Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2023, № 2014 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 26 декабри соли 2023, № 1191

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 декабри соли 2023, № 462

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5. мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с.2015, №11, мод. 971; с.2016, №7, мод. 629, №11, мод.884; с.2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, №6, мод. 396, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, №2005) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати бистуми қисми 2 моддаи 4 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархати бисту якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ.".

2. Боби 16(11) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"БОБИ 16(11). ПАРДОХТ БАРОИ НОБУДСОЗӢ (УТИЛИЗАТСИЯ)-И ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

Моддаи 63(29). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ

1. Пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ (минбаъд - пардохт) аз ҷониби мақомоти бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми ба қайди давлатӣ гузоштани воситаҳои нақлиёти автомобилӣ пас аз барасмиятдарории гумрукии воситаҳои нақлиёти автомобилии ба ҷумҳурӣ воридгардида ва ҳангоми гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ситонида мешавад.

2. Пардохти дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда аз ҳар як воситаи нақлиёти автомобилӣ як маротиба ситонида шуда, аз натиҷаи он ба соҳиби воситаи нақлиёт талон оид ба супоридани маблағи пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дода мешавад, ки он то давраи нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаи нақлиёти автомобилӣ эътибор дорад.

Моддаи 63(30). Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд.

Моддаи 63(31). Имтиёзҳо

Аз супоридани пардохт озод карда мешаванд:

- намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия гардидаанд, бо шарти аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпас баровардани воситаҳои нақлиёти автомобилии қаблан вориднамудаи онҳо;

- воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан ворид карда шудаанд.

Моддаи 63(32). Меъёрҳои пардохт

Меъёрҳои пардохт барои нобудсозӣ (утилизатсия)-и воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 27 декабри соли 2023, № 2014

Закон Республики Таджикистан

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИНЫХ ОБЯЗАТЕЛЬНЫХ ПЛАТЕЖАХ В БЮДЖЕТ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 26 декабря 2023 года, №1191

Одобрить Постановлением ММ МОРТ 

от 27 декабря 2023 года, №462

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет" от 28 июля 2006 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2006 г., №7, ст. 345; 2009 г., №5, ст. 327; 2010 г., №1, ст. 3; 2011 г., №12, ст. 848; 2013 г., №3, ст. 191; 2015 г., №11, ст. 971; 2016 г., №7, ст. 629, №11, ст. 884; 2019 г., №4-5, ст. 230, №6, ст. 324, ст. 325; 2021 г., №6, ст. 396, Закон Республики Таджикистан от 13 ноября 2023 года, №2005) следующие изменение и дополнения:

1. В абзаце двадцатом части 2 статьи 4 знак точки заменить знаком точки с запятой ";" и дополнить абзацем двадцать первым следующего содержания:

"- плата за утилизацию автомобильных транспортных средств.".

2. Дополнить главой 16(11) следующего содержания:

"ГЛАВА 16(11). ПЛАТА ЗА УТИЛИЗАЦИЮ АВТОМОБИЛЬНЫХ ТРАНСПОРТНЫХ СРЕДСТВ

Статья 63(29). Положение о взимании платы за утилизацию автомобильных транспортных средств

1. Плата за утилизацию автомобильных транспортных средств (далее - плата) взимается органами государственной автомобильной инспекции во время постановки на государственный учет автомобильного транспортного средства после таможенного оформления автомобильного транспортного средства, ввезенного в республику и во время проведения обязательного государственного технического осмотра автомобильных транспортных средств.

2. Плата, предусмотренная в части 1 настоящей статьи, взимается с каждого автомобильного транспортного средства однократно, в результате чего владельцу транспортного средства выдается талон о выплате за утилизацию автомобильных транспортных средств, действующая до периода утилизации автомобильного транспортного средства.

Статья 63(30). Плательщики платы

Плательщиками платы являются физические и юридические лица.

Статья 63(31). Льготы

От взимания платы освобождаются:

- дипломатические представительства, консульские учреждения зарубежных стран и международные организации, аккредитованные в Республике Таджикистан, с условием обратного вывоза автомобильного транспортного средства из территории Республики Таджикистан, ввезённого ими ранее;

- автомобильное транспортное средство, временно ввезенное на территорию Республики Таджикистан физическими и юридическими лицами согласно требованиям нормативных правовых актов.

Статья 63(32). Ставки платы

Ставки платы за утилизацию автомобильных транспортных средств устанавливаются Правительством Республики Таджикистан.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан         Эмомали Рахмон

г.Душанбе

27 декабря 2023 года №2014