Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2028 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1107

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 450

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ" аз 19 сентябри соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №8-9, мод. 653; с. 2018, №2, мод. 69) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- дар сархатҳои шашум ва ҳаждаҳум калимаи "арзёбии" ба калимаи "баҳодиҳии" иваз карда шавад;

- сархати нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ - гурӯҳи муайяни дохилизотӣ, ки бо хусусиятҳои биологию маҳсулнокӣ, сохти бадан ва намуди зоҳирӣ аз дигар гурӯҳҳо фарқият дорад;";

- дар сархати ҳаждаҳум калимаҳои "зотпарварӣ давра" ба калимаҳои "кишоварзӣ давра" иваз карда шаванд;

- сархати бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- селексионер - шахсе, ки зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзиро офаридааст ва (ё) корфармо ё вориси ҳуқуқии ӯ;";

- сархати бистудуюм хориҷ карда шавад.

2. Дар ном ва матни моддаи 3 калимаи "обӣ" ба калимаи "об" иваз карда шавад.

3. Дар матни моддаи 5 калимаҳои "зотпарварӣ бо" ба калимаҳои "кишоварзӣ бо" иваз карда шаванд.

4. Ба қисми 1 моддаи 10, қисми 2 моддаи 11, қисми 2 моддаи 12, қисми 2 моддаи 13, қисми 2 моддаи 16, матни моддаи 18, қисми 3 моддаи 20, қисми 2 моддаи 21, қисми 4 моддаи 22 ва қисми 3 моддаи 24 пас аз калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" калимаҳои "дар соҳаи кишоварзӣ" илова карда шаванд.

5. Сархати дуюми моддаи 6 хориҷ карда шавад.

6. Моддаи 7 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ

1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ мебошанд.

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд;

- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад;

- гузарондани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд;

- амали ҳуҷҷати ба шаҳодатнома ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд;

- номгӯйи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро амалӣ менамояд;

- баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад;

- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок чораҳои дахлдор меандешад;

- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:

- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;

- риояи дастур, меъёру қоидаҳои парваришро дар соҳаи зотпарварӣ назорат менамояд;

- барои ба вуҷуд овардани зотҳо, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаҳои нави сермаҳсули ҳайвоноти кишоварзӣ мусоидат менамояд;

- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро назорат менамояд;

- назорати баҳодиҳии сифати маводи (маҳсулоти) зотиро амалӣ менамояд;

- ба ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ дар соҳаи зотпарварӣ мусоидат менамояд;

- ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.".

7. Дар моддаи 9:

- ба қисми 1 пас аз калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" калимаҳои "дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ" илова карда шаванд;

- қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ бояд таҳсилоти зоотехникӣ ё байторӣ дошта бошанд.";

- дар қисми 4:

- аз сархати ҳафтум калимаҳои "дар назди Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархати ҳаштум хориҷ карда шавад.

8. Қисми 2 моддаи 10 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ворид намудани маълумот оид ба зотҳои алоҳидаи аз рӯи мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигар афзалияти бештар дошта, гирифтани иқтибос аз Феҳристи мазкур ва интишори иттилооти расмиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян менамояд.".

9. Дар моддаи 13:

- дар қисми 3 калимаҳои "Шахсони мансабдор ва мутахассисони Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ, инчунин мутахассисони зотпарварӣ" ба калимаҳои "Мутахассисони соҳаи зотпарварии" иваз карда шаванд;

- сархати дуюми қисми 4 хориҷ карда шавад.

10. Моддаи 13(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 13(1). Ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ

Ҳуқуқи селексионер барои зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ ҳамчун натиҷаи фаъолияти селексионӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад.".

11. Ба қисми 5 моддаи 15, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 25 пас аз калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" калимаҳои "дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ" илова карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                  Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2028