Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1997 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ихтироъ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2023, № 1139

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 419

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ихтироъ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод. 199; с. 2016, №11, мод. 888; с. 2019, №1, мод. 15) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми панҷуми моддаи 12, қисми якуми моддаи 19 ва қисмҳои шашум ва ҳафтуми моддаи 27 калимаҳои "пардохти боҷ" ва "боҷ" ба калимаи "пардохт" иваз карда шаванд.

2. Дар қисми ёздаҳуми моддаи 20, қисми ёздаҳуми моддаи 21 ва қисми якуми моддаи 34 калимаҳои "пардохта шудани боҷи" ва "пардохти боҷи" ба калимаи "пардохти" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 25 калимаҳои "пардохта шудани боҷ", "пардохти боҷ", "пардохти боҷи" ва "пардохтани боҷро" мувофиқан ба калимаҳои "пардохт", "пардохт", "пардохти" ва "пардохтро" иваз карда шаванд.

4. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 33 калимаҳои "напардохтани боҷи" ба калимаҳои "насупоридани пардохти" иваз карда шаванд.

5. Дар моддаи 39:

- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 39. Пардохтҳо";

- дар матни модда калимаҳои "боҷ", "пардохтҳои корбарӣ", "пардохтҳои корбариро" ва "Боҷ ва пардохтҳои корбариро" мувофиқан ба калимаҳои "пардохт", "пардохт", "пардохтро" ва "Пардохтро" иваз карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 1997

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИИ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИЗОБРЕТЕНИЯХ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 11 октября 2023 года, №1139

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 3 ноября 2023 года, №419

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об изобретениях" от 28 февраля 2004 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст. 49; 2012 г., №7, ст. 707; 2013 г., №3, ст. 199; 2016 г., №11, ст. 888; 2019 г., №1, ст.

15) следующие изменения:

1. Из части пятой статьи 12, части первой статьи 19, текста статьи 25, абзаца третьего части первой статьи 33 и части первой статьи 34 слово "пошлины" исключить.

2. Из части одиннадцатой статьи 20 и части одиннадцатой статьи 21 слова "соответствующей пошлины" исключить.

3. В части второй статьи 23 и части второй статьи 25 слова "уплаты соответствующей пошлины" и "уплаты дополнительной пошлины" соответственно заменить словами "соответствующей процедурной уплаты" и "дополнительной уплаты".

4. В частях шестой и седьмой статьи 27 слова "пошлины" и "пошлина" соответственно заменить словами "уплаты" и "уплата".

5. В статье 39:

- название статьи изложить в следующей редакции:

"Статья 39. Платежи";

- в тексте статьи слова "пошлины", "пошлин", "процедурная плата", "процедурной платы" и "Пошлины и процедурная плата" соответственно заменить словами "платежи", "платежей", "платежи", "платежей" и "Платежи".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                     Эмомали Рахмон

г. Душанбе

13 ноября 2023 года №1997