Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 № 307 "Дар бораи барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2008 №451 "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи мӯҳлатҳои дар Барнома муқарраргардида барномаҳои худро таҳия ва дар доираи маблағгузории ҳамасолаи буҷет татбиқ намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 майи соли 2009 № 307

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе реализации Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан

Во исполнение Указа Президента Республики Таджикистан от 30 апреля 2008 года №451 "О Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу реализации Концепции государственной информационной политики Республики Таджикистан (прилагается).

2. Министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики в соответствии с установленными в Программе сроками разработать и реализовать собственные программы в пределах ежегодных ассигнований бюджета.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

от 28 мая 2009 года №307

г. Душанбе