Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1996 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2023, № 1137

қабул карда шуд

қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 418

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" аз 19 майи соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 5, мод. 338; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 423; с. 2016, № 7, мод. 628; с. 2017, № 7-9, мод. 584; с. 2018, № 5, мод. 280; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 709) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Ба қисми 11 моддаи 13 пас аз калимаҳои "(мувофиқи шартнома)" калимаҳои "ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ" илова карда шаванд.

2. Қисми 3 моддаи 36 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ қабули донишҷӯёнро тибқи шартнома бо пардохти арзиши таҳсил аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ амалӣ намояд.".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                    Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 1996

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫСШЕМ И ПОСЛЕВУЗОВСКОМ ПРОФЕССИОНАЛЬНОМ ОБРАЗОВАНИИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 11 октября 2023 года, №1137

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 3 ноября 2023 года, №418

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" от 19 мая 2009 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2009 г., № 5, ст. 338; 2014 г, № 7, ч. 2, ст. 423; 2016 г., № 7, ст. 628; 2017 г., № 7-9, ст. 584; 2018 г., № 5, ст. 280; 2021 г., № 12, ч. 2, ст. 709) следующие изменение и дополнение:

1. Часть 11 статьи 13 после слов "(согласно договору)" дополнить словами "на банковский расчетный счет образовательного учреждения".

2. Часть 3 статьи 36 изложить в следующей редакции:

"3. Государственное учреждение высшего и послевузовского профессионального образования вправе в пределах, установленных лицензией, сверх финансирования за счет государственного бюджета, осуществлять прием студентов по договорам с оплатой стоимости обучения со стороны физических и юридических лиц на банковский расчетный счет образовательного учреждения.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                  Эмомали Рахмон

г. Душанбе

13 ноября 2023 года №1996