ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАВЛАТӢ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1125
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 429
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ" аз 2 апрели соли 2020 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2020, №4-5, мод. 236) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
- матни модда қисми якум ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад;
- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Маблағи хизматрасониҳои давлатии музднок тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 ноябри соли 2023, № 2007