ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ, амалӣ намудани ислоҳоти минбаъдаи он ва дастгирии молиявии субъектҳои хоҷагидории соҳа фармон медиҳам:
1. Қарзи субъектҳои хоҷагидории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи пахтакорӣ, ки то 1 январи соли 2008 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ба амал омадаанд, бо роҳи аз ҳисоб баровардан, кам кардан (дисконт), ба таъхир гузоштан ва тамдиди мӯҳлати пардохти қарзҳо ва барориши қоғазҳои дарозмуддати қиматноки давлатӣ ҳал карда шавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар муддати як моҳ тартиби ҳалли қарзҳои соҳаи пахтакорӣ ва Нақшаи амалиётро оид ба ислоҳоти бахши аграрӣ муаян намоянд.
- дар мудати шаш моҳ Стратегияи рушди иҷтимоии деҳотро барои солҳои 2010 -2020 таҳия ва тасдиқ намоянд.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон:
- баргардонидани бақияи қарзи мавҷударо аз тарафи сармоягузорон таъмин намоянд;
- дар муддати як моҳ сохтори дахлдорро ҷиҳати амалӣ намудани тартиби тамдиди қарзҳои соҳаи пахтакорӣ, омӯзиш ва баҳодиҳии пардохти саривақтии қарзҳои сармоягузорон, инчунин ҷараёни аз ҳисоб баровардани қарзи хоҷагиҳо созмон диҳад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
30 майи соли 2009 №663
УКАЗ
ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О дополнительных мерах по поддержке сельскохозяйственной отрасли Республики Таджикистан
В целях развития сельскохозяйственной отрасли, осуществления его дальнейшего реформирования и финансовой поддержки хозяйствующих субъектов отрасли постановляю:
1. Задолженность хозяйствующих субъектов Республики Таджикистан в отрасли хлопководства, образовавшуюся до 1 января 2008 года за счёт всех источников финансирования решить путём списания долгов, уменьшения долгов (дисконтирования), отсрочки и рассрочки сроков платежей и выпуска долгосрочных государственных ценных бумаг.
2. Правительству Республики Таджикистан:
- в месячный срок определить порядок решения задолженности в отрасли хлопководства и План действий по реформированию аграрного сектора;
- в шестимесячный срок разработать и утвердить Стратегию социального развития села на 2010-2020 годы.
3. Правительству Республики Таджикистан совместно с Национальным банком Таджикистана:
- обеспечить возврат инвесторами остатка существующей задолженности;
- в месячный срок образовать соответствующую структуру для осуществления порядка реструктуризации задолженности, хлопковой отрасли, мониторинга и оценки своевременности выплаты задолженности инвесторов, а также процесса списания задолженности хозяйств.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе
30 мая 2009 года №663