ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МУРОФИАИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 декабри соли 2023, № 1178
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 442
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 502; с. 2014, № 3, мод. 145, № 7, қ. 1, мод. 391, № 11, мод. 644; с. 2015, № 3, мод. 202, № 7-9, мод. 709, мод. 710, мод. 711, № 11, мод. 956, № 12, қ. 1, мод. 1109; с. 2016, № 3, мод. 133, № 7, мод. 615; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 276; с. 2018, № 1, мод. 8, № 5, мод. 270, мод. 271; с. 2020, № 1, мод. 7, № 7-9, мод. 601, мод. 605, мод. 622, №12, мод. 902, мод. 903; с. 2021, №1-2, мод.4, №4, мод.194, мод.195, № 6, мод. 386, № 12, қ. 2, мод. 690; с. 2022, № 1-3, мод. 9, мод. 10, мод. 11, № 12, мод. 769; с. 2023, № 1-3, мод. 3, № 4-6, мод. 156) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 87:
1) қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Ҳангоми содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки дар моддаҳои 324, 333 қисми 2 ва 340 қисми 1 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.";
2) қисми 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"4. Ҳангоми содир кардани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 295(1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, дар сурати аз ҷониби ҳуқуқвайронкунанда дар маҳалли содиршавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба таври ғайринақдӣ пардохт гардидани маблағи ҷарима, протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад. Дар ин ҳолат ҷазои маъмурӣ дар бланки ҳисоботдиҳии қатъии намунааш аз тарафи мақомоти назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.";
3) дар қисми 5:
- пас аз калимаи "диҳад," калимаҳои "инчунин имконияти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани маблағи ҷаримаро надошта бошад," илова карда шаванд;
- ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Дар сурати нисбати ронандаи воситаи нақлиёт тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳуҷҷати ронандагии ронандаи воситаи нақлиёт гирифта намешавад ва протоколи тартибдодашуда ба махзани ягонаи электронии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад.".
2. Ба қисми 1 моддаи 93 пас аз рақами "541," рақами " 541(1)," илова карда шавад.
3. Дар моддаи 229:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "намудааст," калимаҳои "бо тартиби дар қисми 6 моддаи 39 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида" илова карда шаванд;
- ба қисми 3 пас аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "бо тариқи ғайринақдӣ" илова карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2021