ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2023, № 1101
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 458
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 сархати чилу дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- таҳсилоти дуалӣ - низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;".
2. Дар моддаи 19:
- ба қисми 8 баъд аз калимаи "тиббӣ" калимаҳои "ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ" илова карда шаванд;
- ба қисми 9 баъд аз калимаи "фосилавӣ" аломат ва калимаи ", дуалӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2036