Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2041 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2023, № 1143

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 464

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 432; с. 2012, №7, мод. 701; с. 2018, №7-8, мод. 533; с. 2023, №1-3, мод. 14) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии татбиқи раванди барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва маҷбурӣ, аз ҷумла раванди муфлисшавии ташкилотҳои қарзиро муқаррар менамояд.".

2. Дар матни Қонун калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадории", "ӯҳдадоранд", "ӯҳдадор", "ӯҳдадориҳо", "ӯҳдадорӣ", "ӯҳдадориҳое", "ӯҳдадориҳои", "граждании", "мӯҳлат", "мӯҳлати", "Мӯҳлати", "мӯҳлатро", "мӯҳлатрасидаи" ва "мӯҳру" мувофиқан ба калимаҳои "уҳдадориҳои", "уҳдадории", "уҳдадоранд", "уҳдадор", "уҳдадориҳо", "уҳдадорӣ", "уҳдадориҳое", "Уҳдадориҳои", "мадании", "муҳлат", "муҳлати", "Муҳлати", "муҳлатро", "муҳлатрасидаи" ва "муҳру" иваз карда шаванд.

3. Ба сархати шашуми моддаи 3 пас аз калимаҳои "ташкилоти қарзӣ," калимаҳои "инчунин, баҳодиҳанда," илова карда шаванд.

4. Дар қисми 7 моддаи 6 калимаҳои "дигар асосҳо" ба калимаҳои "дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

5. Аз сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 13 аломат ва калимаҳои "(қарорҳо, таъинот ва ғайраҳо)" хориҷ карда шаванд.

6. Дар сархати дуюми қисми 6 моддаи 17 калимаҳои "нархгузории" ва "нархгузорон" мувофиқан ба калимаҳои "баҳодиҳии" ва "баҳодиҳанда" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми 2 моддаи 58 калимаҳои "аз рӯи виҷдон" ба калимаи "бовиҷдонона" иваз карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2041

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИКВИДАЦИИ КРЕДИТНЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ"

Принять постановлением МН МОРТ 

от 11 октября 2023 года №1143

Одобрить постановлением ММ МОРТ 

от 27 декабря 2023 года №464

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О ликвидации кредитных организаций" от 28 июня 2011 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №6, ст. 432; 2012 г., №7, ст. 701; 2018 г., №7-8, ст. 533; 2023 г., №1-3, ст. 14) следующие изменения и дополнения:

1. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:

"Настоящий Закон устанавливает правовые, организационные и экономические основы осуществления процесса добровольной и принудительной ликвидации, в том числе процесса банкротства кредитных организаций.".

2. Абзац шестой статьи 3 после слов "кредитной организации," дополнить словами "а также оценщики,".

3. Часть 7 статьи 6 после слов "другие основания" дополнить словами ", установленные законодательством Республики Таджикистан".

4. Из абзаца седьмого части 1 статьи 13 слова "(решений, постановлений, определений и др.)" исключить.

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 января 2024 года №2041