ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" қабул карда шавад.
2. Дурнамои нишондиҳандаҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ барои:
- соли 2025 аз рӯйи даромад ба маблағи 48698616 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 50327306 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1628690 ҳазор сомонӣ ё 1,0 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ;
- соли 2026 аз рӯйи даромад ба маблағи 54556403 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 56407153 ҳазор сомонӣ ва касри буҷет ба маблағи 1850750 ҳазор сомонӣ ё 1,0 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шавад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамуҳлат қарорҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб менамоянд, дар доираи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2024-2026 қабул намояд. Ҳангоми пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025" мувофиқи тағйирёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва рушди соҳаҳои иқтисодиёт нишондиҳандаҳои Буҷети давлатиро барои солҳои 2026-2027 аниқ намояд.
4. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ назорати иҷрои буҷетро ба роҳ монда, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои буҷетиро аз ҷониби маблағгирандагон таҳлил ва ҳангоми зарурат натиҷаи таҳлилро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҳаҷми умумии Буҷети давлатии муқарраршудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба маблағи 42956463 ҳазор сомонӣ ва ҳаҷми умумии хароҷот ба маблағи 44108023 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии хароҷот нисбат ба манбаъҳои маблағгузорӣ 1151560 ҳазор сомонӣ барои иҷро қабул намояд;
- маблағгузории чорабиниҳои дар буҷет пешбинишударо дар доираи маблағҳои тасдиқшуда мутаносибан баробари даромади воқеӣ таъмин намояд;
- бо мақсади кам кардани бақияпулӣ аз рӯйи пардохти андозҳо ва пардохтҳои иҷтимоии солҳои гузашта, бо назардошти зарурати ихтисор кардани қарзи муассисаҳои буҷетӣ аз корхонаҳо ва ташкилотҳо, ки то 1 январи соли 2024 ба вуҷуд омадааст, инчунин қарзи ташкилотҳои буҷетӣ аз рӯйи андозҳо, бо тартиби муқарраргардида бе тағйир додани иҷрои воқеии даромад ва хароҷоти буҷет ҳисоббаробаркуниро байни онҳо гузаронад;
- оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ҳар се моҳ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд;
- дар бораи истифодаи маблағҳои Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисод ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи солона пешниҳод намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма ҳар се моҳ аз рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 маълумот диҳад.
6. Ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки пӯшондани касри буҷети ҷумҳуриявиро ба маблағи 100000 ҳазор сомонӣ бо роҳи барориши векселҳо, инчунин ҷалби грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ амалӣ намояд.
7. Бонки миллии Тоҷикистон:
- якҷоя бо Корхонаи воҳиди давлатии "Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи меъёрҳои муқаррарнамудаи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024" сари вақт ба буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ гузарондани андозу даромадҳоро таъмин намояд;
- аз рӯйи амалиёти вобаста ба хизматрасонии уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати агенти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, иҷрои ҳисобу китоб ва пардохтҳоро оид ба уҳдадориҳои қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- бо мақсади сари вақт иҷро кардани пардохтҳои асъории Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 мубодилаи маблағҳои буҷетиро ба асъори хориҷӣ мувофиқи дархости Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи қурби расмии асъор таъмин намояд;
- барои тамдид намудани муҳлати пардохти қарзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соли 2020 аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҷудо карда шудааст, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то оғози соли навбатии молиявӣ шартномаи дахлдорро ба имзо расонад.
8. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия вогузор карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе,
аз 15 ноябри соли 2023, № 1157
Постановление Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан
О принятии Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год" и прогнозных показателях Государственного бюджета на 2025-2026 годы
В соответствии со статьёй 60 Конституции Республики Таджикистан Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:
1. Принять Закон Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год".
2. Определить прогнозные показатели доходов и расходов Государственного бюджета на:
- 2025 год по доходам в размере 48698616 тысяч сомони, по расходам в размере 50327306 тысяч сомони и дефициту бюджета в размере 1628690 тысяч сомони или 1,0 процента к Валовому внутреннему продукту;
- 2026 год по доходам в размере 54556403 тысяч сомони, по расходам в размере 56407153 тысяча сомони и дефициту бюджета в размере 1850750 тысяч сомони или 1,0 процента к Валовому внутреннему продукту.
3. Правительству Республики Таджикистан на среднесрочный период принимать решения, требующие финансирования за счет Государственного бюджета, в рамках установленных показателей расходов Государственного бюджета на 2024-2026 годы. При представлении проекта Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2025 год" уточнить показатели Государственного бюджета на 2026-2027 годы в соответствии с изменениями в макроэкономических показателях и развитием отраслей экономики.
4. Комитетам Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан в рамках своих полномочий осуществлять контроль исполнения бюджета, анализировать целевое и эффективное использование бюджетных средств их получателями, и при необходимости, представить результаты анализа на рассмотрение Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.
5. Правительству Республики Таджикистан:
- принять к исполнению на 2024 год установленный общий объём Государственного бюджета Республики Таджикистан по всем источникам финансирования в сумме 42956463 тысяч сомони и общий объём расходов в сумме 44108023 тысяч сомони с превышением расходов над источниками финансирования в сумме 1151560 тысяч сомони;
- обеспечить финансирование мероприятий, предусмотренных бюджетом, в пределах утвержденных сумм, пропорционально фактически поступившим доходам;
- в целях уменьшения недоимок по налогам и социальным взносам предыдущих лет, учитывая необходимость ликвидации образовавшейся задолженности бюджетных учреждений перед предприятиями и организациями на 1 января 2024 года, а также задолженности бюджетных организаций по налогам, произвести взаимозачеты между ними в установленном порядке без изменения фактического исполнения доходов и расходов бюджета;
- информировать по итогам каждого квартала Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан об исполнении Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2024 год;
- представить Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан годовой отчет об использовании средств Стабилизационного фонда развития экономики;
- ежеквартально информировать через средства массовой информации о ходе исполнения Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2024 год.
6. Разрешить Правительству Республики Таджикистан осуществить покрытие дефицита республиканского бюджета в сумме 100000 тыс. сомони за счет выпуска векселей и привлечения грантов и льготных кредитов международных финансовых организаций.
7. Национальному банку Таджикистана:
- совместно с Государственным унитарным предприятием "Сберегательным банком Республики Таджикистан "Амонатбанк", Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан, Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан и коммерческими банками Республики Таджикистан обеспечить своевременное зачисление в республиканский и местные бюджеты налогов и доходов по установленным нормативам, указанным в статье 13 Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 2024 год";
- выступить агентом Министерства финансов Республики Таджикистан по операциям, связанным с обслуживанием долговых обязательств Республики Таджикистан, и обеспечить осуществление расчетов и платежей по государственным долговым обязательствам Республики Таджикистан;
- обеспечить по заявкам Министерства финансов Республики Таджикистан конвертацию бюджетных средств в иностранную валюту по официальному курсу валюты для своевременного осуществления валютных платежей Государственного бюджета Республики Таджикистан на 2024 год;
- подписать соответствующий договор до начала очередного следующего финансового года по согласованию с Правительством Республики Таджикистан для продления срока погашения долга Министерства финансов Республики Таджикистан, выделенного Национальным банком Таджикистана в 2020 году.
8. Контроль исполнения настоящего Постановления возложить на Комитет Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан по экономике и финансам.
Председатель Маджлиси намояндагон
Маджлиси Оли Республики Таджикистан М.Зокирзода
г. Душанбе,
15 ноября 2023 года, №1157