ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 октябри соли 2023, № 1133
қабул карда шуд
қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 423
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2004, №12, қ. 2, мод. 703, мод. 704; с. 2006, №3, мод. 159; с. 2007, №7, мод. 681; с. 2008, №6, мод. 459, №10, мод. 818; с. 2011, №3, мод. 160, №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод. 250, №7, мод. 695, мод. 724, №8, мод. 818, №12, қ. 1, мод. 1000; с. 2013, №12, мод. 879; с. 2015, №3, мод. 211; с. 2016, №3, мод. 151, №7, мод. 625, №11, мод. 882; с. 2017, №5, қ. 1, мод. 278, мод. 279; с. 2018, №2, мод. 68, №7-8, мод. 528; с. 2019, №4-5, мод. 228, №6, мод. 323; с. 2020, №1, мод. 24, №12, мод. 920; с. 2021, №1-2, мод. 18; с. 2022, №1-3, мод. 19, №7, мод. 448, №12, қ. 2, мод. 772), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 40) қисми 1 моддаи 10 пас аз калимаҳои "қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "тариқи ғайринақдӣ" илова карда шаванд.
2. Дар банди 1) қисми 2 моддаи 86 калимаҳои "хазинаи мақоми гумрук ё ба ҳисобномаи ҳама гуна" ба калимаҳои "суратҳисоби депозитии" иваз карда шаванд.
3. Қисми 1 моддаи 309 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҷониби шахсони воқеӣ ҳангоми эъломиякунонии мол дар шакли хаттӣ тариқи ғайринақдӣ пардохта мешаванд. Ба шахсе, ки боҷҳои гумрукӣ ва андозро пардохт намудааст, нусхаи супоришномаи пардохт, ки шакли онро мақомоти гумрук дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, тариқи электронӣ ирсол карда мешавад.".
4. Дар моддаи 375:
- аз қисми 2 калимаҳои "хазина ё" хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои "ба хазинаи мақоми гумрук супоридан ё" хориҷ карда шаванд".
5. Дар моддаи 376:
- аз қисми 1 калимаҳои "ба хазинаи мақоми гумрук супорида ё" хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаи "супорида" ба калимаҳои "бо тариқи ғайринақдӣ пардохт карда" иваз карда шавад.
6. Дар моддаи 377:
- банди 1) дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1) аз лаҳзаи пардохт тариқи ғайринақдӣ;";
- банди 2) хориҷ карда шавад;
- бандҳои 3)-6) мутаносибан бандҳои 2)-5) ҳисобида шаванд.
7. Аз банди 3) қисми 1 моддаи 385 калимаҳои "ба хазинаи мақоми гумрук ё" хориҷ карда шаванд.
8. Дар моддаи 390:
- аз қисми 1 калимаҳои "хазина ё" хориҷ карда шаванд;
- аз қисми 5 калимаҳои "ба хазинаи мақомоти гумрук ё" хориҷ карда шаванд.
9. Дар моддаи 398:
- дар қисми 2 калимаҳои "ҳисобнома ё хазинаи" ба калимаи "ҳисобномаи" иваз карда шаванд;
- қисми 4 дар таҳири зерини ифода карда шавад:
"4. Гарави пулӣ тариқи ғайринақдӣ баргардонида мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 ноябри соли 2023, № 2001
Закон Республики Таджикистан
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ТАМОЖЕННЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
Принят постановлением МН МОРТ
от 11 октября 2023 года, №1133
Одобрить Постановлением ММ МОРТ
от 3 ноября 2023 года, №423
Статья 1. Внести в Таможенный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 3 декабря 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №12, ч. 2, ст. 703, ст. 704; 2006 г., №3, ст. 159; 2007 г., №7, ст. 681; 2008 г., №6, ст. 459, №10, ст. 818; 2011 г., №3, ст. 160, №6, ст. 458; 2012 г., №4, ст. 250, №7, ст. 695, ст. 724, №8, ст. 818, №12, ч. 1, ст. 1000; 2013 г., №12, ст. 879; 2015 г., №3, ст. 211; 2016 г., №3, ст. 151, №7, ст. 625, №11, ст. 882; 2017 г., №5, ч. 1, ст. 278, ст. 279; 2018 г., №2, ст. 68, №7-8, ст. 528; 2019 г., №4-5, ст. 228, №6, ст. 323; 2020 г., №1, ст. 24, №12, ст. 920; 2021 г., №1-2, ст. 18; 2022 г., №1-3, ст. 19, №7, ст. 448, №12, ч. 2, ст. 772), следующие изменения и дополнения:
1. Пункт 40) части 1 статьи 10 после слов "законодательством Республики Таджикистан" дополнить словами "в безналичной форме".
2. В пункте 1) части 2 статьи 86 слова "в кассу таможенного органа или на счет любого" заменить словами "на депозитный счет".
3. Часть 1 статьи 309 изложить в следующей редакции:
"1. Таможенные пошлины и налоги уплачиваются физическими лицами при декларировании товаров в письменном виде в безналичной форме. Лицу, уплатившему таможенные пошлины и налоги в электронной форме, отправляется копия платежного поручения, форма которого определяется таможенным органом по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.".
4. В статье 375:
- из части 2 слова "в кассу или" исключить;
- из части 5 слова "внесения их в кассу таможенного органа или" исключить.
5. В статье 376:
- из части 1 слова "в кассу таможенного органа или" исключить;
- часть 2 после слова "уплачиваются" дополнить словами "в безналичной форме".
6. В статье 377:
- пункт 1) изложить в следующей редакции:
"1) с момента уплаты в безналичной форме;";
- пункт 2) исключить;
- пункты 3)-6) соответственно считать пунктами 2)-5).
7. Из пункта 3) части 1 статьи 385 слова "в кассу таможенного органа или" исключить.
8. В статье 390:
- из части 1 слова "в кассу или" исключить;
- из части 5 слова "в кассу таможенного органа или" исключить.
9. В статье 398:
- в части 2 слова "на счет или в кассу" заменить словами и знаком ", на счет";
- часть 4 изложить в следующей редакции:
"Денежный залог возвращается в безналичной форме.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 13 ноября 2023 года №2001