ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БЕХАТАРӢ АЗ СУХТОР"
бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 октябри соли 2023, № 1081
қабул карда шуд
бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2023, № 414
ҷонибдорӣ карда шуд
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор" аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 184; с. 2010, №12, қ. 1, мод. 808) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати ёздаҳум калимаи "омма," ба калимаҳои "омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ" иваз карда шавад;
- дар сархати сенздаҳум калимаи "мардум" ба калимаи "одамон" иваз карда шавад;
- дар сархати чордаҳум калимаи "маснуоти" ба калимаи "таҷҳизоти" иваз карда шавад;
- дар сархати понздаҳум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
- объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон - марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасониҳои маишӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои динӣ, таваққуфгоҳҳои ҳама намудҳои нақлиёт ва биноҳои муассисаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин меҳмонхонаҳо ва иншооти будубоши муваққатии одамон;
- ташкили хомӯш намудани сӯхтор - маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-тактикӣ ва муҳандисӣ-техникӣ (ба истиснои чораҳо оид ба таъмини чораҳои аввалияи бехатарӣ аз сӯхтор), ки ба наҷоти одамон ва молу мулк аз сӯхтор ва хомӯш кардани он нигаронида шудаанд.".
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар сархати сеюми моддаи 3 пас аз калимаи "оташнишонӣ," калимаҳои "ташкили хомӯш намудани сӯхтор," илова карда шаванд.
4. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 4 калимаҳои "ба роҳ мондани" ба калимаи "ташкили" иваз карда шаванд.
5. Дар сархати дуюми қисми дуюми моддаи 8 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархати сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- наҷот додани одамон ва молу мулки онҳо ҳангоми сар задани сӯхтор.".
6. Ба қисми дуюми моддаи 9 сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- оид ба бехатарӣ аз сӯхтор тавсия медиҳад ва машварат мегузаронад;
- чорабиниҳои таълимиро оид ба бехатарӣ аз сӯхтор бо шахсони масъули вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликият, мегузаронад;".
7. Дар моддаи 10:
- дар сархати якуми қисми дуюм калимаи "маснуоти" ба калимаи "таҷҳизоти" иваз карда шавад;
- дар сархатҳои панҷум ва даҳуми қисми дуюм калимаи "мардум" ба калимаи "одамон" иваз карда шавад;
- қисми нуҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Санҷишҳо дар самти бехатарӣ аз сӯхтор дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.".
8. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум калимаи "маснуот" ба калимаи "таҷҳизот" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи "иншоот" ба калимаҳои "иншооти ҷойгиршавии оммавии одамон" иваз карда шавад.
9. Дар моддаи 13:
- дар қисми якум калимаи "амвол" ба калимаҳои "молу мулк" иваз карда шавад;
- дар қисми чорум калима ва рақамҳои "ягонаи 01" ба калимаҳо ва рақамҳои "01 ва рақами телефони ширкатҳои мобилӣ 101" иваз карда шаванд;
- ба қисми панҷум пас аз калимаи "истеҳсолӣ" аломат ва калимаҳои ", объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон" ва ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"Ҳамчунин ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор даромадани одамон ва ҳаракати нақлиётро маҳдуд ё манъ намоянд.".
10. Ба моддаи 14 қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Ба кормандоне, ки дар шароити хатарнок ҳангоми хомӯш намудани сӯхтори маводу маҳсулоти аз худ газҳои заҳрноки барои саломатӣ хатарнок (аз ҷумла хлор, аммиак ва масолеҳи сохтмонии намуди пластика) ихроҷкунанда иштирок менамоянд, 20 дарсад ба маоши вазифавӣ иловапулӣ дода мешавад.".
11. Дар қисми дуюми моддаи 15:
- дар сархати дуюм калимаи "маснуоти" ба калимаи "таҷҳизоти" иваз карда шавад;
- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- додани хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор;".
12. Дар моддаи 21:
- дар сархати сеюми қисми якум калимаи "амволашон" ба калимаҳои "молу мулкашон" иваз карда шавад;
- ба қисми дуюм сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- барои ҳарчи зудтар ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор расонидани воҳидҳои хадамоти давлатии оташнишонӣ мусоидат намоянд;".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
аз 13 ноябри соли 2023, № 1992