ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 ноябри соли 2023, № 1154
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 454
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, №1-2, мод. 12) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- аз сархати ҳафтум калимаҳои "тавассути ширкатҳои фарматсевтӣ ва ё намояндагии онҳо" хориҷ ва калимаҳои "мутахассисони соҳаи тандурустӣ" ба калимаи "онҳо" иваз карда шаванд;
- сархати наваду ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- фаъолияти тиббӣ - фаъолияти касбӣ оид ба расондани кумаки тиббӣ, гузарондани экспертизаи тиббӣ, муоинаи тиббӣ, шаҳодаткунонии тиббӣ, чорабиниҳои санитарӣ-зиддиэпидемикӣ ва фаъолияти касбии ба пайвандсозии узв ва (ё) бофтаҳо, гардиши хуни донорӣ ва (ё) ҷузъҳои он алоқаманд бо мақсадҳои тиббӣ;".
2. Дар сархати сеюми моддаи 6 калимаи "лоиҳаҳои" ба калимаи "лоиҳаи" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 40:
- дар номи модда калимаҳои "гирифтани товони" ба калимаи "ҷуброни" иваз карда шаванд;
- дар матни модда калимаҳои "гирифтани товони зарар" ба калимаҳои "ҷуброни зараре, ки ба саломатии онҳо расонда шудааст" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 48:
- дар сархати чоруми қисми 1 калимаи "пардохти" ба калимаи "ҷуброни" иваз карда шавад;
- дар қисми 2:
- дар сархати ҳаштум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- барои дастрас намудани дору аз дорухонаи мушаххас тавсия диҳанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2032