дар назар доштани андоз аз арзиши иловашуда ба 3 сенти ИМА (35 дирам ба нархи имрӯза) рост меояд.

33. Арзиши 1 квт соат неруи барқ бо дар назар доштани андоз аз арзиши иловашуда барои корхонаҳои нассоҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, зиёда аз 6,9 сенти ИМА-ро ташкил медиҳад, ки бо чунин истеҳсолоти хароҷоташ зиёди маҳсулоти нассоҷӣ нархи онро нисбат ба кишварҳои ҳамсоя боло мебарад.

34. Таъсири хароҷоти неруи барқ ба арзиши аслии маҳсулоти ресандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 15 дарсад рост омада, дар кишварҳои ҳамсоя ҳамагӣ 3-5 дарсади арзиши аслии онро ташкил медиҳад.

35. Хароҷоти неруи барқ барои як тонна ресмони пахтагин дар коргоҳи ҳалқаресӣ 4067 кВт.соат буда, маблағи он барои як тонна 2645 сомонӣ ва арзиши неруи барқ ба нархи як тонна ресмони пахтагин 13,1 дарсадро ташкил дод. Дар коргоҳи пневморесандагӣ харҷи неруи барқ барои як тонна ресмон 2135 кВт.соатро ташкил дода, маблағи он барои як тонна 1388,8 сомониро дар бар гирифт ва ҳамзамон арзиши неруи барқ дар таркиби хароҷот барои истеҳсоли як тонна ресмон 6,9 дарсадро ташкил дод. Арзиши содироти 1 тонна ресмони пахтагин ба ҳисоби миёна 20236 сомониро ташкил додааст.

36. Бо мақсади дастгирии соҳаи саноати сабук дар аксари кишварҳо имтиёзҳои ҳавасмандкунии гуногун, ба мисоли пешниҳоди қарзҳои бонкӣ бо андозаи фоизи нисбатан паст, таъмини неруи барқ бо нархи имтиёзнок, имтиёзҳои андозӣ ва ғайра роҳандозӣ мегардад, ки ҳангоми таъсис ва бакорандозии иқтидорҳои нави истеҳсолии соҳаи саноат, ҷойҳои кории нав, ҳаҷми истеҳсолот ва содироти маҳсулот зиёд гардида, субсидияҳои пешниҳодшудаи давлатӣ бошад, аз ҳисоби пардохтҳо бевосита бозпас гардонда мешаванд.

37. Ҳангоми то 50 дарсад паст намудани нархи хароҷоти неруи барқ, арзиши он 0,36 сомонӣ ҳисоб карда мешавад. Масалан, дар солҳои пешин хароҷоти неруи барқ барои як тонна ресмони пахтагин дар коргоҳи ҳалқаресӣ 4067 кВт.соат буда, маблағи он барои як тонна 2023,0 сомониро ташкил медод ва арзиши неруи барқ барои истеҳсоли як тонна ресмони пахтагин то 12 дарсад баробар мегардид.

38. Хароҷоти неруи барқ барои як тонна ресмони пахтагин дар коргоҳи пневморесӣ 2135 кВт.соатро ташкил карда, маблағи он барои як тонна 883,0 сомониро дар бар мегирифт ва арзиши неруи барқ барои як тонна ресмони пахтагин то 6,5 дарсадро ташкил медод.

39. Бо баробари 50 дарсад паст шудани арзиши неруи барқ маҳсулоти нассоҷӣ рақобатпазир шуда, ба буҷети ҷумҳурӣ маблағҳои иловагӣ ворид ва ҳаҷми сармоягузориҳои нав дар рушди соҳаи нассоҷӣ ва ҷойҳои кории нав зиёд мегардад.

40. Бо мақсади бунёди 5 маҷмааи коркарди нахи пахта то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва дастгирии соҳаи саноати сабук дар давраи амалишавии ҳадафи чоруми стратегияи миллӣсаноатикунонии босуръати кишвар, паст намудани арзиши неруи барқ ва то ба меъёрҳои арзиши неруи барқи кишварҳои ҳамсоя баробар намудани он ба манфиати иқтисодиёти кишвар дуруст хоҳад буд.

41. Ба роҳ мондани имтиёзҳои иловагӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи саноати сабук чораҳои судманди саривақтӣ ба ҳисоб меравад ва дар ҳолати мусбат арзёбӣ гардидани пешниҳоди болозикр рушди соҳа ва рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ нисбат ба маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад.

§6. Нассоҷӣ, коркарди нахи пахта, истеҳсоли ресмони пахтагин, риштаи омехта, бофандагӣ ва дӯзандагӣ

42. Бо мақсади ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ё ин ки сохтмонашон нотамом ва миллигардонидашудаи ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсиррасонанда, барқарор кардани онҳо тавассути сармояи дохилию хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.

43. Айни замон дар ҷумҳурӣ 116 корхонаи калони пахтатозакунӣ бо иқтидори коркарди 2,0 млн тонна ашёи хоми пахта ба қайд гирифта шудааст. Аз ин теъдод 60-тои он бо дастгоҳу таҷҳизоти аз давраи шуравӣ меросмонда ва 56-тои он бо таҷҳизоти барқии каммасрафи замонавӣ таъмин гардидаанд.

44. Сабаби камшавии содироти маҳсулоти нассоҷӣ дар соли 2022 ин зиёд будани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшуда нисбат ба давлатҳои ҳамсоя ба ҳисоб меравад.

45. Маҳсулоти асосии соҳаи саноати сабук нахи пахта ба ҳисоб рафта, коркарди пурра ва то ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ расондани он самаранокии иқтисодии бештар дорад. Чунин омил ба фоиданокӣ ва афзоиши даромаднокии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои саноати коркард мусоидат менамояд.

46. Раванди истеҳсолот нишон медиҳад, ки дар дохили мамлакат пурра коркард ва ба маҳсулоти тайёр табдил додани ашёи хом нисбат ба содироти ашёи хом самаранокии бештари иқтисодӣ дорад. Дар ин робита, коркарди 1000 тонна нахи пахта дар корхонаҳои саноати сабуки ҷумҳурӣ мавриди таҳлил қарор дода шуда, маълум гардид, ки аз 1000 тонна нахи пахта 900 тонна риштаи пахтагин истеҳсол шуда, он барои коркарди минбаъда ҷиҳати истифодабарӣ дар самтҳои истеҳсоли матои дурушт (502 тонна), корхонаҳои ҷӯроббофӣ (8 тонна) ва содирот (390 тонна) истифода мешавад. Аз ин миқдор (502 тонна) истеҳсоли маҳсулот дар шакли аслии матоъҳои пахтагин 3,36 миллион метри мураббаъ, маҳсулоти ҷӯроббофӣ 0,2 миллион ҷуфт ва дӯзандагӣ (шартан) 0,1 миллион маҷмуи рахти хобро ташкил медиҳад.

47. Ҳамасола пеш аз мавсими пахта Иттиҳодияи истеҳсолии пахта ва нассоҷии Тоҷикистон хароҷоти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои пахтатозакунӣ, арзиши аслии пахта ва нуриҳои минералӣ, низоми андозбандӣ ва логистикаро асосан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода, ҷиҳати ҳамоҳангии фаъолияти онҳо тадбирҳоро меандешад. Ҳамчунин ҷиҳати дастрасӣ ба қарзҳо бо фоизи пасттар аз ҳисоби бонкҳои давлатӣ ва пешниҳоди сабукиҳои андозӣ барои истеҳсолкунандагон мусоидат карда мешавад.

48. Бо мақсади амалӣ намудани мониторинги раванди коркард ва содироти пахта санҷиши низоми додани иҷозатнома бо дар назар доштани мавҷудияти иқтидорҳои истеҳсолӣ аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

49. Корхонаҳои пахтатозакуниро зарур аст, ки ҳамкориро бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои пахтакории кишвар ба роҳ монда, ҷиҳати сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ бо чигити тухмии аълосифати элита ва репродуксияи 1 ва 2 бояд чораандешӣ намоянд.

50. Норасоии ашёи хоми кишоварзӣ барои боло бурдани суръати афзоиши истеҳсолот ва истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноати коркард монеаҳои зиёд ба вуҷуд оварда, бинобар таъминоти нокифояи он ва баланд будани арзиши аслии маҳсулоти нассоҷӣ истеҳсолу коркарди нахи пахта нисбат ба кишварҳои дигар дар ҳолати таназзули тӯлонии иқтисодӣ қарор доранд.

51. Корхонаҳои хурди пахтатозакунии дорои раванди технологии нодуруст бо маҳсулоти пастсифати аз нахи пахта истеҳсолнамудаи онҳо, ки дар корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ ва ресандагӣ истифода мешавад, сифати нахи пахта ва ресмони пахтагини ватанӣ, ҳамзамон арзиши онҳоро дар бозори ҷаҳонӣ паст мегардонад.

52. Тибқи дурнамо то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли равғани растанӣ 80 ҳазор тонна пешбинӣ шуда, барои истеҳсоли ин нишондод 400 ҳазор тонна чигити техникӣ зарур аст, ки он аз 800 ҳазор тонна пахта ба даст меояд. Аммо дар ҷумҳурӣ дар айни замон 200-250 ҳазор тонна чигит истеҳсол карда мешавад, ки ба фаъолияти 5-моҳаи корхонаҳо рост меояд. Аз моҳи март то сентябр аксарияти корхонаҳо, новобаста ба доштани имконияти иқтидори истеҳсолии равғанбарории ҷумҳурӣ, ки тибқи он корхонаҳо метавонанд дар як сол то 800 ҳазор тонна чигити техникиро коркард намоянд, бинобар норасоии ашёи хом фаъолият намекунанд. Бо ин мақсад фаъолияти корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ ҷиҳати қабули ашёи хоми пахта манъ карда шуда, дар Стратегия оид ба баланд бардоштани ҳосилнокии замин бо усули нав дар давоми 10 сол чораандешиҳо пешбинӣ карда шудааст.

53. Дар нақшаи тиҷоратии лоиҳаи шаш маҷмааи нассоҷии коркарди ниҳоии пахтаи саноатӣ, бунёди коргоҳи равғанбарорӣ ҷиҳати коркарди пурраи ашёи хоми пахта дар назар дошта шудааст.

54. Дар дурнамоҳои марҳилаҳои мухталиф (кутоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат) ва усулҳои амалигардонии ин дурнамоҳо инъикоси ҳамаи ин дар назар аст ва мавқеи пешбарандаи соҳаи саноат бояд аз ҳисоби баланд бардоштани суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар ҳамоҳангӣ бо суръати баланди рушди саноати коркард нисбат ба саноати истихроҷ таъмин гардад.

55. Саноати нассоҷӣ, ки дар натиҷаи амалишавии Стратегияи мазкур ташаккул ва такмил меёбад, хусусиятҳои зеринро доро хоҳад буд:

- такя ба захираи пуриқтидори ашёи хоми дохилӣ;

- саноати миллӣ бо дараҷаи баланди рушди маҳсулоти истеҳсолшаванда фарқ карда, мавқеи асосиро бояд дар такмили сохтори содироти маҳсулоти тайёр ва хизматрасониҳои саноатӣ соҳиб гардад;

- соҳаи саноат дар оянда то ҳадди ниҳоӣ вазъи ҷории демографиро ба инобат хоҳад гирифт. Дар сохтори он бахшҳои душвору заҳматталаб, ки қобили фарогирии теъдоди зиёди захираҳои меҳнатӣ мебошанд, густариш хоҳанд ёфт;

- корхонаҳои саноати нассоҷии коркарди ниҳоии пахта дар бозори дохилию хориҷӣ хусусиятҳои бештар устувори рақобатпазириро пайдо мекунанд.

56. Дар ҷумҳурӣ 7 корхона (Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди истеҳсолии "Нассоҷии Тоҷик", Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нассоҷии Хуҷанд", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Косибон", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Раҳимов АА", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҷавонӣ" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сатн") ба истеҳсоли матои пахтагин машғул мебошанд, ки иқтидори истеҳсолии онҳо ба 115 млн метри мураббаъ дар як сол баробар аст.

57. Аз 7 коргоҳи бофандагии кишвар 2-тои он (Ҷамъияти дорои масъулияти Маҳдуди "Ҷавонӣ" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сатн") 99 дарсади маҳсулотро барои эҳтиёҷоти дохилӣ равона месозад, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Итиҳоди истеҳсолии "Нассоҷии Тоҷик" дар давраи фаъолият қисми зиёди дастгоҳу таҷҳизоти давраи шӯравиро ба дастгоҳу таҷҳизоти муосир иваз намудааст, вале Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нассоҷии Хуҷанд" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Косибон" бошанд, бо таҷҳизоти давраи шӯравӣ фаъолият доранд.

58. Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" маҷмааи нассоҷии навтаъсис буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосир ворид ва васлу насб гардидааст. Баробари ба истифода додани коргоҳи бофандагӣ содироти матои пахтагини кишвар дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 4 маротиба афзоиш ёфтааст.

59. Матои пахтагин дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҷавонӣ" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Сатн" истеҳсол ва ранг шуда, барои дӯхти маҳсулоти тайёр ва ҳамзамон барои иҷрои фармоишҳои аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо воридшаванда истифода мегардад.

60. Истеҳсолоти муосири нассоҷӣ ба истеҳсоли навъҳои гуногуни маҳсулоти нассоҷӣ ҷиҳати тайёр намудани либосҳои гуногунтаъинот, аз ҷумла барои мақсадҳои фоиданок ва эстетикӣ, либосҳои махсуси муҳофизатӣ ва барои истифода дар истеҳсолот равона шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти бофандагӣ танҳо аз ашё ва маводи табиӣ, ба истиснои пашм истеҳсол мешаванд. Дар баробари ин, барои истеҳсоли матоъҳои омехтаи баландсифати муосиру техникӣ иқтидорҳои зарурӣ вуҷуд надоранд.

61. Қафомонии технологии аксарияти корхонаҳои саноати бофандагӣ аз сабаби нисбатан паст будани шароити ҳосилнокии меҳнат ва истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагӣ кам мебошад.

62. Ҷӯроббофӣ яке аз соҳаи муҳимми саноати бофандагӣ ба ҳисоб рафта, дар давоми марҳилаи якуми амалишавии Стратегия иқтидори истеҳсолии онҳо ба зиёда аз 100 миллион ҷуфт дар як сол расонида мешавад, ки барои таъмин намудани талаботи аҳолӣ бо ҷӯроб имконият медиҳад.

63. Саноати дӯзандагии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳоеро, ки тамоми намуди маҳсулоти дӯзандагӣ ва инчунин лавозимоти гуногунро барои либос истеҳсол мекунанд, дар бар мегирад. Дар давраи солҳои 2017-2022 истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ то 70,5 дарсад афзоиш ёфта, ҳаҷми маблағҳои фурӯши он аз 231,0 млн сомонӣ то ба 394,0 млн сомонӣ расидааст. Корхонаҳои вилояти Суғд 72,7 дарсад, вилояти Хатлон 12,8 дарсад, шаҳри Душанбе 11,8 дарсад, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1,4 дарсад ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1,2 дарсади маҳсулотро аз ҳаҷми умумии маҳсулоти дӯзандагӣ истеҳсол менамоянд.

64. Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна дар соли 2022 зиёда аз 2,0 милион нафарро ташкил дод, ки он аз имконияти воқеӣ дар самти мунтазам фаъолият намудани корхонаҳои дӯзандагӣ бобати таъминот бо либоси мактабӣ гувоҳӣ медиҳад.

65. Дар миқёси ҷумҳурӣ корхонаҳои дӯзандагии дорои таҷрибаи бойи истеҳсолӣ, технология, мутахассисон ва сертификати мутобиқат мавҷуд мебошанд, ки иқтидори онҳо барои ба пуррагӣ таъмин намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва миёна бо либоси мактабӣ кофӣ аст.

66. Дар зерсоҳаҳои кешбофӣ, ҷӯроббофӣ, дӯзандагӣ, абрешимбофӣ ва маҳсулоти пахтагин 18 ҳазор нафар фаъолият менамояд, ки 85 фоизи онро занону духтарон ташкил медиҳанд.

§7. Сиёсати сармоягузорӣ

67. Ҷалби сармоя ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ҳамчун манбаи таъмини гуногунсамтии он ва таҳкимбахшии рақобатпазирии кишвар хеле муҳим дониста мешавад ва асоси онро татбиқи суботи иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

68. Дар баробари мавҷудияти ҷолибияти сармоягузорӣ, бояд чунин шарту шароит ва заминаҳои мусоидат дар кишвар бахусус, дар минтақаҳои алоҳидаи он муҳайё карда шаванд, ба мисли:

- вазъи муътадили сиёсӣ;

- мавҷудияти санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои саноатӣ;

- захираҳои ашёи хом;

- мавҷудияти инфрасохтор (таъминот бо барқ, мавҷудияти роҳи оҳан ва ғайра);

- дастрасӣ ба бозори истеъмолӣ;

- мавҷудияти заминаи истеҳсолӣ (натиҷаҳои маҷмуии иқтисодии аҳолӣ дар минтақа);

- сатҳи шуурнокӣ (зеҳният);

- сатҳи рушди институтсионалӣ (институтҳои иқтисоди бозорӣ);

- ҷойгиршавии ҷуғрофию иқтисодии минтақа.

69. Солҳои охир таваҷҷуҳи давлат ба рушди босуботи соҳаҳои саноати коркард нигаронда шуда, дар ин самт маҷмуи тадбирҳое низ андешида шудаанд, ки афзалиятнокии ин соҳаҳоро таъмин менамояд.

70. Тадбирҳои зерин низ бояд мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд:

- дастрасӣ ба қарзҳои дарозмуҳлати бонкӣ бо фоизҳои таъминкунандаи самаранокии истифодабарии ин қарзҳо, истифодабарии имкониятҳои Хазинаи дастгирии соҳибкорӣ ҷиҳати маблағгузории лоиҳаҳои сохтмони иншооти саноати нассоҷӣ;

- баланд бардоштани нуфузи коркунони корхонаи саноатӣ бо роҳи ба онҳо пешниҳод намудани музди меҳнати муносиб ва додани имтиёзҳои иҷтимоӣ, аз қабили бунёду пешниҳоди манзили истиқоматӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди ҳавасмандгардонии иқтисодии корхонаҳои саноатӣ (бо роҳи ҷорӣ намудани меъёрҳои одилонаи тақсим ва истифодабарии фоидаи софи корхонаҳои саноати нассоҷии коркарди пахта);

- ба корхонаҳои коркарди пурраи пахта ҷудо намудани қитъаҳои замин бо мақсади ташкили заминаи истеҳсолии ашёи хом;

- ҳавасманд намудани кишоварзон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ барои ҷамъоварӣ ва супоридани ҳосили пахта ба корхонаҳои коркард;

- пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои саноатии истеҳсолкунандаи маҳсулоти содиротӣ;

- ҳимояи манфиатҳои иқтисодии истеҳсолкунандагони ватанӣ бо роҳи муқаррар намудани квотаҳои мушаххас барои воридоти молу маҳсулоте, ки намунаҳои он дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол карда мешаванд;

- дарёфти бозорҳои нави ба фурӯш баровардани маҳсулоти нассоҷӣ аз ҳисоби намояндагиҳои дипломатӣ ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар кишварҳо ва бо ин васила таъсиси сохтори нав оид ба дарёфти харидорони маҳсулоти нассоҷии ватанӣ;

- пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва дигар чорабиниҳо.

71. Бо мақсади зиёд намудани ҷалби сармоя барои истеҳсолоти афзалиятнок Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати пурзӯр намудани ҳифзи манфиатҳои саҳмиягузорон тадбирҳои зеринро амалӣ менамояд:

- ҷорӣ намудани системаи содакардашудаи бақайдгирии корхонаҳо;

- аз андози арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани таҷҳизоти технологии воридшаванда бо мақсади таъсиси истеҳсолоти нав, ҳамаи намуди ашёи хом, фондҳои асосии нопурра ва пуррагардонии истеҳсолот;

- содагардонии расмиёти иҷозатномадиҳӣ ба ҳамаи намудҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайраҳо.

72. Амалишавии бомуваффақияти Стратегия, бахусус баланд бардоштани маҳсулнокии истеҳсолот, аз истеҳсолоти дорои технологияи пешрафта ва имконоти истеҳсоли маҳсулоти дар асоси коркардҳои илмию инноватсионӣ тавлидшуда вобастагӣ дорад.

73. Дар мамлакатҳое, ки саноати нассоҷии рушдёфтаи коркарди пахтаро ба пуррагӣ доро мебошанд, дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳои нав, ташкили илмии истеҳсолот, такмили маҳорату таҷрибаи мутахассисону истеҳсолкунандагон ҳамчун омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот дониста мешавад ва таъмини то 50 дарсад афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва беҳгардонии сифати молу хизматрасонӣ, мавриди дастгирии ҳаматарафа қарор дода мешавад.

74. Дар доираи амалишавии Стратегияи мазкур бо дарназардошти сармояи дохилию хориҷӣ ҷалби зиёда аз 2,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ мешавад.

4. ҲАДАФ, ВАЗИФА ВА САМТҲОИ СТРАТЕГИЯ

75. Ҳадафҳои асосии Стратегия:

- таъмини рушди устувори мамлакат аз ҳисоби гуногуннамудии соҳаҳои саноати нассоҷӣ, тағйир додани мақоми соҳаи саноат аз соҳаи истеҳсолкунанда ба содиркунандаи ашёи хом;

- баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ;

- қатъи раванди ғайрисаноаткунонии иқтисодиёт дар самти суръатафзоии рушди саноати нассоҷӣ ва аз кишвари агросаноатӣ ба индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон;

- аз байн бурдани ақибмонии техникӣ, технологӣ ва иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёт бо сатҳи миёнаи рушд;

- ба раванди ҷаҳонишавии иқтисодӣ ҳамроҳ гардонидани саноати сабуки мамлакат, ноил шудан ба рақобатпазирии баланди маҳсулоти соҳа дар бозорҳои хориҷи кишвар.

76. Вазифаҳои асосии Стратегия:

- суръатбахшии устувори рушди саноати нассоҷии коркарди ниҳоии пахта нисбат ба соҳаҳои бахши воқеии иқтисодиёти кишвар;

- мунтазам баланд бардоштани самаранокии иқтисодии соҳа, афзун гардонидани ҳосилнокии меҳнат ва даромаднокии сармояву захираҳои он;

- таъмини фазои солими сармоягузорӣ, тадриҷан васеъ гардонидани доираи сармоягузории дохилию хориҷӣ;

- суръатбахшии навсозии фондҳои асосӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии онҳо, таҷдиди таҷҳизоти техникии корхонаҳои саноати нассоҷӣ, коҳиш додани талабот ба барқ дар истеҳсолот;

- кам намудани арзиши неруи барқ дар корхонаҳои ресандагӣ ва баробарии нисбатан бо давлатҳои ҳамсоя, ки рушди соҳаи нассоҷӣ дар онҳо ба назар мерасад;

- ба таври мақсаднок ва тадриҷан баланд бардоштани вазни қиёсии маҳсулоти ниҳоӣ дар таркиби маҷмуи маҳсулоти саноатӣ;

- ҳифзи манфиатҳои иқтисодии субектҳои фаъолияти саноатӣ дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ;

- афзалият додан ба дигаргунсозии куллии сохторӣ, аз ҷумла тағйир додани самти фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ба талаботи тағйирёбандаи иқтисодиёти бозаргонӣ;

- ҷорӣ намудани навовариҳои техникию технологӣ дар истеҳсолоти саноати нассоҷӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид ҷиҳати фарогирии васеи корхонаҳо ба раванди татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияҳои муосир;

- васеъ намудани иштироки бахши хусусӣ дар иқтисодиёт, ба вуҷуд овардани соҳибкории истеҳсолии саноатии пешрафтаи миллӣ дар мамлакат;

- ташкили муҳити мусоиди меъёрию техникӣ бо мақсади таъмин намудани рақобатпазирии маҳсулот, гузариш ба стандартҳои байналмилалии сифат;

- мутобиқ намудани корхонаҳои нави сохташавандаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ (лифтҳои борбардор, 2 баромадгоҳ дар ҳар коргоҳ, нуқтаҳои тиббӣ ва оташнишонӣ, анборҳои муосир, риояи талаботи вақти корӣ, бунёди ошхона ва кӯдакистон дар назди корхонаҳо)

- такмили низоми омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон барои соҳаҳои саноати нассоҷӣ;

- таъмини ҳамкории мутақобилан судманд байни корхонаҳои саноати нассоҷӣ ва бахши молиявии иқтисодиёт.

77. Саноати нассоҷии коркарди ниҳоии пахтаи Тоҷикистон зиёда аз 11 самти истеҳсолотро дар бар мегирад, ки онҳо ба соҳаҳои зерин мансуб мебошанд:

- тайёр намудани заминҳои пахта ва омӯзиши мутахассисони агросаноатӣ;

- истифодаи мақсадноки заминҳои мелиоративӣ;

- дастрасӣ ба тухмии босифат-корхонаҳои коркарди маҳсулоти саноати истихроҷ, маҳсулоти нимтайёр, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ашёи дигар;

- гузариш ба стандартҳои байналмилалии коркарди пахта ва нассоҷӣ;

- таъмини саривақтии нахи пахта ба корхонаҳои коркард;

- коҳиш додани арзиши аслии маҳсулот нисбат ба кишварҳои ҳамсоя;

- зиёд намудани маҳсулоти воридотивазкунандаи нассоҷии рақобатпазир;

- ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ;

- ташкили занҷираи истеҳсолӣ;

- мутобиқ намудани корхонаҳои дӯзандагӣ ба талаботи брендҳои ҷаҳонӣ;

- аз ҳисоби квотаҳои Президентӣ барои таҳсил ва омӯзиш ба давлатҳои хориҷии пешрафтаи соҳаи нассоҷӣ равонасозии мутахассисони маҳаллӣ, донишҷӯён, докторон ва магистрантон.

78. Дар натиҷаи гузариши иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба усулҳои хоҷагидории бозаргонӣ дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ, як қатор корхонаҳои саноати сабук ба ҷамъиятҳои саҳомӣ табдил ёфта, бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ корхонаҳои муштарак ва хусусӣ таъсис ёфтанд.

79. Боиси қайд аст, ки дар натиҷаи амалигардонии стратегияҳо ва барномаҳои соҳавии рушди иқтисодиёти кишвар имкон фароҳам гардид, ки самти дастгирии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон сол то сол беҳтар гардида, фаъолияти соҳибкорӣ дар самтҳои гуногун рушд ёбад.

80. Ба кишвар намудҳои ашёи хом, ба монанди моддаҳои рангкунанда ва риштаи дӯзандагии пахтагин, ки айни замон умуман дар дохили ҷумҳурӣ истеҳсол намегарданд, ворид карда шудаанд.

81. Корхонаҳои саноати нассоҷӣ, халтабарорӣ, коркарди пӯст аз хориҷи кишвар моддаҳои рангкунанда, маводи кимиёвӣ, риштаи дӯзандагӣ ва маводи дигари ёрирасонро ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ки истеҳсоли онҳо дар дохил ба роҳ монда нашудааст, инчунин барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ (сару либоси гуногун, ҷӯроб, дастпӯшак, чарм, пойафзол ва ғайра) ворид менамоянд.

82. Дар ҷумҳурӣ дастгоҳҳои зарурӣ барои истеҳсоли риштаи дӯзандагии пахтагин (рамзи молии 5204) мавҷуд нест. Айни замон ресмонҳои пахтагин (рамзҳои молии 5205-5207) аз ҷониби корхонаҳои ресандагии кишвар истеҳсол карда мешавад.

83. Дар соли 2020 ба миқдори 11 тонна ва ё бо маблағи 165,0 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дар соли 2021 ба миқдори 17 тонна бо маблағи 150,5 ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико риштаи дӯзандагӣ тибқи рамзи молии 5204 ба ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.

84. Бо дар назар доштани афзалиятнокии соҳа дар кишвар оид ба ташаккули заминаи захиравӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба талабот ба маҳсулоти саноати сабук, навсозии техникиву технологӣ, ҷалби сармоя ва зиёд намудани ҳаҷми коркарди нахи пахта дар дохили мамлакат як қатор чорабиниҳо ба амал бароварда шуданд.

85. Бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва иштироки ширкатҳои ватаниву хориҷӣ дар давоми 32 соли истиқлоли ҷумҳурӣ корхонаҳои бузурги бофандагӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин як қатор корхонаҳои амалкунанда аз нав таҷдид гардиданд. Аз ҷумла, корхонаҳои муштараки нассоҷиву бофандагӣ ва иттиҳодияҳои коркарди нахи пахта, ба мисли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди исстеҳсолии "Нассоҷии Тоҷик" Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Арвис Зелал текстил" (собиқ "Олим-Текстайлз"), Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нассоҷии Хуҷанд", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ҷавонӣ", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "САТН", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Нику-Хуҷанд", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Хима-Текстил", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Спитамен-Текстайл", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ресандаи Хатлон", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ресандаи Кӯлоб", Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Файзи Истиқлол-2011", фабрикаи ҷӯробу пайпоқи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ваҳдат Текстайл" ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Раҳимов А.А." маҳсулоте истеҳсол мекунанд, ки ба содирот равона карда шудааст. Иқтидори истеҳсолии корхонаҳои коркарди нахи пахтаи Тоҷикистон феълан зиёда аз 60 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол ташкил медиҳад.

86. Соҳаҳои бофандагӣ ва дӯзандагии саноати Тоҷикистон ҳамагӣ 10 дарсади талаботи бозори дохилиро таъмин менамоянд, ҳол он ки барои нигоҳдошти амнияти иқтисодии мамлакат ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ бояд на кам аз 30 дарсади эҳтиёҷоти бозори кишварро қонеъ гардонад.

87. Афзалиятнокии саноати сабук ба мавҷудияту дастрас будани ашёи хоми маҳаллӣ, вобастагӣ надоштан аз воридоти ашёи истеҳсолӣ, меҳнатталабии хоси мусоидаткунанда ба ташкили шумораи зиёди ҷойҳои корӣ ва қобилияту имконияти васеи бо маҳсулоти тайёр таъмин намудани аҳолӣ вобастагӣ дорад.

88. Дар давраи солҳои 2023-2026 нишондодҳои ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати нассоҷӣ аз 13 то 20 дарсад ва дар солҳои 2027-2033 то 30 дарсад афзоиш ёфта, тақрибан 90 дарсади фондҳои асосии соҳа таҳти навсозии технологӣ ва инноватсионӣ қарор хоҳанд гирифт.

89. Самтҳои асосии рушди саноати нассоҷӣ ин барқарорсозии ҳаҷми истеҳсолот дар корхонаҳои амалкунанда, бо дарназардошти баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат, пӯшонидани маблағҳои хароҷотӣ, беҳбудии сифат ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани хусусиятҳои истеъмолию техникии маҳсулот мебошад.

90. Дар даҳсолаи минбаъда (солҳои 2024-2033) бо мақсади таъминоти маҷмааи нассоҷии сохташаванда бо ашёи хоми пахта ва мутобиқ намудани раванди сохтмонӣ бо стандартҳои байналмилалӣ сохта ба истифода додани 6 маҷмааи нассоҷии коркарди ниҳоии пахта дар шаҳру ноҳияҳои зерини ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст:

- дар шаҳри Кӯлоб - маркази маҷмаа (ш.Кӯлоб, ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ ва Фархор);

- дар ноҳияи Қубодиён - маркази маҷмаа (ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритӯс ва Носири Хусрав);

- дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ - маркази маҷмаа (ноҳияҳои Ҷалолидини Балхӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ);

- дар шаҳри Душанбе - маркази маҷмаа (шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва Ваҳдат, ноҳияҳои Шаҳринав ва Рӯдакӣ);

- дар шаҳри Конибодом - маркази маҷмаа (шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Бобоҷон Ғафуров);

- дар ноҳияи Зафаробод - маркази маҷмаа (ноҳияҳои Зафаробод, Спитамен ва Ҷаббор Расулов).

91. Бо сабаби сол аз сол зиёд шудани корхонаҳои хурди пахтатозакунӣ ва пастсифат истеҳсол шудани нахи пахта, инчунин омехта намудани ин намуди маҳсулоти пастсифат бо нахи пахтаи корхонаҳои калони пахтатозакунӣ ва ресандагӣ, дар ҳолати содирот муаррифии пахтаи Тоҷикистон дар бозори беруна нуфузи худро аз даст дода, он натиҷаи кам содирот шудани нахи пахта ва зиёд боқӣ мондани захираи он дар анбори корхонаҳо маҳсуб меёбад.

92. Нахи пахтаи пастсифат таъсири худро ба сифати ресмони пахтагин расонда истодааст, ки дар натиҷа дастгоҳу таҷҳизоти ресандагӣ бекор меистанд.

93. Аз нигоҳи рушди соҳаи ресандагӣ зикр кардан бамаврид аст, ки 10-15 дарсади арзиши аслии ресмони пахтагинро хароҷоти неруи барқ ташкил медиҳад ва дар рақобатпазир гаштани маҳсулот дар бозори хориҷа нархи онҳоро коҳиш медиҳад.

94. Дар соли 2022 новобаста ба дастгоҳу таҷҳизоти муосир доштани Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" бинобар надоштани харидори доимӣ ба ресмони пахтагин захираи ресмони пахтагин аз 3,0 ҳазор тонна зиёд боқӣ мондааст, ки ин вазъият нигаронкунанда ва ташвишовар мебошад.

95. Баланд будани арзиши неруи барқ барои корхонаҳои ресандагӣ ба коҳиши рушди соҳа, ҷалби сармоягузорӣ дар ин самт ва истифодабарии иқтидорҳои он оварда, дар натиҷа кам шудани шуғлнокии аҳолӣ дида мешавад.

96. Истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ метавонад ба пастшавии назарраси ҳаҷми содироти нахи пахта ва мутаносибан афзун гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, ба таври назаррас зиёд шудани даромади корхонаҳо ва аҳолӣ мусоидат намояд.

97. Бо вуҷуди ин, сиёсати саноати нассоҷӣ дар давраи то соли 2024 бояд вазъи воқеиро вобаста ба масъалаҳои сармоягузорӣ, технологияҳои навтарин, захираҳои меҳнатӣ ва мушкилоти дигари соҳа пешбинӣ ва баррасӣ намояд.

98. Корхонаҳои муштарак дар мамлакат бо дарназардошти ворид намудани техника ва технологияи нав ба кишвар, ба таври васеъ паҳн намудани шаклҳои пешрафтаи ташкили истеҳсолот ва меҳнат, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ аз худ кардани усулҳои рақобати бозор ва пайдо намудани мавқеи устувори моли истеҳсоли ватанӣ дар бозори хориҷӣ бояд шаклҳои нави идоракунии истеҳсолотро таъсис ва ба роҳ монанд.

99. Ба муассисаҳои илмию тадқиқотии академиявӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилотии олию миёнаи техникӣ рушд додани соҳибкории илмию техникӣ бо роҳи таъсиси истеҳсолоти озмоишии саноатӣ ва дар мавриди соҳиб гардидан ба натиҷаҳои самаранок ба истеҳсолоти калонҳаҷму мунтазамфаъолияткунандаи саноати нассоҷӣ табдил додани он хеле аҳаммиятнок мебошад. Бояд эътироф намуд, ки чунин шакли соҳибкории илмию техникӣ дар Тоҷикистон имрӯз амалан кам ба назар мерасад.

100. Сохтори имрӯзаи саноати нассоҷӣ то 80 дарсад корхонаҳои хурдро дар бар гирифта ва бинобар маҳдуд будани имкониятҳои молиявӣ ин гуна корхонаҳо ба рушду навсозии техникию технологӣ қодир набуда, аз уҳдаи истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои дохилӣ ва беруна баромада наметавонанд.

101. Бо мақсади вусъат бахшидан ба навсозии технологии истеҳсолоти корхонаҳои хурд зарурати таҳкимбахшии робитаҳои тиҷоратии соҳибкории хурд бо корхонаҳои бузург ва муқаррар намудани механизми мушаххаси расонидани кумаки техникӣ ба онҳо дар доираи корхонаҳои бузурги асосии соҳа ба вуҷуд омадааст.

102. Барои рушди истеҳсолоти инноватсионӣ дар соҳибкории хурд хеле муҳим аст, ки амалиётҳои лизингӣ барои харидорӣ ва ҷорӣ намудани таҷҳизоти нави технологӣ ба таври васеъ истифода гарданд.

103. Дар истеҳсолоти саноати нассоҷӣ ва коркарди пурраи пахтаи мамлакат бахусус, дар самтҳои идоракунии технологияҳои нав, таҳлили иқтисодӣ ва вазъи бозори дохилу хориҷӣ, инчунин мавҷудияти амалия ва малакаи ҷиҳати дар истеҳсолот ҷорӣ намудани коркардҳои нави илмию техникӣ норасоии мутахассисони баландихтисос монеаҳои зиёд эҷод карда истодаанд.

104. Ҷиҳати аз байн бурдани норасоии мутахассисон дар оянда бо мақсади омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ тадбирҳои таҷрибаомӯзии мутахассисон дар соҳаи муҳандисию техникӣ дар ширкатҳо ва муассисаҳои илми тадқиқотӣ ва таълимии хориҷӣ, бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ба ҷумҳурӣ амалӣ хоҳанд шуд.

105. Самтҳои асосии Стратегия дар бахши фаъолияти илмию техникӣ ва инноватсионӣ аз амалӣ гардондани тадбирҳои зерин иборат аст:

- таъсиси зерсохтори инноватсионӣ (паркҳои технологӣ, муассисаҳои илмии соҳибкории хурди инноватсионӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, истеҳсолоти илмию таҷрибавӣ дар назди корхонаҳои бузург ва муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ);

- таъсиси фондҳои махсуси инноватсионӣ аз ҷониби давлат ва венчурӣ (аз ҳисоби худи корхонаҳо) бо иштирок ва ҳиссагузории давлат;

- мустаҳкам намудани заминаи истеҳсолии корхонаю муассисаҳои саноати нассоҷӣ бо истифода аз маблағҳои грантӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ;

- таъсиси муассисаҳои заминавӣ дар соҳаҳои саноати коркарди пурраи пахта бо мақсади ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва дастгирии соҳибкории хурд дар самти навсозии техникию технологии истеҳсолот;

- дар сармоя (фонд)-и оинномавии корхонаҳои навтаъсис ва амалкунанда муқаррар намудани талаботи ҳатмӣ ҷиҳати ташаббускорӣ дар самти навсозии техникию технологии истеҳсолот;

- гузаронидани таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи муҳандисию техникӣ дар ширкатҳо, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва таълимии хориҷӣ, ҷалб намудани мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ дар самти идоракунии технологияҳои нав ва пешбурди фаъолияти инноватсионӣ;

- зиёд намудани мутахассисон дар соҳаҳои муҳандистехнологи соҳаи ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, коркарди ниҳоии пилла, тарроҳ, моделерконструктори тарҳрезии либосҳои саноатӣ, оператори дастгоҳи ресандагӣ, порагар, оператори низоми автоматии лоиҳакашӣСАПР, ёварони усто, таъмиргарони дастгоҳу таҷҳизоти ба таври рақамӣ идорашаванда;

- тайёр намудани мутахассисон ва коргарони ихтисосҳои асосӣ дар муассисаҳои таҳсилотии дорои омӯзгорони босалоҳият, барномаҳои таълимии мукаммал, озмоишгоҳ ва парки технологии махсуси замонавӣ дар асоси мутобиқатии онҳо ба талаботи стандарти давлатии тахассусӣ, талаботи бозори меҳнат ва корфармоён;

- тарҳрезӣ ва амалӣ гардонидани тартибу расмиёти ҳамкории байни вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, шуроҳои падарону модарон ва истеҳсолкунандагони либоси мактабӣ бо мақсади ба танзим даровардани таъмини хонандагон бо либоси мактабии истеҳсоли ватанӣ. Ба ин васила тибқи стандарти давлатӣ истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда шуда, мушкилоту нофаҳмиҳо бартараф гашта, барои бо фармоишҳо таъмин гаштани коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва нигоҳ доштани ҷойҳои корӣ заминаи устувор гузошта хоҳад шуд.

106. Стратегияи мазкур рушди устувори соҳаҳои саноати нассоҷӣ ва дар маҷмуъ рушди бемайлони иқтисодиёти кишварро дар давраи пешбинишаванда дар асоси гуногуннамудӣ ва навсозии технологӣ таъмин менамояд.

107. Дар саноати коркарди пахтаи мамлакат ташаббусҳои соҳибкории хусусӣ мавқеи бештарро ишғол намуда, барои ҳамаи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи истеҳсолот шароити баробар муҳайё карда мешавад.

108. Беҳгардонии муҳити сармоягузорӣ на танҳо ба вусъат ёфтани ҷалби сармояи хориҷӣ ва содироти молу маҳсулот, балки ба интиқоли ошкорои сармояи ватанӣ ба хориҷи мамлакат ва устувор гардидани мавқеи он дар бозори байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

109. Равандҳои интихоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бисёр маврид бо дар назар доштани таъсиси технологияҳои нави барои иқтисодиёти кишвар афзалиятнок ба амал бароварда мешаванд.

110. Қонунгузорӣ дар бахши андоз ва гумрук, ки соҳибкоронро ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти дорои қобилияти тавлиди маҳсулоти рақобатнок ва аҳаммияти содиротидошта ҳавасманд мегардонад, такмил дода шуда, ҳифзи манфиатҳои молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз ҷониби давлат пурзӯр мегардад.

111. Саноати нассоҷии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба сатҳи баланд бароварда шуда, мавқеи Тоҷикистон ва корхонаҳои саноатӣ дар иқтисодиёти байналмилалӣ на танҳо аз ҳисоби маҳсулоти дорои хусусияти ашёи хом, балки аз ҳисоби молу маҳсулоти бо сикли пурраи пахта тавлидшуда васеъ мегардад.

112. Ба амал баровардани таҷрибаомӯзии мутахассисони муҳандисию техникии соҳаҳои истеҳсолоти нассоҷӣ дар ширкатҳо ва муассисаҳои илмию тадқиқотии хориҷӣ ва ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ бо мақсади омӯзиш ва тайёр кардани мутахассисони маҳаллӣ дар самти идоракунии технологияҳои нав ва ҳавасмандии фаъолияти инноватсионӣ ба такмили технологияи истеҳсолот ва ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани маҳсулоти саноатӣ мусоидат хоҳад кард.

113. Стратегия, ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо ҷиҳати устувории мавқеи саноати нассоҷӣ дар таъмини истиқлолияти иқтисодии Тоҷикистон ва ҳалли масоили муҳимтарини иҷтимоӣ, аз ҷумла афзун намудани теъдоди ҷойҳои корӣ ва бамаротиб паст кардани сатҳи камбизоатӣ шароити мусоидро фароҳам меоварад.

114. Дар ин ҳуҷҷат пешравии сифатӣ дар барқароршавии устувори хусусиятҳои индустриалию аграрии иқтисодиёт инъикос ёфтааст. Ин пешравиҳо ҳамчунин дар ташаккули сифатан дигари сохтор ва усулҳои идоракунии саноати нассоҷӣ то коркарди ниҳоии пахта инъикоси худро меёбанд.

115. Корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолии бахши хусусӣ дар тамоми манотиқ, бахусус, дар маҳалҳои кӯҳӣ ва дурдаст ба зудӣ рушд хоҳанд ёфт.

116. Дар давраи банақшагирифта амалӣ намудани омилҳои ҳавасмандгардонии андозу буҷет дар рушди саноат дар самти коркарди пурраи ашёи хоми пахта аҳаммияти махсус пайдо менамояд. Дар навбати аввал, ин ба ҳавасмандгардонии корхонаҳои ватании коркарди пурраи нахи пахта, бо дар назар доштани коркарди амиқи ашёи хом, инчунин коркарди дигар намудҳои ашёи хом низ дахл дорад.

117. Воситаҳои муҳимми танзими давлатӣ ба афзун намудани вазни қиёсии маҳсулоти тайёр дар маҷмуи маҳсулоти саноати нассоҷӣ равона карда мешаванд.

5. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ

118. Амалисозии ҳадафу вазифаҳои Стратегия дар доираи маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷети маҳаллӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ, шарикони рушд, бахши хусусӣ ва аз манбаъҳои маблағгузории дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин карда мешаванд.

119. Маблағи сармоягузорӣ барои амалисозии Стратегия 2 миллиарду 750 млн сомониро ташкил медиҳад, ки он аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи сармоягузории дохилию хориҷӣ ва бахши хусусӣ пешбинӣ шудааст.

Ниг. ба замимаҳо

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 декабри соли 2023, № 593

Нақшаи амали солҳои 2024-2026 Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040

Ниг. ба Замима