Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 2008 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2023, № 1127

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023,  № 430

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 194; с. 2013, №7, мод. 525; с. 2018, №1, мод. 32; с. 2019, №6, мод. 331; с. 2020, №7-9, мод. 617) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 6 моддаи 29 калимаҳои "пардохти маблағ барои пешниҳод намудани" ба калимаҳои "ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани маблағ барои пешниҳоди" иваз карда шаванд.

2. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 32 калимаҳои "(ба ариза пардохтномаи хизматрасонии мақоми бақайдгиранда замима мегардад)" хориҷ карда шаванд.

3. Дар қисми 2 моддаи 35 калимаи "пардохти" ба калимаҳои "ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 2008