ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1121
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 427
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" аз 28 июли соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 345; с. 2009, №5, мод. 327; с. 2010, №1, мод. 3; с. 2011, №12, мод. 848; с. 2013, №3, мод. 191; с. 2015, №11, мод. 971; с. 2016, №7, мод. 629, №11, мод. 884; с. 2019, №4-5, мод. 230, №6, мод. 324, мод. 325; с. 2021, №6, мод. 396) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 5:
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Пардохтҳои ҳатмии дар Қонуни мазкур пешбинишуда тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешаванд.";
- қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
2. Қисми 2 моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"2. Хироҷ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.".
3. Дар моддаи 29:
- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"6. Хироҷ пардохта мешавад:
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ;
- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон - тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ ба ҳисоби бонкии махсус (транзит)-и намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ.";
- аз қисми 8 калимаҳои "бо пули нақд" хориҷ карда шаванд.
4. Дар моддаи 54:
- ба қисми 1 пас аз калимаи "иҷозат" калимаҳои "тариқи ғайринақдӣ" илова карда шаванд;
- қисмҳои 2 ва 3 хориҷ карда шаванд;
- қисми 4 қисми 2 ҳисобида шавад.
5. Қисми 3 моддаи 55 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"3. Пардохт барои истифодаи ҷангал то гирифтани билети ҷангал тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ сурат мегирад.".
6. Қисми 1 моддаи 63 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Пардохти маблағ тариқи ғайринақдӣ бо роҳи гузаронидани маблағ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 ноябри соли 2023, № 2005