Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2036 "Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1101

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 458

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 532; с. 2014, №3, мод. 156, №7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, №7, мод. 624; с. 2017, №7-9, мод. 581; с. 2018, №5, мод. 278; с. 2020, №12, мод. 912; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, №7, мод. 447) иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 1 сархати чилу дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- таҳсилоти дуалӣ - низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад;".

2. Дар моддаи 19:

- ба қисми 8 баъд аз калимаи "тиббӣ" калимаҳои "ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ" илова карда шаванд;

- ба қисми 9 баъд аз калимаи "фосилавӣ" аломат ва калимаи ", дуалӣ" илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                           Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2036

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЗОВАНИИ"

Принять постановлением МН МОРТ 

от 4 октября 2023 года №1101

Одобрить постановлением ММ МОРТ 

от 27 декабря 2023 года №458

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об образовании" от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., №7, ст. 532; 2014 г., №3, ст. 156, №7, ч. 2, ст. 422; 2016 г., №3, ст. 148, №7, ст. 624; 2017 г., №7-9, ст. 581; 2018 г., №5, ст. 278; 2020 г., №12, ст. 912; 2021 г., №12, ч. 2, ст. 706; 2022 г., №7, ст. 447) следующие дополнения:

1. Статью 1 дополнить абзацем сорок вторым следующего содержания:

"- дуальное обучение - система обучения ступеней профессионального образования, теоретическая часть которого реализуется в образовательном учреждении, а практическая - в производстве или на рабочем месте;".

2. В статье 19:

- часть 8 после слов "медицинского образования" дополнить словами "и соответствующих специальностей учреждений высшего профессионального образования с международным статусом";

- часть 9 после слова "дистанционной" дополнить знаком и словом ", дуальной".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан          Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 января 2024 года №2036