Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2023, № 2000 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2023, № 1060

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 422

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2021 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2021, №12, қ. 1, мод. 681; с. 2022, №1-3, мод. 18; с. 2022, №12, қ. 2, мод. 774; с. 2023, №1-3, мод. 8) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 248 қисми 10 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"10. Арзиши амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили минбаъдаи гази табиӣ, ки мутобиқи сархати ҳаждаҳуми қисми 4 моддаи 251 Кодекси мазкур ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, фарқияти мусбати байни арзиши таҳвили гази табиӣ (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) ва арзиши гумрукии он (бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда) мебошад. Дар ҳолатҳои ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишавандаи моли воридшуда, чунин фарқият барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.".

2. Дар сархати ҳабдаҳуми қисми 4 моддаи 251 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархати ҳаждаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- воридоти гази табиӣ.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2023 мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 январи соли 2023, № 2000