Низомномаи Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2023, № 533

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2023, № 533

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 ноябри соли 2023, № 533

Низомномаи Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомнома) мақсад вазифаҳо, ваколатҳо ва ташкили фаъолияти Комиссияи батанзимдарории расмиёти гумрукӣ ҳангоми воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Комиссия)-ро муайян менамояд.

2. Комиссия мақоми байниидоравии машваратӣ оид ба таъмини фаъолияти ҳамоҳангшуда ва ҳамкории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи назорати гумрукӣ мебошад.

3. Комиссия дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ КОМИССИЯ

4. Мақсадҳои асосии Комиссия аз инҳо иборатанд:

- ҳамоҳангсозии умумии фаъолият ва таъмини ҳамкории самарабахши мақомоти давлатие, ки дар таъмини риояи тадбири танзими гумрукии тарифӣ, мамнуият ва маҳдудиятҳо вобаста ба воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок мекунанд;

- таъмини ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ҳангоми амалисозии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ нисбат ба мол ва воситаҳои нақлиёти ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;

- омода намудани пешниҳодҳо оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати гумрукӣ бо мақсади таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути батанзимдарории маҶмуии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи гумрук, фаъол сохтани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон, субъектҳои хоҷагидорӣ ва мақомоти давлатӣ ва аз ҷониби онҳо риоя намудани уҳдадориҳо дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;

...

Приложение 2 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 ноября 2023 года, №533

Приложение 2 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 28 ноября 2023 года, №533

Положение о Комиссии по регулированию таможенных процедур при ввозе товаров и транспортных средств на территорию Республики Таджикистан

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о Комиссии по регулированию таможенных процедур при ввозе товаров и транспортных средств на территорию Республики Таджикистан (далее - Положение) определяет цели и задачи, полномочия и организацию деятельности Комиссии по регулированию таможенных процедур при ввозе товаров и транспортных средств на территорию Республики Таджикистан (далее - Комиссия).

2. Комиссия является межведомственным коллегиальным органом по обеспечению согласованного функционирования и взаимодействия центральных исполнительных органов государственной власти в области таможенного контроля.

3. Комиссия в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан, а также настоящим Положением.

2. ЦЕЛИ И ЗАДАЧИ КОМИССИИ

4. Основными целями Комиссии являются:

- общая координация деятельности и обеспечение эффективного взаимодействия государственных органов, обеспечивающих соблюдение мер таможенно-тарифного регулирования, запретов и ограничений, связанных с ввозом товаров и транспортных средств на таможенную территорию Республики Таджикистан;

- обеспечение защиты государственных интересов при осуществлении внешнеэкономической деятельности в отношении ввозимых товаров и транспортных средств на таможенную территорию Республики Таджикистан;

- подготовка предложений по основным направлениям государственной политики в области таможенного контроля в целях обеспечения экономической безопасности Республики Таджикистан посредством системного регулирования общественных отношений в таможенной области, активизации экономических отношений Республики Таджикистан в системе международных экономических отношений, обеспечения защиты прав граждан, хозяйственных субъектов и государственных органов и соблюдение ими обязательств в сфере таможенного дела;

...