ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2023, № 1035
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 декабри соли 2023, № 439
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод.989, мод.990; с.2009, №5, мод.321, №9-10, мод.543; с.2010, №1, мод.2, мод.5, №3, мод.153, №7, мод.547, №12, қ.1, мод.812; с. 2011, №6, мод.430, мод.431, №7-8, мод.610, №12, мод.838; с.2012, №4, мод.256, №7, мод.685, мод.693, №8, мод.814, №12, қ.1, мод.1004; с.2013, №3, мод.181, №7, мод.508; с.2014, №3, мод.143, мод.144, №7, қ.1, мод.389, мод.390; с.2015, №3, мод.201, №7-9, мод.707, мод.708, №11, мод.955, №12, қ.1, мод.1108; с.2016, №3, мод.130, мод.131, мод.132, №5, мод.359, мод.361, №7, мод.613, мод.614, №11, мод.877; с.2017, №1-2, мод.5, мод.6, №5, қ.1, мод.275, №7-9, мод.568, мод.585; с.2018, №1, мод.9, №5, мод.268, мод.269; с.2019, №1, мод.8, №6, мод.312, мод.313, №7, мод.464; с.2020, №1, мод.6, №7-9, мод.604, мод.606, мод.621, №12, мод.900, мод.901; с.2021, №6, мод.384, мод.385, №12, қ.2, мод.686, мод.687, мод.688, мод.689; с.2022, №1-3, мод.12, №7, мод.443, №12, қ.2, мод.768), моддаи 346(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 346(1). Риоя накардани талаботи истифодаи таваққуфгоҳҳои муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ
1. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд овардани монеа ҳангоми истифодабарии ҷойҳои таваққуф дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
2. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт расонидани зарар ба воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникии танзимкунанда ё дигар молу мулки дар ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ буда,
ба андозаи аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.
3. Барои аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт бе пардохти маблағи хизматрасонии истифодабарӣ тарк кардани ҳудуди таваққуфгоҳи муздноки дорои низоми худкори идоракунӣ,
ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 3 январи соли 2024, № 2018