Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2039 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи собиқадорон""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СОБИҚАДОРОН"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2023, № 1145

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023,  № 461

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи собиқадорон" аз 7 апрели соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №7-8, мод. 67; с. 1996, №3, мод. 48; с. 1998, №22, мод. 295; с. 2004, №2, мод. 41; с. 2007, №7, мод. 657; с. 2010, №1, мод. 18; с. 2020, №12, мод. 915; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 717, с. 2022, №12, қ. 2, мод. 779) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба ном ва матни моддаи 9, матни моддаи 11 пас аз калимаҳои "мақомоти давлатӣ," ва "Мақомоти давлатӣ," калимаҳои "мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот," илова карда шаванд.

2. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 13 ва дар тамоми матни Қонун калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

3. Ба қисми якуми моддаи 19 пас аз калимаҳои "қӯшунҳои дохилӣ" калимаҳои ", Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

4. Ба қисми якуми моддаи 20 пас аз калимаҳои "мақомоти гумрук," калимаҳои "мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия," илова карда шаванд.

5. Дар қисми якуми моддаи 23 рақами "12-уми" ба рақами "13-уми" иваз карда шавад.

6. Дар банди 11) моддаи 24 ва банди б) зербанди 4) қисми якуми моддаи 25 калимаҳои "муассисаҳои давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ" ва "муассисаҳои таълими давлатии маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ" ба калимаҳои "муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ" иваз карда шаванд.

7. Ба қисми муқаддимавии моддаи 38 ва қисми сеюми моддаи 43 пеш аз калимаи "судяҳо" калимаҳои "мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия," илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2039