Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот аз 27 сентябри соли 2023, № 462

Санаи амалкуни: 27.02.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 сентябри соли 2023, № 462

Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2024 № 106)

1. Низомномаи намунавии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳот (минбаъд - Низомнома) мақсад, вазифа, ташкили фаъолият, сохтор, ваколатҳо ва вазъи ҳуқуқии дастгоҳи ҷамоати шаҳрак ва деҳотро (минбаъд - дастгоҳи ҷамоат) муайян менамояд. Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" дастгоҳи ҷамоат сохтори ёрирасон ва таъминкунандаи фаъолияти раис мебошад.

2. Дастгоҳи ҷамоат дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳия, қарору амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳия, қарору супоришҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат, раиси ҷамоат ва Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

2. ДАСТГОҲИ ҶАМОАТ

3. Сохтор, шумораи кормандон ва Низомномаи дастгоҳи ҷамоат дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот" ва тибқи сохтори намунавии тасдиқгардида дар доираи шумораи ниҳоии хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди раиси ҷамоат аз тарафи маҷлиси ҷамоат тасдиқ карда мешаванд.

4. Дастгоҳи ҷамоат бо дар назар доштани шумораи аҳолии ҷамоат аз раиси ҷамоат, муовин (муовинон)-и раиси ҷамоат, котиби ҷамоат, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ ва мутахассисони дигар иборат мебошад.

3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТГОҲИ ҶАМОАТ

5. Дастгоҳи ҷамоатро раиси ҷамоат ташкил ва роҳбарӣ менамояд.

6. Таъмини шароити зарурӣ барои аз ҷониби раиси ҷамоат амалӣ намудани ваколатҳоро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот", қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳия, қарору амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳия, қарорҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат, раиси ҷамоат ва Низомнома муқаррар кардааст.

7. Сармутахассисон, мутахассисони пешбар, нозири мизи ҳарбии бақайдгирӣ, мутахассисон ва хизматчиёни граждании ҷамоат тибқи тартиби муқарранамудаи қонунгузории соҳаи худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хизмати давлатӣ ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.

8. Хизматчиёни давлатии дастгоҳи ҷамоат фаъолияти худро дар асоси дастурамали мансабӣ ба роҳ мемонанд.

9. Дастурамали мансабӣ тибқи тартиби муқарраршуда таҳия гардида, аз ҷониби раиси ҷамоат тасдиқ карда мешавад.

10. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатии дастгоҳи ҷамоат ва кормандони ҳайати техникӣ ва хизматрасон мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ анҷом дода мешавад.

4. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ДАСТГОҲИ ҶАМОАТ

11. Дастгоҳи ҷамоат бо мақсади таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии фаъолияти ҷамоат ташкил карда мешавад.

12. Вазифаҳои дастгоҳи ҷамоат аз инҳо иборатанд:

- таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии ҷамоат;

- таҳияи лоиҳаи қарорҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат ва раиси ҷамоат;

- омода намудани маърузаҳо, ҳисоботи раиси ҷамоат ва масъалаҳои дар ҷамоат муҳокимашаванда;

- мусоидат намудан дар риоя ва иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳия, қарору амрҳои раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳру ноҳия, қарорҳои ҷамоат, шӯрои ҷамоат, раиси ҷамоат, ки ба фаъолияти мақомоти худидоракунӣ дар шаҳру ноҳияҳо дахл доранд;

- омода намудани ҷаласаҳои назди раиси ҷамоат ва вохӯрию машваратҳои дигар, инчунин таъмини баргузории онҳо;

- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани қарорҳо, инчунин ба маълумоти иҷрокунандагон расонидани дастуру супоришҳои раиси ҷамоат ва назорати иҷрои онҳо;

- омода кардани нақшаҳои фаъолияти нимсола ва солонаи ҷамоат ва барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо ба раиси ҷамоат;

- мусоидат барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;

- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳрак ё деҳот;

- ташкили қабули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бақайдгирӣ, таҳлил, баррасӣ ва пешбурди назорати доимӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- омода ва пешниҳод намудани маълумотнома ва ҳисобот ба мақомоти дахлдор;

- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва оммавӣ дар ҳудуди шаҳрак ё деҳот дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор;

- ба роҳ мондани робита ва ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ;

- назорати риояи интизоми меҳнат дар байни хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар;

- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои молиявие, ки барои нигоҳдории дастгоҳи ҷамоат пешбинӣ шудаанд;

- мусоидат дар ташкили комиссияҳои интихоботӣ, баргузории интихобот ва раъйпурсӣ;

- ҳалли масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти ҷамоат.

5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

13. Молу мулки ба дастгоҳи ҷамоат вобасташуда ба моликияти коммуналӣ мансуб буда, тақсимнашаванда мебошад.

14. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи ҷамоат аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳрак ва деҳот ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, анҷом дода мешавад.

Ниг. ба Замимаҳои 3 - 22