Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 2011 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1115

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 433

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" аз 5 марти соли 2007 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156; с. 2017, № 1-2, мод. 28, мод. 29, № 5, қ. 1, мод. 290; с. 2018, № 7-8, мод. 526; с. 2019, № 4-5, мод. 225; с. 2020, № 1, мод. 18) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар тамоми матни Қонуни мазкур калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадор", "мӯҳлати", "мӯҳлатноки", "сӯҳбат", "кӯмакпулӣ", "кӯмакпулии", "кӯмакпулиҳо" мувофиқан ба калимаҳои "уҳдадориҳои", "Уҳдадориҳои", "уҳдадор", "муҳлати", "муҳлатноки", "суҳбат", "кумакпулӣ", "кумакпулии", "кумакпулиҳо" иваз ва пас аз калимаҳои "Мақоми ваколатдори" ва "мақоми ваколатдори" мувофиқан калимаҳои "давлатӣ дар" илова карда шаванд.

2. Моддаи 8(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 8(1). Санҷиши ҳолати риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ метавонад санҷиши фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба риояи қонунгузории соҳаи хизмати давлатӣ гузаронад. Қоидаҳои гузарондани санҷиш аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".

3. Дар сархати нуҳуми моддаи 16 ва матни моддаи 31 калимаҳои "мубориза бар зидди коррупсия" ба калимаҳои "муқовимат ба коррупсия" иваз карда шаванд.

4. Дар сархати дуюми моддаи 30 калимаҳои "шаҳрвандон ва шахсони" ба калимаҳои "шахсони воқеӣ ва" иваз карда шаванд.

5. Дар сархати сеюми қисми 2 моддаи 39 аломати нуқтавергул ";" ба аломати нуқта иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 2011