ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1123
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 428
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460, №12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8, мод. 10, №12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, №5, мод. 368; с. 2019, №4-5, мод. 231; с. 2020, №1, мод. 26, №7-9, мод. 615; с. 2023, №1-3, мод. 15, мод. 16) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Боҷи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоби боҷсупоранда бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.";
- ба қисми 4 пас аз калимаи "пурра" калимаҳои "тариқи ғайринақдӣ" илова карда шаванд;
- дар қисми 7 калимаи "дода" ба калимаҳои "тариқи ғайринақдӣ пардохт карда" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 ноябри соли 2023, № 2006
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ ПОШЛИНЕ"
Принят постановлением МН МОРТ
от 11 октября 2023 года, №1123
Одобрить Постановлением ММ МОРТ
от 3 ноября 2023 года, №428
Статья 1. Внести в статью 6 Закона Республики Таджикистан "О государственной пошлине" от 28 февраля 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 51; 2005 г., №12, ст. 630; 2006 г., №12, ст. 541; 2008 г., №6, ст. 460, №12, ч. 2, ст. 1000; 2009 г., №3, ст. 88; 2010 г., №1, ст. 8, ст. 10, №12, ч. 1, ст. 823; 2012 г., №12, ч. 1, ст. 999; 2013 г., №3, ст. 190; 2014 г., №7, ч. 2, ст. 408; 2015 г., №11, ст. 968, ст. 969, ст. 970; 2016 г., №5, ст. 368; 2019 г., №4-5, ст. 231; 2020 г., №1, ст. 26, №7-9, ст. 615; 2023 г., №1-3, ст. 15, ст. 16) следующие изменения и дополнение:
- часть 1 изложить в следующей редакции:
"1. Государственная пошлина уплачивается в безналичной форме со счета плательщика в национальной валюте через финансово-кредитные организации и иную инфраструктуру для приема безналичных платежей.";
- часть 4 после слова "полностью" дополнить словами "в безналичной форме";
- в части 7 слово "выдана" заменить словами "уплачена в безналичной форме".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие через 1 месяц после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 13 ноября 2023 года №2006