Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2037 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1103

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 459

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 338; с. 2014, №7 қ. 2, мод. 423; с. 2016, №7, мод. 628; с. 2017, №7-9, мод. 584; с. 2018, №5, мод. 280; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 709) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 2 сархати сию сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- таҳсилоти дуалӣ - низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;".

2. Дар моддаи 9:

- ба қисми 4 баъд аз калимаи "тиббӣ" калимаҳои "ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ" илова карда шаванд;

- ба қисми 10 баъд аз калимаи "фосилавӣ," калима ва аломати "дуалӣ," илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2037

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫСШЕМ И ПОСЛЕВУЗОВСКОМ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ"

Принять постановлением МН МОРТ 

от 4 октября 2023 года №1103

Одобрить постановлением ММ МОРТ 

от 27 декабря 2023 года №459

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" от 19 мая 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., №5, ст. 338; 2014 г., №7 ч. 2, ст. 423; 2016 г., №7, ст. 628; 2017 г., №7-9, ст. 584; 2018 г., №5, ст. 280; 2021 г., №12, ч. 2, ст. 709) следующие дополнения:

1. Статью 2 дополнить абзацем тридцать третьим следующего содержания:

"- дуальное обучение - система обучения ступеней профессионального образования, теоретическая часть которого реализуется в образовательном учреждении, а практическая - в производстве или на рабочем месте".

2. В статье 9:

- часть 4 после слов "медицинского образования" дополнить словами "и соответствующих специальностей учреждений высшего профессионального образования с международным статусом";

- часть 10 после слов "(дистанционное обучение)" дополнить знаком и словом ", дуальной".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан           Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 января 2024 года №2037