ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба мақсади иҷрои қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 1996 № 222 "Дар бораи ба амал ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1996" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1996 № 440 "Дар бораи тадбирҳои таҳкими интизоми молиявӣ ва таъмини саривақт додани музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Аз 1 июли соли 1996 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди давлатии суғуртаи иҷтимоии Федерацияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди шуғли аҳолии Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки идораи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи Раёсати Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро раис ба дӯш дорад, гузошта мешавад.
Раиси Раёсати Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинони ӯ, ки муовини якумаш Директори иҷрокунандаи Фонд мебошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
3. Раиси Раёсати Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федерацияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтор, шумораи кормандон ва бароварди хароҷот барои нигоҳдории он таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
4. Маблағҳои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутамарказ гардонда шаванд.
5. Аз 1 июли соли 1996 аъзоҳаққии ҳатмӣ барои суғуртаи иҷтимоӣ, ки аз ҷониби корҳонаҳо ва ташкилоту муассисаҳои тамоми шаклҳои моликият /ғайр аз ташкилотҳои ҷамъиятии маъюбону нафақахӯрон, ташкилоту корҳонаҳо ва муассисаҳои таълимии онҳо/ ба андозаи 38% фонди музди меҳнат муқаррар карда шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ин банди қарор маблағҳои ба буҷети ҷумҳурӣ дохилшавандаро дар ҳаҷми пурра мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида ба Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пардохти нафақа, ёрдампулӣ, татбиқи сиёсати шуғл, ҳифзи меҳнат ва солимгардонии вазъи саломатии меҳнаткашон, донишҷуён ва талабагон интиқол диҳад.
6. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра ба буҷети ҷумҳурӣ ворид намудани маблағҳоеро, ки барои Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.
7. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби Фонди шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баста, бақияи маблағҳоро ба фасли махсуси таснифоти буҷети ҷумҳурӣ гузаронад.
Суратҳисобҳои Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шаванд.
8. Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1998 сар карда, ҳар моҳ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои буҷети Фонди иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот диҳад.
9. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор дар хусуси ворид намудани тағьирот ба қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
10. Қарорҳои зайл беэътибор дониста шаванд:
- қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 1991 № 296 "Дар бораи фонди давлатии мусоидати шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1992 № 31 "Дар бораи таъсиси Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе,
аз 25 июни соли 1996, № 278