ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Регламенти техникии "Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он"
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Регламенти техникии "Бехатарии гӯшти паранда ва маҳсулоти коркардшудаи он" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати амалисозии Регламенти техникии мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Қарори мазкур пас аз шаш моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 30 декабри соли 2023, № 567