Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1995 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАОРИФ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 октябри соли 2023, № 1135

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 417

ҷонибдорӣ карда шуд

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, № 7, мод. 532; с. 2014, № 3, мод. 156, № 7, қ. 2, мод. 422; с. 2016, №3, мод. 148, № 7, мод. 624; с. 2017, № 7-9, мод. 581; с. 2018, № 5, мод. 278; с. 2020, № 12, мод. 912; с. 2021, № 12, қ. 2, мод. 706; с. 2022, № 7, мод. 447) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати панҷуми қисми 7 моддаи 55 калимаҳои "ворид мешаванд" ба калимаҳои "ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ ворид мегарданд" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 58:

- ба қисми 3 пас аз калимаи "муқаррарот" калимаҳои "ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ" илова карда шаванд;

- ба қисми 7 пас аз калимаи "шартнома" калимаҳои ", ки маблағи он ба суратҳисоби бонкии муассисаи таълимӣ ворид мегардад," илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 1995

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ОБРАЗОВАНИИ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 11 октября 2023 года, №1135

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 3 ноября 2023 года, №417

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "Об образовании" от 22 июля 2013 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2013 г., № 7, ст. 532; 2014 г., № 3, ст. 156, № 7, ч. 2, ст. 422; 2016 г., № 3, ст. 148, № 7, ст. 624; 2017 г., № 7-9, ст. 581; 2018 г., № 5, ст. 278; 2020 г., № 12, ст. 912; 2021 г., № 12, ч. 2, ст. 706; 2022 г., № 7, ст. 447) следующие изменение и дополнения:

1. В абзаце пятом части 7 статьи 55 слова "поступающие от" заменить словами "поступающие на банковский расчетный счет образовательного учреждения от".

2. В статье 58:

- часть 3 после слова "оплатить" дополнить словами "на банковский расчетный счет образовательного учреждения";

- часть 7 после слова "основе" дополнить словами ", средства от которого поступают на банковский расчетный счет образовательного учреждения".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                    Эмомали Рахмон

г. Душанбе

13 ноября 2023 года №1995