Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" аз 3 январи соли 2024, № 2016

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОН БА МАҶЛИСҲОИ МАҲАЛЛИИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 ноябри соли 2023, № 1148

қабул карда шуд

 

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳур

ии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 466

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" аз 10 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 298; с. 2007, № 5, мод. 353; с. 2012, № 8, мод. 813; с. 2014, № 7, қ. 1, мод. 383, № 11, мод. 640; с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 269; с. 2019, № 7, мод. 461) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонуни конститутсионии мазкур калимаҳои "ҳамин Қонун" ва "ҳамин Қонунро" мувофиқан ба калимаҳои "Қонуни конститутсионии мазкур" ва "Қонуни конститутсионии мазкурро" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаҳои 1 ва 4 калимаҳои "мустақим" ва "мустақиман" ба калимаи "бевосита" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 6:

- дар қисми якум калимаи "Таёйрӣ" ба калимаи "Тайёрӣ" иваз карда шуда, пеш аз калимаи "ошкоро" калимаҳои "шаффоф ва" илова карда шаванд;

- дар қисмҳои сеюм ва панҷум калимаҳои "(нозир)" ва "нозирон" мувофиқан ба калимаҳои "(мушоҳид)" ва "мушоҳидон" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 8:

- дар қисми чорум калимаи "дератр" ба калимаи "дертар" иваз карда шавад;

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "Комисиияи" ва "ва ҳудуди ҳар участкаи интихоботро" мувофиқан ба калимаҳои "Комиссияи" ва "ва дар бораи ҳудуди ҳар участкаи интихобот" иваз карда шаванд.

5. Номи боби сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад: "III. КОМИССИЯҲОИ ИНТИХОБОТӢ".

6. Дар номи моддаи 9 калимаи "Системаи" ба калимаи "Низоми" иваз карда шавад.

7. Дар сархати сездаҳуми моддаи 11 калимаҳои "аз хусуси" ва "амали" мувофиқан ба калимаҳои "дар хусуси" ва "амал (беамалӣ)-и" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 13:

- ба сархати сеюм пас аз калимаи "номзадҳо" калимаҳои "ба вакилӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаи "участкаҳои" ба калимаҳои "комиссияҳои участкавии" иваз карда шавад.

9. Дар номи моддаи 15 калимаи "комиссияҳои" ба калимаи "комиссияи" иваз карда шавад.

10. Дар қисми сеюми моддаи 16 калимаи "талабҳои" ба калимаи "талаботи" иваз карда шавад.

11. Дар қисми чоруми моддаи 17 калимаҳои "ва мақомоти" ба аломати вергул иваз карда шавад.

12. Дар моддаи 18 калимаи "нозирон" ба калимаи "мушоҳидон" иваз карда шавад.

13. Дар моддаи 19:

- дар қисми чорум калимаҳои "Фамилияи" ва "зикр" мувофиқан ба калимаҳои "Насаби" ва "сабт" иваз карда шаванд;

- дар қисми панҷум калимаи "фамилия" ба калимаи "насаб" иваз карда шавад.

14. Дар номи моддаи 21 калимаи "ғалати" ба калимаҳои "саҳву хатои" иваз карда шавад.

15. Дар моддаи 22 калимаи "паспорт" ба калимаи "шиноснома" иваз карда шавад.

16. Номи боби панҷум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"V. ПЕШБАРӢ ВА БАҚАЙДГИРИИ НОМЗАДҲО БА ВАКИЛӢ".

17. Дар қисми якуми моддаи 23 калимаи "хатми" ба калимаҳои "ба охир расидани" иваз карда шавад.

18. Дар моддаи 24:

- қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Барои пешбарӣ намудани номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия ҳизбҳои сиёсии аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифташуда ва ҳамчунин шаҳрвандон аз тариқи худпешбарӣ ҳуқуқ доранд. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд шахсонеро, ки узви ҳизби сиёсӣ нестанд, ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ номзад пешниҳод намоянд.";

- қисмҳои сеюм ва чорум хориҷ карда шаванд.

19. Дар моддаи 25:

- дар қисми якум калимаҳои "хатм мегардад" ба калимаҳои "ба охир мерасад" иваз карда шаванд;

- дар қисми чорум калимаи "маҷлиси" ба калимаҳои "Маҷлиси вакилони халқи" иваз карда шуда, пас аз калимаи "ҳудуди" калимаи "дахлдори" илова карда шавад;

- қисми ҳаштум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Дар ҳолати худпешбарӣ номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе имзои 200 нафар ва номзад ба вакилии Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи шаҳр ва ноҳия имзои 100 нафар интихобкунандаро аз ҳавзаи дахлдори интихоботӣ якҷо бо ариза пешниҳод менамояд.".

20. Дар моддаи 26:

- ба қисми чорум пас аз калимаи "номзад" калимаҳои "ба вакилӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати якуми қисми чорум калимаҳои "ҷавоб дода наметавонанд" ба калимаҳои "ҷавобгӯ нестанд" иваз карда шаванд.

21. Дар моддаи 27:

- ба қисми якум пас аз калимаҳои "номзадҳоро" ва "шудаанд" мувофиқан калимаҳои "ба вакилӣ" ва аломати вергул илова карда шаванд;

- дар қисми шашум калимаҳои "аъзои" ва "вазифаи аъзои" мувофиқан ба калимаҳои "узви" ва "узвияти" иваз карда шаванд;

- дар қисми ҳафтум калимаҳои "ному насаб" ба калимаҳои "насаб, ном, номи падар" иваз карда шаванд;

- дар қисми ҳаштум калимаи "маҳаллӣ" ба калимаҳои "маҳаллии вакилони халқ" иваз карда шавад.

22. Ба номи моддаи 29 пас аз калимаи "номзадҳо" калимаҳои "ба вакилӣ" илова карда шаванд.

23. Дар моддаи 30:

- аз қисми якум калимаи "кулли" хориҷ карда шавад;

- дар қисми дуюм пас аз калимаи "то" калимаи "баргузории" илова карда шуда, калимаи "моувини" ба калимаи "муовини" иваз карда шавад;

- дар қисми сеюм калимаи "мавҷуданд" ба калимаҳои "нигоҳ дошта мешаванд" иваз карда шавад.

24. Дар қисми якуми моддаи 31 калимаҳои "Маҷлисҳои маҳаллӣ" ба калимаҳои "Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ" иваз карда шаванд.

25. Дар моддаи 32 калимаи "хеш" ба калимаи "худ" иваз карда шавад.

26. Дар моддаи 34:

- дар қисми дуюм пас аз калимаи "намудаанд" аломати вергул хориҷ карда шуда, калимаи "гирдиҳамоиҳо" ба калимаи "ҷамъомадҳо" иваз карда шавад.

- дар қисми сеюм калимаҳои "бо асосҳои" ба калимаҳои "дар асосҳои" иваз карда шуда, калимаи "участкавии" хориҷ карда шавад.

27. Дар моддаи 35 калимаҳои "вакилӣ", "гирдиҳамоиҳо" ва "ҷудо карда," мувофиқан ба калимаҳои "вакилии Маҷлиси вакилони халқ", "ҷамъомадҳо" ва "ҷудокарда" иваз карда шуда, пас аз калимаи "радио" аломати вергул хориҷ карда шавад.

28. Дар моддаи 36:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад;

"Моддаи 36. Ҳуқуқи ройгон сафар кардани номзад ба вакилӣ";

- дар матни модда калимаҳои "бе пул" ба калимаи "ройгон" иваз карда шаванд.

29. Матни моддаи 37 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Номзад ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони ҳалқро, бе розигии комиссияи интихоботи дахлдори вилоят, шаҳр, ноҳия, ҳабс кардан, дастгир кардан, маҷбуран овардан, кофтуков кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шуданаш дар ҷойи содир намудани ҷиноят.".

30. Дар моддаи 38 калимаҳои "вакилон дар", "участкавӣ" ва "тамом шуда" мувофиқан ба калимаҳои "вакилон ба", "участкавии интихобот" ва "тамомшуда" иваз карда шаванд.

31. Дар моддаи 39:

- дар қисми сеюм калимаи "хоҳиши" ба калимаи "иродаи" иваз карда шуда, пас аз калимаи "интихобкунандагон" аломати вергул илова карда шавад;

- дар қисми панҷум калимаи "паспорт" ба калимаи "шиноснома" иваз карда шавад;

- дар қисми шашум калимаи "фамилияи" ба калимаи "насаби" иваз карда шавад.

32. Дар моддаи 40:

- ҷумлаи сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Интихобкунандае, ки бюллетенро мустақилона пур карда наметавонад, ҳуқуқ дорад ба ҳуҷра ё хонаи овоздиҳӣ бо салоҳдиди худ каси дигарро, ғайр аз аъзои комиссияи интихобот, шахсони боэътимоди номзадҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, мушоҳидон, даъват кунад.".

- дар ҷумлаи ҳафтум калимаҳои "яке аз аъзоёни" ба калимаҳои "узви ҷудогонаи" иваз карда шаванд.

33. Дар моддаи 41:

- дар қисми дуюм калимаҳои "ҳисоб ва ботил мекунанд" ба калимаҳои "шуморида, аз ҳисоб мебароранд" иваз карда шаванд;

- ба қисми дуюм ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Аз ҳисоб баровардани бюллетенҳои интихоботии истифоданашуда бо роҳи буридани тарафи рости қисми поёнии бюллетен сурат мегирад.";

- дар ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми панҷум калимаҳои "интихоботӣ буда" ва "фамилияҳои" мувофиқан ба калимаҳои "овоздиҳӣ буда" ва "насабҳои" иваз карда шаванд;

- қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ба аъзои комиссияи интихобот, ба истиснои раис ва котиби комиссия, ҳангоми ҳисобкунии овозҳо доштани воситаҳои хатнависӣ мумкин нест.";

- дар қисми шашум калимаҳои "ғайри муқаррарӣ" ва "ҳини" мувофиқан ба калимаҳои "ғайримуқаррарӣ" ва "ҳангоми" иваз карда шаванд;

- қисмҳои шашум ва ҳафтум мувофиқан қисмҳои ҳафтум ва ҳаштум ҳисобида шаванд;

- қисми нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Протоколи комиссияи участкавии интихобот ҳамон вақт боэътибор ҳисобида мешавад, ки агар онро аз нисф зиёди аъзои комиссия имзо карда бошад.".

34. Дар номи моддаи 42 калимаи "ҳавза" ба калимаҳои "ҳавзаи интихоботӣ" иваз карда шавад.

35. Дар моддаи 43:

- ба қисми якум пас аз калимаҳои "протоколҳои комиссияҳои" калимаи "ҳавзавии" илова карда шавад;

- ба қисми дуюм пас аз калимаи "интихоботро" калимаҳои "дар ҳавзаи дахлдор" илова карда шаванд.

36. Матни моддаи 44 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Комиссияи дахлдори интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия дар бораи натиҷаи интихобот ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи дахлдор хабар ва рӯйхати вакилони интихобшударо дар муддати на дертар аз ҳафт рӯзи баъди интихобот бо тартиби алифбо ва бо зикри насаб, ном, номи падар, вазифа (шуғл), ҳизбият, ҷои кор ва истиқомат, ҳавзаи интихобот, ки ӯ вакил интихоб шудааст, дар матбуот чоп мекунад.".

37. Қисми дуюми моддаи 45 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Пас аз он, ки Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи дахлдор ваколатҳои вакилони интихобгардидаро тасдиқ менамояд, ба онҳо ба ҷои шаҳодатнома дар хусуси вакил интихоб шуданашон шаҳодатномаи вакилӣ ва нишони сарисинагии дахлдор дода мешавад.".

38. Ба қисми сеюми моддаи 46 пас аз калимаҳои "ба номзад" калимаҳои "ба вакилӣ" илова карда шаванд.

39. Дар қисми якуми моддаи 47 калимаҳои "интихобти" ва "интихбот" мувофиқан ба калимаҳои "интихоботи" ва "интихобот" иваз карда шаванд.

40. Дар моддаи 48:

- дар қисми якум калимаҳои "талабҳои", "як моҳ" ва "як моҳ қабл" мувофиқан ба калимаҳои "талаботи", "30 рӯз" ва "30 рӯз пеш" иваз карда шаванд;

- дар қисми дуюм калимаҳои "қабл аз хатми мӯҳлати" ба калимаҳои "пеш аз қатъи" иваз карда шуда, пас аз калимаи "вакил" аломати вергул илова карда шавад.

41. Дар номи моддаи 48(1) калимаи "Интихобот" ба калимаҳои "Гузаронидани интихобот" иваз карда шавад.

42. Дар моддаи 51 калимаи "ин" ба калимаи "ҳамин" иваз карда шавад.

 

Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 3 январи соли 2024, № 2016

 

Конституционный закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫБОРАХ ДЕПУТАТОВ В МЕСТНЫЕ МАДЖЛИСЫ НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ"

Принять постановлением МН МОРТ

от 1 ноября 2023 года №1148

Одобрить постановлением ММ МОРТ

от 27 декабря 2023 года №466

Статья 1. Внести в Конституционный закон Республики Таджикистан "О выборах депутатов в местные Маджлисы народных депутатов" от 10 декабря 1999 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., № 12, ст. 298; 2007 г., № 5, ст. 353; 2012 г., № 8, ст. 813; 2014 г., № 7, ч. 1, ст. 383, № 11, ст. 640; 2017 г., № 5, ч. 1, ст. 269; 2019 г., № 7, ст. 461) следующие изменения и дополнения:

1. Во всем тексте Конституционного закона слова "настоящим Законом" и "настоящего Закона" соответственно заменить словами "настоящим Конституционным законом" и "настоящего Конституционного закона".

2. Абзац тринадцатый статьи 11 после слова "действия" дополнить словом "(бездействия)".

3. В части четвертой статьи 17 слова "органы общественных объединений" заменить словами "общественные объединения".

4. В названии статьи 21 слово "неправильности" заменить словами "ошибок и неточностей".

5. В статье 24:

- часть первую изложить в следующей редакции:

"Право на выдвижение кандидатов в депутаты местных Маджлисов народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района принадлежит политическим партиям, зарегистрированным Министерством юстиции Республики Таджикистан, а также гражданам путем самовыдвижения. Политические партии вправе выдвигать в депутаты местных Маджлисов народных депутатов лиц, не являющихся членами политических партий.";

- части третью и четвертую исключить.

6. Часть восьмую статьи 25 изложить в следующей редакции:

"В случае самовыдвижения кандидат в депутаты местных Маджлисов народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе представляет 200 подписей, а кандидат в депутаты местных Маджлисов народных депутатов города и района представляет 100 подписей избирателей от данного округа вместе с заявлением.".

7. В части шестой статьи 27 слова "освобождается от обязанностей" заменить словами "прекращает членство".

8. Часть вторую статьи 30 после слова "до" дополнить словом "прохождения".

9. В статье 34:

- в части второй слово "митингов" заменить словом "сборов";

- в части третьей слова "Участковая избирательная комиссия" заменить словами "Избирательная комиссия".

10. Текст статьи 35 после слова "депутаты" дополнить словами "местных Маджлисов народных депутатов" и слово "митингах" заменить словом "сборах".

11. Текст статьи 37 изложить в следующей редакции:

"Запрещается арестовывать, задерживать, принудительно приводить, обыскивать кандидата в депутаты местных Маджлисов народных депутатов без согласия соответствующей областной, городской, районной избирательной комиссии, за исключением задержания на месте совершения преступления.".

12. Часть первую статьи 38 после слова "участковая" дополнить словом "избирательная".

13. Третье предложение статьи 40 изложить в следующей редакции:

"Избиратель, не имеющий возможности самостоятельно заполнить бюллетень, вправе пригласить в кабину или комнату другого лица по своему усмотрению, за исключением лиц, входящих в состав избирательных комиссий, доверенных лиц кандидатов, представителей средств массовой информации, наблюдателей.".

14. В статье 41:

- часть вторую дополнить вторым предложением следующего содержания:

"Погашение неиспользованных избирательных бюллетеней осуществляется путем надрезания нижнего правого угла бюллетеня.";

- во втором предложении части пятой слова "избирательных ящиках" заменить словами "ящиках для голосования";

- дополнить частью шестым следующего содержания:

"Членам избирательной комиссии, за исключением председателя и секретаря комиссии, запрещается при подсчете голосов иметь письменные принадлежности.";

- части шестую и седьмую соответственно считать частями седьмой и восьмой;

- дополнить частью девятой следующего содержания:

"Протокол участковой избирательной комиссии считается действительным, если он подписан более чем половиной членов избирательной комиссии.".

15. Часть вторую статьи 43 после слова "признать" дополнить словами "в соответствующем округе".

16. Часть вторую статьи 45 изложить в следующей редакции:

"После утверждения соответствующим местным Маджлисом народных депутатов полномочий избранных депутатов им взамен удостоверения об избрании депутатом выдаются удостоверение депутата и соответствующий нагрудный знак.".

17. В части первой статьи 48 слова "за месяц" заменить словами "за 30 дней".

Статья 2. Настоящий Конституционный закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан        Эмомали Рахмон

г. Душанбе

3 января 2024 года №2016