Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1998 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1109

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 420

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ" аз 5 январи соли 2008, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №1, қисми 2, мод. 24) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 1 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Сархати панҷуми моддаи 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"гирандагони хизматҳои иҷтимоӣ - шаҳрванд ё гурӯҳи шаҳрвандоне, ки ба хизматрасонии иҷтимоӣ эҳтиёҷ доранд ва ба онҳо хизматҳои иҷтимоӣ расонида мешаванд;".

3. Дар номи боби 2 калимаи "ҲУҚУҚИ" ба калимаҳои "ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ" иваз карда шавад.

4. Дар қисми 4 моддаи 5 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

5. Моддаи 10(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 10(1). Уҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ

Шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ уҳдадориҳои зеринро доранд:

- пешниҳоди маълумоти пурра ва саҳеҳ барои муайян намудани ҳуқуқ ба хизматрасонии иҷтимоӣ;

- риояи қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар муассисаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ;

- пурра ва саривақт пардохт намудани маблағи хизматҳои иҷтимоии музднок;

- саривақт хабардор намудани хадамоти иҷтимоӣ оид ба ҳама гуна вазъият, ки метавонад боиси тағйир ёфтани шароит, тартиб ё қатъи расонидани хизматҳои иҷтимоӣ гардад;

- муносибати эҳтиромона ба кормандони хадамоти иҷтимоӣ;

- иҷрои уҳдадориҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон".

6. Номи боби 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"БОБИ 3. ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ ВА ХИЗМАТҲОИ ИҶТИМОӢ".

7. Ба моддаи 17 қисмҳои 4 ва 5 бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"4. Хизматҳои иҷтимоии фаврии якдафъаина ба шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, ки бо вазъияти ба ҳаёт ва саломатии онҳо таҳдидкунанда дучор шудаанд, бе талаб намудани ягон уҳдадорӣ аз онҳо, расонида мешаванд.

5. Ба хизматҳои иҷтимоии фаврии якдафъаина таъмин намудан бо хӯроки гарм ё маҷмӯи маҳсулоти хӯрока, либос, пойафзол ва дигар маводи зарурии аввалиндараҷа, мусоидат барои дарёфти ҷойи зисти муваққатӣ, гирифтани кӯмаки ҳуқуқӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии гирандаи кӯмаки иҷтимоӣ, мусоидат барои гирифтани кӯмаки равонии фаврӣ бо ҷалби равоншиносон ва дигар хизматҳои иҷтимоии фаврӣ дохил мешаванд.".

8. Дар қисмҳои 3 ва 5 моддаи 25 калимаҳои "амволи" ва "амволашонро" мувофиқан ба калимаҳои "молу мулки" ва "молу мулкашонро" иваз карда шаванд.

9. Дар сархати сеюми моддаи 27 калимаи "истифодабарандагони" ба калимаи "гирандагони" иваз карда шавад.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 1998

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СОЦИАЛЬНОМ ОБСЛУЖИВАНИИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 4 октября 2023 года, №1109

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 3 ноября 2023 года, №420

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О социальном обслуживании" от 5 января 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 год, № 1, часть 2, ст. 24) следующие изменения и дополнения:

1. Абзац пятый статьи 2 изложить в следующей редакции:

"получатели социальных услуг - гражданин или группа граждан, которые нуждаются в социальном обслуживании и им предоставляются социальные услуги;".

2. Название главы 2 после слова "ПРАВА" дополнить словами "И ОБЯЗАННОСТИ".

3. Дополнить статьей 10(1) следующего содержания:

"Статья 10(1). Обязанности граждан в сфере социального обслуживания

Граждане в сфере социального обслуживания имеют следующие обязанности:

- предоставление полной и достоверной информации для определения права на социальное обслуживание;

- соблюдение правил внутреннего распорядка в учреждениях социального обслуживания;

- полная и своевременная оплата платных социальных услуг;

- своевременное уведомление социальных служб о любой ситуации, которое может привести к изменению условий, порядка или прекращения оказания социальных услуг;

- уважительное отношение к работникам социальной службы;

- выполнение иных обязательств в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.".

4. Название главы 3 изложить в следующей редакции:

"ГЛАВА 3. СОЦИАЛЬНОЕ ОБСЛУЖИВАНИЕ И СОЦИАЛЬНЫЕ УСЛУГИ".

5. Статью 17 дополнить частями 4 и 5 следующего содержания:

"4. Срочные разовые социальные услуги предоставляются гражданам, оказавшимся в трудной жизненной ситуации, угрожающей их жизни и здоровью, не требуя от них каких-либо обязательств.

5. К срочным разовым социальным услугам относятся обеспечение горячей пищей или комплексом продуктов питания, одеждой, обувью и другими основными предметами первой необходимости, содействие в поиске временного места проживания, получение юридической помощи в целях защиты прав и законных интересов получателя социальной помощи, содействие в получении немедленной психологической помощи с привлечением психологов и другие срочные социальные услуги.".

6. В абзаце третьем статьи 27 слово "пользователям" заменить словом "получателям".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                       Эмомали Рахмон

г. Душанбе

13 ноября 2023 года №1998