Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 сентябри соли 2023 № 462
Низомномаи намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи намунавии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия (минбаъд - Низомнома) мақсад, вазифа, ташкили фаъолият, сохтор, ваколатҳо ва вазъи ҳуқуқии дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияро муайян намуда, фаъолияти дастгоҳи раисро ба танзим медарорад.
2. Дастгоҳи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия (минбаъд - Дастгоҳ) сохтори ёрирасон ва таъминкунандаи фаъолияти раис буда, тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия бо мақсади таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии фаъолияти раис ташкил карда мешавад.
3. Дастгоҳ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, қарору амрҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, инчунин Низомномаро ба асос ва роҳбарӣ мегирад.
4. Молу мулки ба Дастгоҳ вобасташуда ба моликияти коммуналии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия мансуббуда тақсимнашаванда мебошад.
5. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар мувофиқа бо Вазорати молия анҷом дода мешавад.
6. Дастгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номи худ бо забони давлатӣ, муҳри дигар, штамп ва бланкҳои намунаи муқарраргардида дорад ва аз суратҳисоби ягонаи хазинадории мақомоти молия хизматрасонӣ карда мешавад.
2. СОХТОР ВА ТАРТИБИ ТАШКИЛИ ДАСТГОҲ
7. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия мувофиқи низомнома ва сохтори намунавии тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаи Дастгоҳ, сохтор ва басти воҳидҳои кориро дар доираи шумораи хизматчиёни давлатии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
8. Дастгоҳро роҳбари Дастгоҳ сарварӣ менамояд, ки бо қарори раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешавад.
9. Ишғоли мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳ тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси озмун ва технологияҳои дигари кадрӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, амалӣ карда мешавад.
10. Сардорони воҳидҳои сохторӣ, сармутахассисон, мутахассисони пешбар, мутахассисон мутобиқи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари соҳаи хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
11. Хизматчиёни гражданӣ бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳ бо амри раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия дар доираи воҳидҳои кории муайяншуда ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд.
12. Бастани қарордод (шартнома)-и меҳнатӣ бо хизматчиёни давлатӣ ва гражданӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ анҷом дода мешавад.
13. Шартҳои пардохти музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, таъминоти моддию техникӣ, тиббӣ, иҷтимоию маишӣ, нафақа ва таъминоти дигари кормандони Дастгоҳ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
3. ВАЗИФАҲО ВА ФУНКСИЯҲОИ АСОСИИ ДАСТГОҲ
14. Вазифаҳои Дастгоҳ иборатанд аз:
- таъмини шароити зарурӣ барои аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия амалӣ намудани ваколатҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи онҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, қарору амрҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ва Низомнома муқаррар намудаанд;
- таъминоти иттилоотию таҳлилӣ, ташкилию ҳуқуқӣ ва моддию техникии фаъолияти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- амалӣ намудани вазифаҳои дигаре, ки аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ба зиммаи Дастгоҳ гузошта шудаанд.
15. Бо мақсади иҷрои вазифаҳои пешбинигардида Дастгоҳ функсияҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ташкили таҳияи лоиҳаи қарору амрҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, лоиҳаи қарори маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- омода намудани маърӯзаҳо ва ҳисоботҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ва масъалаҳои муҳокимашаванда дар назди маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- мусоидат намудан дар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо, инчунин фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия дахл доранд;
- омода намудани машварати назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, машваратҳои дигари бо тартиби Дастгоҳ муайянгардида ва таъмини баргузории онҳо;
- тибқи тартиби муқарраргардида ташкил намудани ҳуҷҷатгузорӣ, ба расмият даровардани қарору амр, инчунин расонидани дастуру супоришҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ба иҷрокунандагон ва шахсони мансабдори масъул, назорати иҷрои онҳо;
- таҳия ва ба табъ расонидани қарорҳои маҷлиси вакилони халқ, қарору амрҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, инчунин таъмини инъикоси онҳо тавассути воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ;
- омода намудани шартномаҳое, ки аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ба имзо мерасанд ва ташкили кор оид ба риоя ва иҷрои онҳо;
- таҳияи нақшаҳои фаъолияти солона, нимсола, семоҳа ва барои тасдиқ манзур намудани онҳо ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- ҷамъ намудан, ҷамъбаст ва таҳлили нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, баррасӣ ва ҷамъбасти пешниҳодҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худ фаъолияти ҷамъиятӣ, таҳия ва манзур намудани гузоришҳои дахлдор;
- мусоидат барои ташкилу баргузорӣ ва дар сатҳи зарурӣ амалигардонии чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ ва протоколи давлатӣ;
- мусоидат ба ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоту сохторҳои дахлдори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ва субъектҳои хоҷагидори ба моликияти коммуналии вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ асосёфта;
- ташкили гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, ташкили захираи кадрҳо, ротатсия (ҷойивазкунӣ)-и хизматчиёни давлатии ҳайати роҳбарикунанда, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, таҳияи номгӯйи мансабҳое, ки таъин ва озод намудани онҳо бевосита аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия ва мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад, ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намудани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад;
- ташкили қабули шаҳрвандон, бақайдгирӣ, таҳлил ва баррасии муроҷиатҳо ва бурдани назорати дахлдор тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ва пешниҳоди гузоришҳо вобаста ба иҷрои онҳо;
- омода ва пешниҳод намудани маълумот ва ҳисоботу гузоришҳо ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои расмӣ, фарҳангӣ, оммавӣ бо иштироки раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ё муовинони онҳо;
- ба роҳ мондани робитаҳо бо бародаршаҳрҳо ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ;
- таъмини коргузории махсуси низоми махфидошта, аз ҷумла ҳуҷҷатгузорӣ барои истифодаи хизматӣ пешбинигардида;
- ташкили корҳои илмию тадқиқотӣ бо ҷалби олимон ва коршиносон дар асоси шартнома ҳангоми зарурати хизматӣ;
- роҳбарии ташкилотҳои ёрирасони тобеъ;
- назорати риояи интизоми меҳнат дар байни кормандон;
- назорати истифодаи мақсадноки маблағҳое, ки барои Дастгоҳ пешбинӣ шудаанд;
- ҳалли масъалаҳои дигаре, ки ба фаъолияти раиси Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия алоқаманд мебошанд.
4. РОҲБАРИ ДАСТГОҲ
16. Роҳбари Дастгоҳ:
- роҳбарии умумии фаъолияти Дастгоҳ, ташкили кор, банақшагирии фаъолият, ҷорӣ намудани низоми мураттаби кор ва назоратро таъмин менамояд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ, кори комиссияҳо ва шӯроҳоро бо мақомоту сохторҳои дахлдор таъмин месозад;
- ба воҳидҳои сохторӣ ва мутахассисон супоришҳо медиҳад ва иҷрои онҳоро талаб мекунад;
- дар доираи ваколатҳои аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия вогузошта шартномаҳо, аз ҷумла қарордодҳои меҳнатиро бо кормандони хайати техникӣ ва хизматрасон ба имзо мерасонад;
- лоиҳаи сохтори Дастгоҳ ва басти вазифаҳоро аз рӯйи сохтор ва шумораи хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои тасдиқ ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия пешниҳод менамояд;
- фаъолияти мураттаби комиссияҳои доимиву муваққатии маҷлиси вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳотро омӯхта, барои таҳияи ҳуҷҷатҳои ба баррасии иҷлосия пешниҳодшаванда мусоидат менамояд, онҳоро манзури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия месозад;
- лоиҳаи низомнома ва дастурамалҳои мансабии хизматчиёни давлатии Дастгоҳ, инчунин воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи марказии дахлдор таҳия карда, ҷиҳати тасдиқ ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия пешниҳод менамояд;
- тадбирҳои интихоб, тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳоро мутобиқи қонунгузорӣ дар мувофиқа бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ба анҷом мерасонад;
- назорати иҷрои талаботи муқарраргардидаро дар мавриди ҳавасмандгардонӣ, аз ҷумла пешниҳод ба мукофотҳои давлатӣ ва татбиқи ҷазои интизомиро таъмин мекунад;
- санҷиши фаъолияти воҳидҳои сохториро тибқи тартиби муқарраргардида ташкил менамояд;
- барои хизматчиёни давлатии Дастгоҳ шароити зарурии меҳнатӣ ва моддию маиширо фароҳам меоварад;
- қабули шаҳрвандонро аз ҷониби раис ва муовинони ӯ ба роҳ мемонад;
- таъмини иҷрои санадҳои маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, инчунин супоришҳои ӯро ташкил ва назорат мекунад;
- машварати назди раисро ташкил намуда, вақт ва рӯзномаи онро бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия мувофиқа месозад;
- ҳуҷҷатҳои воридотиву содиротӣ, лоиҳаҳои санадҳои маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияро баъди ба қайд гирифтан манзури раис мегардонад ва баъди имзои санадҳо чопи онҳоро тавассути воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ба роҳ мемонад;
- дар чорабиниҳои протоколии вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия иштирок менамояд, назорати риоя ва иҷрои тартиботро дар Дастгоҳ таъмин менамояд.
17. Муовини роҳбари Дастгоҳ бевосита супоришҳои роҳбари Дастгоҳро иҷро намуда, мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ва дастурамали мансабӣ барои таъмини шароити корӣ, моддию молиявии хизматчиёни давлатии Дастгоҳ масъул мебошад.
5. ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ ДАСТГОҲ
18. Воҳидҳои сохтории Дастгоҳ таҳти роҳбарии раис, муовинони раис ва роҳбари Дастгоҳ фаъолият мекунанд.
19. Воҳидҳои сохтории Дастгоҳро сардорони онҳо, ки бо қарор (амр)-и раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия тибқи қонунгузории хизмати давлатӣ ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд, роҳбарӣ мекунанд.
20. Ба ҳайати воҳидҳои сохтории Дастгоҳ мансабҳои давлатии хизматчиёни давлатие шомиланд, ки номгӯйи онҳо дар басти вазифаҳо аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия тасдиқгардида пешбинӣ шудаанд.
21. Вазифаҳои асосии воҳидҳои сохтории Дастгоҳ иборатанд аз:
- таъмини фаъолияти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- таҳлили фаъолияти сохтору мақомоти дахлдори вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, мусоидат кардан барои дарёфт ва муайян намудани роҳҳои рушди самаранок, ҳалли масъалаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ ва дар ин замина таҳияи пешниҳодҳо;
- мусоидат барои таъмини ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот ва сохтори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия вобаста ба соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳудудҳои дахлдор;
- таъмини назорати доимии иҷрои қарорҳои маҷлиси вакилони халқ ва раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳия, иҷрои бевоситаи супоришҳои раис ва роҳбари Дастгоҳ аз ҷониби мақомот ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва таҳия намудани маълумот оид ба натиҷаи иҷрои онҳо;
- таъмини иҷрои нақшаву барнома ва консепсияҳои дахлдор;
- таҳияи маводди таҳлилии зарурӣ, пешниҳоди таклифҳо оид ба масъалаҳои таҳти баррасии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, муовинони онҳо ва роҳбари дастгоҳ қарордошта;
- таҳия, таҳқиқ ва мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- мутобиқ ба супориши раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, муовинони онҳо ва роҳбари Дастгоҳ таҳия намудани лоиҳаи санадҳои хусусияти фавридоштаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия;
- тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ намудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.
22. Воҳидҳои сохтории Дастгоҳ дар фаъолияти худ бо мақомоту сохторҳои дигари вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ вобаста ба масъалаҳои ба ваколати онҳо дохилбуда машваратҳо гузаронида, тибқи тартиби муқарраргардида санадҳои таҳияшавандаро бо онҳо мувофиқа месозанд.
23. Вазифаҳои воҳидҳои сохторӣ дар низомномаи онҳо, ки аз ҷониби раис тасдиқ карда мешавад, ба таври мушаххас нишон дода мешаванд.
24. Роҳбарони воҳидҳои сохтории Дастгоҳ:
- амалисозии вазифаҳои ба зиммаи воҳиди сохторӣ вогузорбударо ба роҳ монда, оид ба иҷрои самараноки онҳо масъулияти шахсиро ба зимма доранд;
- тақсимоти уҳдадориҳои мансабиро байни кормандони тобеъ ташкил намуда, интизоми меҳнат, риояи талаботи дастурамали коргузорӣ дар Дастгоҳро таъмин карда, ба фаъолияти воҳиди сохторӣ масъул мебошанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида маводди заруриро ҷиҳати таҳия ва омода намудани маълумот оид ба масъалаҳои таҳти баррасии раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, муовинони онҳо ва роҳбари Дастгоҳ қарордошта аз мақомот ва сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дастрас менамоянд;
- аз натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳои дар воҳиди сохторӣ таҳиягардида ба раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия, муовинони онҳо ва роҳбари Дастгоҳ ахбор медиҳанд;
- дар ҷаласаҳо, иҷлосияҳо, машварати назди раис, чорабинию ҷамъомадҳои мақомот ва сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ оид ба масъалаҳои ба ваколати воҳиди сохторӣ дохилбуда ширкат меварзанд.
25. Хизматчиёни давлатии воҳидҳои сохтории Дастгоҳ:
- дар асоси дастурамалҳои мансабӣ вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо иҷро менамоянд ва барои иҷрои босифату самаранокӣ онҳо масъуланд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар баррасии масъалаҳои дар доираи уҳдадориҳои хизматӣ дохилбуда дар ҷаласаҳои назди муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия ва роҳбари Дастгоҳ, ҷамъомадҳои аз ҷониби мақомот ва сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ гузаронидашаванда ширкат меварзанд;
- дар доираи ваколати худ бо маводди сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шинос мешаванд;
- дар чорабиниҳои дар доираи нақшаи корӣ гузаронидашаванда иштирок менамоянд.
26. Хизматчиёни давлатии воҳидҳои сохтории Дастгоҳ, сохторҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки аз буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, фаъолияти худро дар асоси дастурамалҳои мансабӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳия тасдиқ карда мешаванд, ба роҳ мемонанд.
Приложение 1 к
постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от "27" сентября 2023 года, №462
Типовое положение аппарата председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Типовое положение аппарата председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района (далее-Положение) определяет цели, задачи, организацию деятельности, структуру, полномочия и правовой статус аппарата председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, и регулирует деятельность аппарата председателя.
2. Аппарат председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района (далее - Аппарат) является вспомогательной и обеспечивающей структурой деятельности председателя, создаётся решением председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района в соответствии с требованиями законодательства с целью информационно-аналитического, организационно-правового и материально-технического обеспечения деятельности председателя.
3. В своей деятельности Аппарат основывается и руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, международными нормативными правовыми актами, признанными Таджикистаном, конституционными законами, кодексами, законами Республики Таджикистан, совместными постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, решениями маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, решениями и распоряжениями председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, а также Положением.
4. Имущество, закреплённое за аппаратом, признанное коммунальной собственностью Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, является неделимым.
5. Финансирование расходов на содержание Аппарата и структурных подразделений местных исполнительных органов государственной власти осуществляется за счет средств местного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан.
6. Аппарат является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан, своим наименованием на государственном языке, иные печати, штампы и бланки установленного образца и обслуживается из единого казначейского счёта финансовых органов.
2. СТРУКТУРА И ПОРЯДОК ОРГАНИЗАЦИИ АППАРАТА
7. Председатель Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района в соответствии с положением и типовой структурой, утвержденными Правительством Республики Таджикистан, утверждает положение Аппарата, структуру и штатное расписание в пределах установленной Правительством Республики Таджикистан численности государственных служащих.
8. Аппарат возглавляет руководитель Аппарата, который назначается на должность и освобождается от должности решением председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
9. Замещение административных должностей государственной службы в Аппарате осуществляется в установленном порядке на основе конкурса и иных кадровых технологий, определенных законодательством Республики Таджикистан.
10. Руководители структурных подразделений, главные специалисты, ведущие специалисты, специалисты назначаются на должность и освобождаются от должности согласно требованиям Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" и иных нормативных правовых актов сферы государственной службы.
11. Гражданские служащие назначаются на должность и освобождаются от должности по представлению руководителя Аппарата распоряжениями председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района в рамках определенных штатных единиц.
12. Заключение трудового контракта (договора) с государственными и гражданскими служащими производится в порядке, определенном законодательством.
13. Условия оплаты труда, государственное социальное страхование, материально-техническое, медицинское, социально-бытовое, пенсионное и другое обеспечение работников Аппарата осуществляется в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан.
3. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ И ФУНКЦИИ АППАРАТА
14. Задачами Аппарата являются:
- обеспечение необходимых условий для осуществления полномочий председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, установленных Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, Постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, совместными их постановлениями, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, нормативными правовыми актами Правительства Республики Таджикистан и решениями маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, решениями и распоряжениями председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района и Положением;
- аналитическо-информационное, организационно-правовое и материально-техническое обеспечение деятельности председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- осуществление других задач, возложенных председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района на Аппарат.
15. С целью выполнения предусмотренных задач Аппарат выполняет следующие функции:
- организация подготовки проектов решений и распоряжений председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, проектов решений маджлиса народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- подготовка докладов и отчетов председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, и вопросов, обсуждаемых при маджлисе народных депутатов Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- содействие в разработке и представлении проектов законов, а также указов и распоряжений Президента Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Правительства Республики Таджикистан, непосредственно касающихся Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе и деятельности исполнительных органов государственной власти города и района;
- подготовка совещаний при председателе Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, и других предусмотренных совещаний по регламенту Аппарата и обеспечение их проведения;
- организация в установленном порядке делопроизводства, оформление решений и распоряжений, а также доведение инструкций и поручений председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района до исполнителей и ответственных должностных лиц, контроль за их исполнением;
- подготовка и издание решений маджлиса народных депутатов, решений и распоряжений председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, а также обеспечение их публикации в местных средствах массовой информации;
- подготовка договоров, подписываемых председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, организация работ по их соблюдению и выполнению;
- подготовка годовых, полугодовых и квартальных планов деятельности и представление их на утверждение председателю Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- сбор, подведение итогов и анализ показателей социально-экономического развития Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, рассмотрение и подведение итогов предложений общественных объединений, политических партий, органов самоуправления поселков и дехотов и общественной самодеятельности, разработка и представление соответствующих сообщений;
- содействие организации и проведению на должном уровне республиканских, областных, городских и районных мероприятий и государственного протокола;
- содействие координации деятельности соответствующих органов и структур Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, хозяйствующих субъектов, основанных на коммунальной собственности области, города Душанбе, города и района;
- организация конкурса на замещение вакантных административных должностей государственной службы, оценка деятельности, аттестация государственных служащих, организация кадрового резерва, ротация (перемещение) государственных служащих руководящего состава, переподготовка, повышение квалификации и стажировка государственных служащих, формирование перечня должностей, назначение и освобождение которых осуществляется непосредственно председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района и центральными исполнительными органами государственной власти, их назначение на должность и освобождение от должности осуществляется в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;
- организация приёма граждан, регистрации, рассмотрения и анализа обращений, осуществление соответствующего контроля в порядке предусмотренном законодательством и предоставление сообщений об их выполнении;
- подготовка и представление сведений, отчетов и сообщений в Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Президенту Республики Таджикистан, Правительству Республики Таджикистан, соответствующим министерствам и ведомствам;
- организация и проведение протокольных, культурных, массовых мероприятий с участием председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района или их заместителей;
- осуществление связи с городами-побратимами и сотрудничество с международными и региональными организациями;
- обеспечение специального делопроизводства с секретным режимом, в том числе ведение документации, предусмотренной для служебного использования;
- организация при служебной необходимости научно-исследовательской работы с привлечением учёных и экспертов на основе договора;
- руководство подчиненными вспомогательными организациями;
- контроль за соблюдением трудовой дисциплины среди сотрудников;
- контроль целевого использования финансовых средств, предусмотренных для Аппарата;
- выполнение других задач, связанных с деятельностью председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района.
4. РУКОВОДИТЕЛЬ АППАРАТА
16. Руководитель Аппарата:
- обеспечивает общее руководство деятельности Аппарата, организацию работы, планирование деятельности, внедрение беспрерывной системы работы и контроля;
- координирует деятельность структурные подразделения, работу комиссий и советов с соответствующими органами и структурами;
- дает поручения структурным подразделениям, специалистам и требует их выполнения;
- в рамках полномочий, возложенных председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, подписывает договора, в том числе трудовые контракты с работниками технического и обслуживающего персонала;
- разрабатывает проекты структуры Аппарата и штатного расписания согласно структуры и количеству государственных служащих местных исполнительных органов государственной власти, утверждённых Правительством Республики Таджикистан и представляет на утверждение председателю Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- изучая деятельность постоянных и временных комиссий маджлиса народных депутатов и джамоатов посёлка и дехота, содействует в разработке представляемых на рассмотрение сессии документов и представляет их председателю Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- по согласованию с соответствующими центральными исполнительными органами представляет на утверждение председателю Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района проект положения и должностных инструкций государственных служащих Аппарата, а также структурных подразделений местных исполнительных органов государственной власти, финансируемых из местных бюджетов;
- осуществляет мероприятия по согласованию с председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района по подбору, воспитанию и расстановке кадров в соответствии законодательством;
- обеспечивает исполнения установленных требований по стимулированию, в том числе по представлению к государственным наградам, и применении дисциплинарных взысканий;
- организует проверку деятельности структурных подразделений согласно установленного порядка;
- создает для государственных служащих Аппарата необходимые трудовые и материально-бытовые условия;
- организует работу по приёму граждан со стороны председателя и его заместителей;
- организует и контролирует обеспечение выполнения актов маджлиса народных депутатов и председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, а также его поручений;
- организует заседания при председателе, согласовывает время проведения и его повестку с председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- после регистрации входящих и исходящих документов, проектов актов маджлиса народных депутатов и председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района представляет их председателю и после подписания актов публикует их в местных средствах массовой информации;
- участвует в протокольных мероприятиях области, города Душанбе, города и района, обеспечивает контроль за исполнением порядка Аппарата.
17. Заместитель руководителя Аппарата непосредственно исполняет поручения руководителя Аппарата и в соответствии с распределением функций и должностной инструкцией является ответственным по обеспечению трудовых условий, материально-финансового обеспечения государственных служащих Аппарата.
5. СТРУКТУРНЫЕ ПОДРАЗДЕЛЕНИЯ АППАРАТА
18. Структурные подразделения Аппарата действуют под руководством председателя, его заместителей и руководителя Аппарата.
19. Структурными подразделениями аппарата управляют руководители, которые назначаются и освобождаются от должности решением (распоряжением) председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района согласно законодательству о государственной службе.
20. В состав структурных подразделений Аппарата входят государственные должности государственных служащих, перечень которых предусмотрен в штатном расписании, утверждаемым председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района.
21. Основными функциями структурных подразделений Аппарата являются:
- обеспечение деятельности председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- анализ деятельности, соответствующих структур и органов области, города Душанбе, города и района, содействие в поиске и определении путей эффективного развития, в решении важных социально-экономических вопросов и на этой основе разработка предложений;
- способствование координации деятельности органов и структуры Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района относительно экономической и социальной сферы, безопасности и общественного порядка соответствующих территорий;
- обеспечение постоянного контроля за исполнением решений маджлиса народных депутатов и председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, непосредственного исполнения поручений председателя и руководителя Аппарата структурными подразделениями местных исполнительных органов и подготовка информации о результатах исполнения;
- обеспечение исполнений соответствующих планов, программ и концепций;
- разработка необходимых аналитических материалов, представление предложений по вопросам, находящихся на рассмотрении председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, их заместителей и руководителя Аппарата;
- разработка, исследование и согласование проектов актов председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района;
- в соответствии с поручением председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, их заместителей и руководителя Аппарата разработка проектов актов председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, которые имеют оперативный характер;
- в соответствии с установленным порядком рассмотрение обращений юридических и физических лиц.
22. Структурные подразделения Аппарата в своей деятельности проводят совещания с другими органами и структурными подразделениями области, города, района относительно вопросов, которые входят в их компетенцию, в соответствии с установленным порядком согласуют с ними подготавливаемые акты.
23. Обязанности структурных подразделений конкретно указываются в их положении, которое утверждается председателем.
24. Руководство структурных подразделений Аппарата:
- осуществляет обязанности возложеные на структурные подразделения и несет личную ответственность за их эффективное исполнение;
- распределяет должностные обязанности между подчиненными, обеспечивает дисциплину труда, исполнение требований инструкции по делопроизводству в Аппарате и является ответственным за деятельность структурного подразделения;
- в соответствии с установленным порядком для подготовки информации о вопросах, которые находятся на рассмотрении председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, их заместителей и руководителя Аппарата, получает информацию от органов и структур области, города и района;
- информирует председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района, их заместителей и руководителя Аппарата о результатах рассмотрения подготовленных документов в структурные подразделения;
- принимает участие на заседаниях, сессиях, совещаниях при председателе, мероприятиях и собраниях органов и структур области, города и района по вопросам, которые входят в компетенцию структурного подразделения.
25. Государственные служащие структурных подразделений Аппарата:
- в соответствии с должностными инструкциями выполняют возложенные на них обязательства и являются ответственными за их качественное и эффективное исполнение;
- в соответствии с установленным порядком принимают участие в обсуждении вопросов, которые входят в их служебные обязательства на заседаниях, проводимых у заместителей председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района и руководителя Аппарата, собраниях органов и структур области, города и района;
- в рамках своих полномочий ознакомляются с материалами структур местных исполнительных органов государственной власти;
- участвуют в мероприятиях, проводимых в рамках рабочего плана.
26. Государственные служащие структурных подразделений Аппарата, структур местных исполнительных органов государственной власти и местных структур центральных исполнительных органов государственной власти, финансируемых из местных бюджетов, осуществляют свою деятельность на основании должностных инструкций, утверждаемых в установленном порядке председателем Горно-Бадахшанской автономной области, области, города Душанбе, города и района.