Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 2004 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2023, № 1066

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 426

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 331; с. 2010, №7, мод. 555; с. 2011, №12, мод. 846; с. 2013, №11, мод. 786; с. 2014, №11, мод. 663; с. 2018, №7-8, мод. 532; с. 2019, №6, мод. 328; с. 2020, №7-9, мод. 628) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 3:

- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳои пешбининамудаи кисмҳои 1 ва 4 моддаи мазкур бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ метавонад дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим, ки тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) он бо санади меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад, озмоиш карда шавад.";

- қисми 5 қисми 6 ҳисобида шавад.

2. Дар қисми 7 моддаи 17 калимаҳои "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" ба калимаҳои "Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 48:

- сархати якуми қисми 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар бораи мавҷудияти суратҳисобҳои бонкӣ ва воситаҳои пардохтӣ, соҳибон ва дорандагони онҳо, дар бораи маблағҳои пулии дар онҳо мавҷуда ва амалиёти бо ин суратҳисобҳо ва воситаҳои пардохтӣ иҷрошавандаи муштариён;";

- ба қисми 3 сархатҳои дуюм ва сеюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- ба дорандагони воситаҳои пардохтӣ ё намояндагони онҳо;

- ба шахсони аз тарафи ташкилоти қарзӣ барои амалисозии супориши муштарӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ҷалбгардида - дар доирае, ки барои амалисозии амалиёти бонкии супоришшуда зарур мебошад;";

- сархати нуҳуми қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ба мақомоти андоз вобаста ба суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда ва андозсупорандагоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз қабул гардидааст ва (ё) андозсупорандагони бемасъулият эътироф шудаанд - дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми андоз якҷо бо замимаи нусхаи фармоиш ё қарори дахлдори мақоми андоз.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                     Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 2004