ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2023, № 1103
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 459
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7 қ. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; с. 2017, №7-9, мод. 584; с. 2018, №5, мод. 280; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 709) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 2 сархати сию сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- таҳсилоти дуалӣ - низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;".
2. Дар моддаи 9:
- ба қисми 4 баъд аз калимаи "тиббӣ" калимаҳои "ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ" илова карда шаванд;
- ба қисми 10 баъд аз калимаи "фосилавӣ," калима ва аломати "дуалӣ," илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2037