ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2023"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 декабри соли 2023, № 1189
қабул карда шудааст
Моддаи 1. Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023" аз 7 декабри соли 2022 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2022, №12, қ. 2, мод. 758; с. 2023, №4-6, мод. 150; №7-10, мод. 311) қисми 15 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"15. Воридоти техникаву таҷҳизоти замонавӣ (трап, лифтҳои махсус барои мусофирон, эскалаторҳо, автокран, таҷҳизоти барқдиҳандаи ҳавопаймо) барои азнавсозии аэровокзали Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд" аз андоз аз арзиши иловашуда ва андози аксиз ба андозаи 50 фоизи меъёри муқарраршуда, инчунин аз боҷи гумрукӣ пурра озод карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 27 декабри соли 2023, № 2013