ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ҲУҚУҚӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октября соли 2023, № 1095
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 447
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" аз 23 июли соли 2016 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2016, №7, мод. 617) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз қисми 2 моддаи 13 калимаи "ноболиғон," хориҷ карда шавад.
2. Моддаи 13(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 13(1). Хусусияти пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон
1. Ноболиғоне, ки метавонанд ақидаҳои худро мустақилона ифода кунанд, ҳуқуқ доранд дар бораи риояи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор бевосита муроҷиат намоянд. Ба манфиати ноболиғон инчунин метавонанд намояндагони қонунии онҳо, мақомоти васоят ва парасторӣ ва мақомоти ваколатдори дигар муроҷиат намоянд.
2. Ноболиғон ҳангоми муроҷиат ҳуқуқ доранд фикру ақидаҳои худро озодона ва бе таъсиррасонии мақомоту ташкилот ва шахсони дигар баён намоянд.
3. Баррасии муроҷиати ноболиғон аз ҷониби мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҳангоми зарурат бо иштироки намояндагони қонунии ноболиғон, инчунин мақомоти васояту парасторӣ сурат мегирад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2025