Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2023 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ АДВОКАТУРА ВА ФАЪОЛИЯТИ АДВОКАТӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 ноябри соли 2023, № 1161

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 444

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ" аз 7 январи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №3, мод. 204, №11, мод. 958; с. 2016, №5, мод. 362; с. 2017, №1-2, мод. 14; с. 2020, №7-9, мод. 610) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Моддаи 9(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 9(1). Дархости адвокат

1. Бо мақсади расондани ёрии ҳуқуқӣ адвокат ба мақомоти дахлдор бо дархост муроҷиат менамояд.

2. Дар дархост бояд насаб, ном, номи падари адвокат, ҳуҷҷат, маълумоти хаттӣ ё шифоҳии ба ӯ лозима ва суроғаи шахсе, ки ҷавоби дархост ба ӯ равона карда мешавад, зикр гардад.

3. Рад кардани пешниҳоди маълумот вобаста ба дархости адвокат танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун мумкин аст.".

2. Дар моддаи 10:

1) дар қисми 1:

- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ҳар моҳ барои эҳтиёҷоти Иттифоқи адвокатҳо маблағро дар шакли ҳаққи узвият пардохт намояд;";

- сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- барои таъмин намудани фаъолияташ мувофиқи тартиб ва андозаи муайяннамудаи ташкилоти адвокатӣ маблағ ҷудо намояд;

- бо ваколатдиҳанда ҳангоми амалӣ намудани намояндагӣ созишнома бандад ва ордер пешниҳод намояд;";

2) дар сархати сеюми қисми 2 калимаи "предмети" ба калимаи "мавзуи" иваз карда шавад.

3. Дар сархати якуми қисми 4 моддаи 12 калимаҳои "ва муфаттиш" ба калимаҳои ", муфаттиш ва таҳқиқбаранда" иваз карда шаванд.

4. Ба қисми 3 моддаи 13 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Аъзои Комиссияи тахассусӣ, ба истиснои раиси Комиссия, наметавонанд зиёда аз як маротиба аъзои Комиссияи тахассусӣ бошанд.".

5. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои "мӯҳлати ду моҳ" ба калимаҳои "ҷаласаи навбатӣ, вале на дертар аз се моҳ" иваз карда шаванд.

6. Қисми 1 моддаи 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Комиссияи тахассусӣ довталабро, ки имтиҳони тахассусиро бо муваффақият супоридааст, дар давоми панҷ рӯз пас аз қабул гардидани қарор дар хусуси ба ӯ додани мақоми адвокат хаттӣ огоҳ менамояд.".

7. Қисми 1 моддаи 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Маълумот дар бораи адвокат ба Феҳристи ягонаи адвокатҳо дар давоми панҷ рӯз пас аз қабул гардидани қарор дар бораи додани мақоми адвокат ворид карда мешавад.".

8. Дар моддаи 19 калимаҳои "иқтибос аз Феҳристи ягонаи адвокатҳо" ба калимаҳои "огоҳии хаттӣ" иваз карда шаванд.

9. Дар қисми 1 моддаи 21:

- сархати панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар асоси аризаи адвокат;";

- сархатҳои шашум ва ҳафтум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- дар муҳлати зиёда аз панҷ сол нагузаштани курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

- барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад ё дар асоси сархати чоруми қисми 1 моддаи 27, моддаҳои 29-32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад, то аз ҷониби Комиссияи тахассусӣ қабули қарор дар бораи қатъ намудани мақоми адвокат.".

10. Дар моддаи 22:

1) дар қисми 1:

- сархати панҷум хориҷ карда шавад;

- ба сархати шашум пеш аз калимаи "аз" калимаи "такроран" илова карда шавад;

2) аз қисми муқаддимавии қисми 2 калимаҳои "ва хулосаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо" хориҷ карда шаванд;

3) қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Иттифоқи адвокатҳо ҳангоми аз мақомоти давлатӣ, Комиссияи тахассусӣ, мақомоти минтақавӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гирифтани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда пешбинишуда ба ҷаласаи навбатии Комиссияи тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд.";

4) қисмҳои 3, 4 ва 5 мувофиқан қисмҳои 4, 5 ва 6 ҳисобида шаванд.

11. Дар моддаи 29:

- дар сархати сеюми қисми 5 калимаи "предмет" ба калимаи "мавзуъ" иваз карда шавад;

- дар қисми 14 калимаи "онро" ба калимаҳои "он ва Иттифоқи адвокатҳоро" иваз карда шавад.

12. Қисми 7 моддаи 31 хориҷ карда шуда, қисмҳои 8-11 мувофиқан қисмҳои 7-10 ҳисобида шаванд.

13. Ба моддаи 34 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Коромӯзӣ дар назди адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон аст.".

14. Дар моддаи 35:

- аз қисми 1 калимаҳои "дар муассисаи таълимии дорои аккредитатсияи давлатӣ" хориҷ карда, калимаҳои "гузаронидани" ва "Иттифоқи адвокатҳо" мувофиқан ба калимаҳои "бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва" ва "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- қисми 3 хориҷ карда шуда, қисми 4 қисми 3 ҳисобида шавад.

15. Ба моддаи 37 қисми 11 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"11. Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он уҳдадоранд ба Комиссияи тахассусӣ маълумот оид ба фаъолияти худ, раванди назорати фаъолияти касбии адвокатҳо, баррасии шикояти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбат ба адвокатҳо, инчунин маълумоти дигари барои фаъолияти Комиссияи тахассусӣ заруриро ҳар шаш моҳ ва вобаста ба ҳолатҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 22 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳар моҳ пешниҳод намоянд. Иттифоқи адвокатҳо нусхаи қарорҳои қабулшударо вобаста ба масъалаҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм, чорум, даҳум, сенздаҳум ва чордаҳуми қисми 3 моддаи 38, сархатҳои дувоздаҳум ва чордаҳуми қисми 4 моддаи 39 Қонуни мазкур пешбинишуда дар давоми 3 рӯз пас аз қабули онҳо бо замимаи нусхаи санадҳои дахлдор ба Комиссияи тахассусӣ барои маълумот пешниҳод менамояд.".

16. Дар сархати чоруми қисми 3 моддаи 38 калимаи "аъзогии" ба калимаи "узвияти" иваз карда шавад.

17. Ба моддаи 39:

- аз сархати шашуми қисми 4 калимаҳои "такмили ихтисоси адвокатҳо ва" хориҷ карда шаванд;

- ба қисми 7 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Раёсати Иттифоқи адвокатҳо метавонад қарору санадҳои хилофи қонунгузорӣ қабулнамудаи мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳоро бекор намояд.".

18. Қисми 4 моддаи 41 хориҷ карда шавад.

19. Қисми 1 моддаи 42 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"1. Молу мулки Иттифоқи адвокатҳо аз ҳисоби ҳаққи узвият, грантҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташаккул меёбад. Маблағи ҳаққи узвият бевосита ба суратҳисоби Иттифоқи адвокатҳо пардохт карда мешавад.".

20. Ба қисми 1 моддаи 43 ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо оид ба фаъолияти худ дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошанд.".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2023