Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 2003 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2023, № 1064

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 425

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 435; с.2014, №7, қ. 2, мод. 409, мод. 410; с. 2018, №7-8, мод. 531; с. 2019, №7, мод. 474; с. 2020, №7-9, мод. 627) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар матни Қонун калимаҳои "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадориҳое", "ӯҳдадориҳо", "ӯҳдадориҳоеро", "ӯҳда", "ӯҳдадорӣ", "ӯҳдадориҳояш", "ӯҳдаи", "ӯҳдадории", "ӯҳдадориҳои", "ӯҳдадор", "ӯҳдадоранд", "мӯҳлати", "мӯҳлатҳои", "дарозмӯҳлат", "мӯҳлатнок", "кӯтоҳмӯҳлат", "мӯҳлатҳое", "мӯҳлат", "мӯҳлатро", "мӯҳлаташро","мӯҳлаташон", "фавқулодда", "фавқулоддаю", "фавқулоддаи" ва "фавқулоддае" мувофиқан ба калимаҳои "уҳдадориҳои", "уҳдадориҳое", "уҳдадориҳо", "уҳдадориҳоеро", "уҳда", "уҳдадорӣ", "уҳдадориҳояш", "уҳдаи", "уҳдадории", "Уҳдадориҳои", "уҳдадор", "уҳдадоранд", "муҳлати", "муҳлатҳои", "дарозмуҳлат", "муҳлатнок", "кутоҳмуҳлат", "муҳлатҳое", "муҳлат", "муҳлатро", "муҳлаташро", "муҳлаташон", "фавқулода", "фавқулодаю", "фавқулодаи" ва "фавқулодае" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 2:

- дар сархати бисту ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархатҳои бисту ҳаштум ва бисту нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) - яке аз бахшҳои асосии сиёсати макроиқтисодии давлат ба ҳисоб рафта, баҳри ноил шудан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути истифодаи воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) татбиқ карда мешавад;

- коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон - яке аз воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ), ки бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар иқтисодиёт ва идоракунии сатҳи пардохтпазирии кутоҳмуддати ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули миллӣ тавассути сабт дар суратҳисобҳои алоҳидаи амонатнигоҳдорандаи Бонки миллии Тоҷикистон бароварда мешаванд.".

3. Дар моддаи 4:

- дар сархати якум калимаҳои "ва муовинони" ба аломат ва калимаҳои ", муовини якум ва муовинони" иваз карда шаванд;

- дар сархати сеюм калимаҳои "ҳисоботи солонаи Бонки миллии Тоҷикистон ва хулосаи аудиториро" ба калимаҳои "ҳисоботи солона ва хулосаи аудиторӣ ба ҳисоботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистонро" иваз карда шаванд;

- дар сархати чорум калимаи "дурнамои" ба калимаҳои "маълумот оид ба самтҳои асосии" иваз карда шавад.

4. Муқаддимаи қисми 2 моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Мақсадҳои иловагии Бонки миллии Тоҷикистон, ки бо дарназардошти бартарияти мақсади асосии он амалӣ карда мешаванд, инҳоянд:".

5. Дар моддаи 6:

- ба қисми 1 сархати дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- фароҳам овардани шароити зарурӣ бо мақсади аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ амалӣ гардидани озмоиши пешниҳоди хизматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар доираи таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзим;";

- ба қисми 2 пас аз калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" калимаҳои "барои амалӣ намудани мақсадҳои худ" илова карда шаванд.

6. Дар қисми 3 моддаи 10 аломат ва калимаҳои ", суратҳисоби арзиши азнавбаҳодиҳии истифоданагардида" ба калимаҳои "ҳисоби тавозунии захираи азнавбаҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо ва асъори хориҷӣ" иваз карда шаванд.

7. Дар моддаи 11:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 11. Буҷети Бонки миллии Тоҷикистон";

- дар қисми 1 калимаҳои "сметаи даромад ва хароҷоте" ба калимаи "буҷете" иваз карда шаванд;

- дар қисми 2 калимаҳои "Сметаи даромад ва хароҷот" ба калимаҳои "Буҷети Бонки миллии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

8. Матни моддаи 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандаи андоз аз даромад намебошад.".

9. Номи боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 3. СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ (МОНЕТАРӢ)".

10. Дар моддаи 14:

- дар номи модда калимаи "пулӣ" ба калимаҳои "пулию қарзӣ (монетарӣ)" иваз карда шавад;

- дар қисмҳои 1, 2, 3 ва 5 калимаҳои "пулии" ва "пулӣ" мувофиқан ба калимаҳои "пулию қарзии (монетарии)" ва "пулию қарзӣ (монетарӣ)" иваз карда шаванд;

- дар қисми 4 калимаи "дурнамои" ба калимаҳои "самтҳои асосии" иваз карда шавад.

11. Матни моддаи 15 қисми 1 ҳисобида ва рақамгузорӣ шуда, қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Бонки миллии Тоҷикистон воситаҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудаанд, истифода менамояд.".

12. Ба номи моддаи 16 пас аз калимаи "фоизӣ" калимаҳои "аз рӯи амалиёти Бонки миллии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

13. Ба қисми 2 моддаи 17 пас аз калимаи "Раёсат" калимаҳои "бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дар намуди фоизи муайян" илова карда шаванд.

14. Қисми 2 моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Маҳдудкунии миқдории бевоситаи Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудани меъёри бозтамвил, маблағи умумии қарз ба иқтисодиёт, манъ ва ё маҳдуд намудани иштироки ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар амалиётҳои сиёсати пулию қарзии (монетарии) Бонки миллии Тоҷикистон, манъ ва ё маҳдуд намудани иҷрои баъзе амалиёти бонкӣ ва амалиёти дигарро аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ифода мекунад.".

15. Дар матни моддаи 20 калимаи "дурнамои" ба калимаҳои "самтҳои асосии" иваз карда шавад.

16. Моддаи 22(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 22(1).Танзими асъор ва амалиёти асъорӣ

Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани фишорҳои қурбии таваррумӣ ва бо мақсади нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ танзими асъор ва амалиёти асъориро ҳамчун воситаи сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) истифода менамояд.".

17. Дар қисми 3 моддаи 23 калимаҳои "яке аз муовинонаш" ва "ҷаласаҳои" мувофиқан ба калимаҳои "муовини якум ё муовини дигар" ва "маҷлисҳои" иваз карда шаванд.

18. Дар моддаи 24:

- ба ҷумлаи якуми қисми 1 пас аз калимаҳои "миллии Тоҷикистон" калимаҳои "таҳти меъёри фоизи бозтамвил, ки дар рӯзи бастани созишнома амал мекунад," илова карда шаванд;

- ба қисми 2 пас аз калимаи "онҳо" аломату калимаҳои ", инчунин дар бозори дуюмдараҷа, агар он бо мақсади сиёсати пулию қарзӣ (монетарӣ) алоқаманд набошад," илова карда шаванд.

19. Моддаи 41 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 41. Фоида ва зиёни асъорӣ

1. Фоида ё зиёни асъории татбиқнашуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо дар шакли металлҳои қиматбаҳо алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии нарх ва қурби мубодилавии асъори ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, дар ҳисоби тавозунии махсус (захираи азнавбаҳодиҳии металлҳои қиматбаҳо)-и қисми сармояи ҳисобот оид ба ҳолати молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешавад ва ба даромад ва хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда намешавад.

2. Фоида ё зиёни асъории татбиқшуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо дар шакли металлҳои қиматбаҳо алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии нарх ва қурби мубодилавии асъори ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, ба даромад ё хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда мешавад.

3. Фоида ё зиёни асъории татбиқшуда ва татбиқнашуда, ки ба тағйирёбии баҳои дороиҳо ва уҳдадориҳо бо асъори хориҷӣ ва ҳуқуқҳои махсуси қарзгирӣ алоқаманд буда, вобаста ба тағйирёбии қурби мубодилавии ин дороиҳо ва уҳдадориҳо нисбат ба пули миллӣ ба вуҷуд омадааст, дар охири соли молиявӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ба даромад ё хароҷоти давраи ҳисоботӣ дохил карда мешавад.

4. Фоида ва зиёни асъории дар қисмҳои 1-3 моддаи мазкур пешбинигардида ба буҷети Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда намешаванд.".

20. Дар моддаи 42:

- ба қисми 5 пас аз калимаи "дохилӣ" аломат ва калимаҳои ", талаботи дастрасии шахсони сеюм ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ" илова карда шаванд;

- қисмҳои 6 ва 7 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"6. Бонки миллии Тоҷикистон бо санади меъёрии ҳуқуқии худ тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзимро муқаррар менамояд, ки дар доираи он ба ташкилоти қарзии молиявии манфиатдор ва ба талаботи нисбат ба фаъолияти он муқарраршуда ҷавобгӯ дар сатҳи баробар ваколати дар муҳити маҳдуди таҳти назорат (аз рӯи ҳудуд, аз рӯи вақт, аз рӯи миқдор ва ҳаҷми амалиёт, истифодабарандагон ва ғайра) озмоиш намудани анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳо бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ пешниҳод карда мешавад.

7. Натиҷаи татбиқи реҷаи махсуси танзим барои пешниҳод ҷиҳати такмили қонунгузорӣ истифода карда мешавад.".

21. Дар қисми 1 моддаи 54, моддаи 55(1), сархати сеюми моддаи 56 ва қисмҳои 3 ва 8 моддаи 58(1) калимаҳои "пасандозҳои шахсони воқеӣ", "Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ", "суғурташудаи шахсони воқеӣ" мувофиқан ба калимаҳои "амонату пасандозҳо", "Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон" ва "суғурташуда" иваз карда шаванд.

22. Дар моддаи 62(1):

- қисмҳои 2, 3 ва 4 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ барои ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ талаботи таъминоти барномавию техникӣ, инчунин талаботи дастрасии шахсони сеюмро ба низомҳои иттилоотии ташкилотҳои ғайриқарзии молиявӣ муқаррар менамояд.

3. Бонки миллии Тоҷикистон бо санади меъёрии ҳуқуқии худ тартиб ва шартҳои таъсис ва татбиқи (гузаронидани) реҷаи махсуси танзимро муқаррар менамояд, ки дар доираи он ба ташкилоти ғайриқарзии молиявии манфиатдор ва ба талаботи нисбат ба фаъолияти он муқарраршуда ҷавобгӯ дар сатҳи баробар ваколати дар муҳити маҳдуди таҳти назорат (аз рӯи ҳудуд, аз рӯи вақт, аз рӯи миқдор ва ҳаҷми амалиёт, истифодабарандагон ва ғайра) озмоиш намудани анҷомдиҳии хизматрасониҳо бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ пешниҳод карда мешавад.

4. Натиҷаи татбиқи реҷаи махсуси танзим барои пешниҳод ҷиҳати такмили қонунгузорӣ истифода карда мешавад.";

- қисми 2 қисми 5 ҳисобида шавад.

23. Дар моддаи 70:

- дар муқаддима калимаи "ҳисобот" ба калимаҳои "ҳисоботи солона" иваз карда шавад;

- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- ҳисоботи молиявӣ, ки аз ҳисобот оид ба ҳолати молиявӣ, ҳисобот оид ба фоида ва зиён ва дигар даромади маҷмуӣ, ҳисобот оид ба тағйирот дар сармояи худӣ, ҳисобот оид ба гардиши воситаҳои пулӣ ва тавзеҳоти ҳисоботи молиявӣ бо шарҳи муқаррароти назарраси сиёсати ҳисобдории Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар маълумоти тавзеҳотӣ иборат мебошад;";

- сархати дуюм хориҷ карда шавад.

24. Дар моддаи 73 пас аз калимаи "аудиторӣ" калимаҳои "ба ҳисоботи молиявӣ" илова карда шаванд.

25. Дар моддаи 74:

1) қисми 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Раёсат аз раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва ду муовини ӯ, панҷ аъзои мустақил иборат мебошад.";

2) қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Аъзои мустақили Раёсат бо пешниҳоди дар Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқакардашудаи раис аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.";

3) дар қисми 4:

- калимаҳои "ва муовинони" ба аломат ва калимаҳои ", муовини якум ва муовинони" иваз карда шаванд;

- дар ҷумлаи дуюм пас аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "ва муовини якуми ӯ" илова карда шуда, калимаи "мешавад" ба калимаи "мешаванд" иваз карда шавад;

- ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Номзадии ду муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба аъзои Раёсат бо пешниҳоди раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.";

4) дар қисми 5 калимаи "муовинони" ба калимаҳои "муовини якум ва муовинони" иваз карда шавад;

5) дар қисми 6 калимаҳои "ва муовинони" ба аломат ва калимаҳои ", муовини якум ва муовинони" иваз карда шаванд;

6) дар қисми 7:

- дар сархати дуюм калимаи "муовинони" ба калимаҳои "муовини якум ва муовинони" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюм калимаи "чор" ба калимаи "шаш" иваз карда шавад;

7) дар қисми 8 калимаи "муовинони" ба калимаҳои "муовини якум ва муовинони" иваз карда шавад;

8) қисми 9 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"9. Аъзои мустақили Раёсат аз ҳисоби омӯзгорони собиқаи заруридоштаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, муассисаҳои илмии иқтисодӣ ва ё аз ҳисоби собиқадороне, ки аз соҳаҳои иқтисод, молия, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит ва бонкдорӣ ба нафақа баромадаанд ва дар мақомоти давлатӣ вазифаи хизматиро ишғол наменамоянд, инчунин шахсони мансабдори ҳизбҳои сиёсӣ намебошанд, таъин карда мешаванд. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон барои аъзои мустақил подошпулӣ муқаррар менамояд.";

9) дар қисми 10 калимаи "муовинони" ба калимаҳои "муовини якум ва муовинони" иваз карда шавад;

10) қисмҳои 4, 5, 6, 7, 8, 9 ва 10 мувофиқан қисмҳои 5, 6, 7, 8, 9, 10 ва 11 ҳисобида шаванд;

11) қисми 12 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"12. Маоши вазифавии раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, подошпулии аъзои мустақили Раёсат дар давоми муҳлати таъини онҳо кам карда намешавад ва ҳарсола дар буҷети Бонки миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.".

26. Дар моддаи 75:

1) дар қисми 1:

- дар муқаддима калимаи "муовинони" ба калимаҳои "муовини якум ва муовинони" иваз карда шуда, пас аз калимаи "Раёсат" калимаҳои "аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

- сархати шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- суиистифода аз вазифа, яъне ба амал баровардани ҳуқуқ, ваколатҳо ва мавқеи бо вазифаи ишғолнамуда алоқаманд бархилофи манфиатҳо, мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва субъектҳои дигар ё дар робита ба манфиати субъектҳои алоҳида, ба зарари Бонки миллии Тоҷикистон ё субъекти дигар, ҷиҳати маҳдудкунии рақобат ва ё фароҳам овардани мавқеи ҳукмфармо ё додани афзалият ҳангоми қабули қарорҳо, инчунин бо шаклҳои дигари ба талаботи қонунгузорӣ, принсипҳои асоснокӣ ва поквиҷдонӣ мухолиф, агар ин ҳолатҳо бо далелҳои кофӣ тасдиқ карда шаванд;";

- дар сархати ҳафтум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- бархӯрди манфиатҳо, ки тибқи қонунгузорӣ барои идома додани кор иҷозат намедиҳад;

- аз даст додани боварӣ ба узви Раёсат дар натиҷаи аз ҷониби ӯ содир шудани амалҳои ба мақсад ва вазифаҳои Бонки миллии Тоҷикистон мухолиф;

- бо сабаби ба кори дигар гузарондан.";

2) қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Раёсат дар бораи ҳамаи асосҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, ки ба он маълум шудааст, бетаъхир ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.";

3) қисмҳои 2 ва 3 мувофиқан қисмҳои 3 ва 4 ҳисобида шаванд.

27. Дар қисми 1 моддаи 77:

"- сиёсати пулию қарзии (монетарии) давлатро таҳия ва қоидаҳои татбиқи воситаҳои сиёсати пулию қарзиро (монетариро) муқаррар менамояд;";

- дар сархати дуюм калимаи "дурнамои" ба калимаҳои "самтҳои асосии" иваз карда шавад;

- дар сархати понздаҳум калимаҳои "сметаи даромад ва хароҷоти" ба калимаи "буҷети" иваз карда шаванд.

28. Дар моддаи 78:

- ба қисми 1 пас аз калимаи "муовини" калимаи "ивазкунандаи" илова карда шавад;

- дар қисми 4 калимаҳои "аз нисф зиёди" ба калимаҳои "аз се ду ҳиссаи" иваз карда шаванд;

- қисми 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"6. Ҳар як узви Раёсат, ки дар маҷлис ҳузур дорад ва дорои ҳуқуқи овоздиҳӣ мебошад, ҳуқуқи як овозро дорад, ба истиснои:

- тақсими баробари овозҳо, ки дар ин ҳолат раиси маҷлис дорои овози ҳалкунанда мебошад;

- агар аъзои мустақили дар маҷлис ҳузурдошта нисбат ба аъзои аз ҳисоби роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон дар маҷлис ҳузурдошта бештар набошанд, ки дар ин ҳолат ҳар як узви мустақил ду овоз дорад.".

29. Дар қисмҳои 1 ва 3 моддаи 79 калимаҳои "ва муовинони" ба аломат ва калимаҳои ", муовини якум ва муовинони" иваз карда шаванд.

30. Дар моддаи 80:

- дар қисмҳои 1 ва 2 калимаи "хизматчиёни" ба калимаи "кормандони" иваз карда шавад;

- қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3. Роҳбарият ва хизматчиёни Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд ба кори дигари музднок машғул шаванд, ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ.";

- дар муқаддимаи қисми 3 калимаҳои "Роҳбарият ва хизматчиёни" ба калимаҳои "Аъзои Раёсат ва кормандони" иваз карда шуда, сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- дар мақомоти давлатӣ вазифаи хизматиро ишғол намоянд, инчунин шахсони мансабдори ҳизбҳои сиёсӣ бошанд;";

- қисмҳои 3, 4, 5 ва 6 мувофиқан қисмҳои 4, 5, 6 ва 7 ҳисобида шаванд;

- қисми 8 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"8. Аъзои мустақили Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди ба вазифа тасдиқ шуданашон ва аввали ҳар сол ба Раёсат дар бораи манфиатҳои бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ (қарзҳои бонкӣ, пасандозҳо, саҳмияҳо ва коғазҳои қиматноки дигари ташкилотҳои қарзии молиявӣ), ки молики онҳо худашон ё фарзандони онҳо ва шахсони дигаре мебошанд, ки бо онҳо хоҷагии умумӣ доранд, дар шакли хаттӣ маълумот пешниҳод менамоянд. Раёсат ин маълумотро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.".

31. Дар қисми 1 моддаи 82 калимаи "солонаи" ба калимаи "молиявии" иваз карда шавад.

32. Қисми 2 моддаи 84 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Кумитаи аудит аз се нафар аъзои Раёсат, ки аз ҳисоби аъзои мустақили Раёсат интихоб мегарданд, иборат мебошад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 2003