Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2024, № 2022 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ МУРОФИАВИИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1113

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 443

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қ. 1, мод. 6, мод. 7; с. 2010, №1, мод. 6; с. 2012, №7, мод. 721; с. 2014, №7, қ. 1, мод. 388, №12, мод. 821; с. 2015, №11, мод. 953; с. 2016, №5, мод. 360; с. 2018, №1, мод. 6; с. 2019, №1, мод. 6, №6, мод. 314; с. 2020, №7-9, мод. 603; с. 2021, №12, қ. 2, мод. 691; с. 2022, №1-3, мод. 6, мод. 7, №7, мод. 440, №12, қ. 2, мод. 770), тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар ном ва матни Кодекс калимаҳои "ГРАЖДАНИИ", "гражданӣ", "граждание", "гражданиро", "граждании" ва "гражданию" мувофиқан ба калимаҳои "МАДАНИИ", "маданӣ", "мадание", "маданиро", "мадании" ва "маданию" иваз карда шаванд.

2. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 54, сархати сеюми қисми 1 моддаи 267, номи боби 30, ном ва матни моддаи 281, ном ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 282, ном ва матни моддаҳои 283, 284 ва 285, сархати сеюми қисми 2 моддаи 392, сархати якуми моддаи 421, сархати якуми қисми 1 моддаи 423 ва сархати сеюми қисми 1 моддаи 424 калимаҳои "ғоиб", "фавтида", "шаҳрванд", "ҒОИБ", "ФАВТИДА" ва "ШАҲРВАНД" мувофиқан ба калимаҳои "ғоибшуда", "вафоткарда", "шахси воқеӣ", "ҒОИБШУДА", "ВАФОТКАРДА" ва "ШАХСИ ВОҚЕӢ" иваз карда шаванд.

3. Дар қисмҳои 2, 6 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 калимаи "ваколатдиҳанда" ба калимаи "вакилкунанда" иваз карда шавад.

4. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 267, номи боби 31, ном ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 286, ном ва қисми 2 моддаи 287, ном ва қисмҳои 2 ва 3 моддаи 289, ном ва қисми 2 моддаҳои 290 ва 291, сархати дуюми қисми 2 моддаи 392 калимаҳои "сохтани қобилияти амали шаҳрванд" ва "СОХТАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛИ ШАҲРВАНД" мувофиқан ба калимаҳои "намудани қобилияти амалкунии шахси воқеӣ" ва "НАМУДАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛКУНИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ" иваз карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                        Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2022

 

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ В ГРАЖДАНСКИЙ ПРОЦЕССУАЛЬНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принять постановлением МН МОРТ 

от 4 октября 2023 года №1113

Одобрить постановлением ММ МОРТ 

от 27 декабря 2023 №443

Статья 1. Внести в Гражданский процессуальный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №1, ч. 1, ст. 6, ст. 7; 2010 г., № 1, ст. 6; 2012 г., № 7, ст. 721; 2014 г., № 7, ч. 1, ст. 388, № 12, ст. 821; 2015 г., № 11, ст. 953; 2016 г., № 5, ст. 360; 2018 г., № 1, ст. 6; 2019 г., № 1, ст. 6, № 6, ст. 314; 2020 г., № 7-9, ст. 603; 2021 г., № 12, ч.2, ст. 691; 2022 г., № 1-3, ст. 6, ст. 7, № 7, ст. 440, № 12, ч. 2, ст. 770), следующие изменения:

1. В частях 2 и 6 статьи 55 слова "доверитель", "доверителя" и "доверителем" соответственно заменить словами "представляемый", "представляемого" и "представляемым".

2. В абзацах третьем и четвёртом части 1 статьи 267, главах 30 и 31, в названиях и текстах статей 281-291, абзацах втором и третьем части 2 статьи 392, абзаце третьем части 1 статьи 424 слова "гражданина", "гражданине", "гражданин" и "ГРАЖДАНИНА" соответственно заменить словами "физического лица", "физическом лице", "физическое лицо" и "ФИЗИЧЕСКОГО ЛИЦА".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан             Эмомали Рахмон

г.Душанбе

3 января 2024 года №2022