Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2023, № 1991 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"

бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 4 октябри соли 2023, № 1099

қабул карда шуд

бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 ноябри соли 2023, № 413

ҷонибдорӣ карда шуд

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" аз 1 марти соли 2005 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 130; с. 2006, №3, мод. 150; с. 2008, №6, мод. 449, №10, мод. 799; с. 2012, №8, мод. 822; с. 2014, №11, мод. 661; с. 2018, №1, мод. 11; с. 2020, №12, мод. 911; с. 2021, №6, мод. 387) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ҷумлаи чоруми қисми 2 моддаи 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Хусусиятҳои вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ адо мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, танзим карда мешаванд.".

2. Дар қисми 1 моддаи 2, қисми 1 моддаи 21 ва моддаи 24 калимаҳои "ӯҳдадории умумии" ба калимаи "уҳдадории" иваз карда шаванд.

3. Дар қисми 8 моддаи 2 калимаҳои "дар вазъияти фавқулодда ва ҳангоми муноқишаҳои мусаллаҳона" ба калимаҳои "дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 5:

- ба номи модда пас аз калимаи "Ҳифзи" калимаи "ҳаёт," илова карда шавад;

- қисми 4 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"4. Бо мақсади таҳкими интизоми ҳарбӣ, тартибот ва қонуният дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбии дигар, инчунин барои пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ дар қисмҳои ҳарбӣ (дар ҷойҳои будубоши хизматчиёни ҳарбӣ) бояд камераҳои назорати видеоӣ насб карда шаванд.".

5. Дар моддаи 10:

- ба қисми 3 пас аз калимаҳои "(хизмати ҷангӣ)" калимаҳои ", баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ" илова карда шаванд;

- дар қисми 8 калимаҳои "дигар давлатҳо тибқи ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "давлатҳои дигар, инчунин хизматчиёни ҳарбие, ки дар баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ тибқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудаанд," иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 2 моддаи 15 калимаҳои "ҳамасола" ва "Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи кӯмаки рӯҳӣ" мувофиқан ба калимаҳои "ҳар шаш моҳ" ва "Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

7. Дар қисми 6 моддаи 16 калимаи "Зарари" ба калимаҳои "Зиён ва зарари маънавии" иваз карда шавад.

8. Дар қисми 4 моддаи 21 калимаи "панҷ" ба калимаи "даҳ" иваз карда шавад.

9. Моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 23. Имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷубронҳои иловагӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ уҳдадориҳои хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд ва аъзои оилаи онҳо

1. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба таври доимӣ ва муваққатан вазифаҳоро дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ иҷро мекунанд, тибқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни пулии иловагӣ дода мешаванд.

2. Барои аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифа дар давраи сафарбарӣ, ҳолатҳои фавқулода ё ҷангӣ, инчунин дар шароити низоъҳои мусаллаҳона ё ҳангоми баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ҳалок шудаанд, имтиёзҳо, кафолатҳо ва ҷуброни пулии амалкунандаи нисбати аъзои оилаи хизматчиёни ҳарбии дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокшуда татбиқ мегардад.".

10. Дар моддаи 24:

- қисми якум рақамгузорӣ карда шавад;

- ба муқаддимаи қисми якум пас аз калимаҳои "бехатарии давлат" калимаҳои "ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ" илова карда шаванд;

- қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"2. Хизматчиёни ҳарбӣ уҳдадоранд, ки талаботи бехатарии хизмати ҳарбиро донанд ва риоя кунанд, саломатии худро нигоҳ доранд.";

- қисми дуюм мувофиқан қисми сеюм ҳисобида шуда, рақамгузорӣ карда шавад.

11. Ба қисми 3 моддаи 25 пас аз калимаҳои "офатҳои табиӣ," ва "Ҷумҳурии Тоҷикистон" мувофиқан калимаҳои "баамалбарории фаъолияти сулҳоварона берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ," ва ", санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст" илова карда шаванд.

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                       Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 13 ноябри соли 2023, № 1991

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СТАТУСЕ ВОЕННОСЛУЖАЩИХ"

Принят постановлением МН МОРТ

от 4 октября 2023 года, №1099

Одобрить Постановлением ММ МОРТ

от 3 ноября 2023 года, №413

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан "О статусе военнослужащих" от 1 марта 2005 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №3, ст. 130; 2006 г., №3, ст. 150; 2008 г., №6, ст. 449, №10, ст. 799; 2012 г., №8, ст. 822; 2014 г., №11, ст. 661; 2018 г., №1, ст. 11; 2020 г., №12, ст. 911; 2021 г., №6, ст. 387) следующие изменения и дополнения:

1. Четвертое предложение части 2 статьи 1 изложить в следующей редакции:

"Особенности статуса военнослужащих, проходящих военную службу в период мобилизации, чрезвычайного или военного положения, а также в условиях вооруженных конфликтов или осуществления миротворческой деятельности за пределами республики, регулируются законодательством Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Таджикистаном".

2. Из части 1 статьи 2, части 1 статьи 21, части второй статьи 24 слово "всеобщей" исключить.

3. В части 8 статьи 2 слова "в условиях чрезвычайного положения и при вооруженных конфликтах," заменить словами "в период мобилизации, чрезвычайного или военного положения, а также в условиях вооруженных конфликтов или осуществления миротворческой деятельности за пределами республики,".

4. В статье 5:

- в названии статьи после слова "Защита" дополнить словом "жизни,";

- дополнить частью 4 следующего содержания:

"4. В целях усиления воинской дисциплины, порядка и законности в Вооруженных Силах Республики Таджикистан, войсках и других воинских формированиях, а также для предупреждения неуставных взаимоотношений в войсковых частях (в местах пребывания военнослужащих) должны быть установлены камеры видеонаблюдения.".

5. В статье 10:

- часть 3 после слов "(боевая служба)" дополнить словами ", осуществление миротворческой деятельности за пределами республики";

- в части 8 слова "других государств в соответствии с международными обязательствами Республики Таджикистан" заменить словами "других государств, а также военнослужащим, участвовавшим в осуществлении миротворческой деятельности за пределами республики в соответствии с международными обязательствами Республики Таджикистан".

6. В части 2 статьи 15 слова "ежегодно" и "Законом Республики Таджикистан "О психиатрической помощи" соответственно заменить словами "каждые шесть месяцев" и "Кодексом здравоохранения Республики Таджикистан".

7. В части 6 статьи 16 слова "Убытки", "Министром" и "руководителем министерства и ведомства" соответственно заменить словами "Убытки и моральный вред", "Министерством" и "министерством и ведомством".

8. В части 4 статьи 21 слово "пяти" заменить на слово "десяти".

9. Статью 23 изложить в следующей редакции:

"Статья 23. Дополнительные льготы, гарантии и компенсации, предоставляемые военнослужащим, проходящим военную службу в период мобилизации, чрезвычайного или военного положения, а также в условиях вооруженных конфликтов или осуществления миротворческой деятельности за пределами республики, и членам их семей

1. Военнослужащим, постоянно и временно выполняющим задачи в период мобилизации, чрезвычайного или военного положения, а также в условиях вооруженных конфликтов или осуществления миротворческой деятельности за пределами республики, предоставляются дополнительные льготы, гарантии и компенсации в соответствии с законами, иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

2. На членов семей военнослужащих, погибших при выполнении задач в период мобилизации, чрезвычайного или военного положения, а также в условиях вооруженных конфликтов или осуществления миротворческой деятельности за пределами республики, распространяются льготы, гарантии и компенсации, действующие в отношении членов семей военнослужащих, погибших в Великой Отечественной войне".

10. Статья 24:

- часть первую пронумеровать;

- преамбулу части первой после слова "государства" дополнить словами "и мирной жизни населения";

- дополнить частью второй следующего содержания:

"2. Военнослужащие обязаны знать и соблюдать требования безопасности военной службы, заботиться о сохранении своего здоровья.";

- часть вторую соответственно считать частью третьей и пронумеровать.

11. Часть 3 статьи 25 после слов "стихийных бедствий," и "Республики Таджикистан" соответственно дополнить словами "осуществления миротворческой деятельности за пределами республики," и ", международными правовыми актами, признанными Таджикистаном".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                Эмомали Рахмон

г.Душанбе

13 ноября 2023 года №1991