ДЕВОНИ ВАЗИРОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника ва дар бораи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва мэъморӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.1996 № 311)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.07.1996 № 311)
Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Низомномаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, ки бо қарори Совети Вазиронн РСС Тоҷикистон аз 28 январи соли 1991 № 16 тасдиқ шудааст, тағъирот дароварда, дар банди 2 калимаҳои "андозаи ҳар кадомашон 5,0 ҳазор сӯм мебошад" бо калимаҳои "андозаи ҳар кадомашон 25,0 ҳазор сӯм мебошад" иваз карда шавад.
2. Ба Низомномаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯ Абдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва меъморӣ, ки бо қарори Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 6 июли соли 1990 № 153 тасдиқ шудааст, тағъирот дароварда, дар банди 2 (мувофиқи таҳрири қарори Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 4 июли соли 1991 № 202) калимаҳои "Андозаи ҷоиза - 5000 сӯм ҳар кадом" бо калимаҳои "Андозаи ҷоиза - 25000 сӯм ҳар кадом" иваз карда шавад ().
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Сарвазири
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев
Ҷонишини Мудири
Корҳои Девони Вазирони
Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Бозоров
Ҷонишини Мудири
Корҳои Девони Вазирони
...