Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2023, № 420
Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027 (минбаъд - Барнома) бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат ҷиҳати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ таҳия гардидааст.
2. Таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар бо кадрҳои коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ба зиммаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ гузошта шуда, маҳз ҳамин зинаҳои таҳсилот метавонанд дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми босазо гузоранд.
3. Ҷорӣ намудани технологияҳои нави таълим, таҳияи стандартҳои тахассусии ҳар як касб, барномаҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла барномаи модулӣ ва таъмини сифати таълим дар ин зинаҳои таҳсилот ба тайёр кардани кадрҳои коргарӣ мусоидат намуда, соҳаҳои иқтисоди ҷумҳуриро, бахусус бо кадрҳои коргарии соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ таъмин месозад.
2. ВАЗЪИ КУНУНИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ, МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ
4. Вазъи ноустувори иқтисодию иҷтимоӣ дар ҷаҳон метавонад ба вазъи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевосита расонад. Аз ин лиҳоз дар марҳилаи кунунӣ муҳим аст, ки шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ дар самти тайёр кардани кадрҳои касбии коргарӣ роҳандозӣ гардида, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии онҳо ва тақсимоти босамари аҳолии қобили меҳнат дар соҳаҳои иқтисодиёт тадбирҳои амалӣ андешида шавад.
5. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилот дар самти тайёр кардани кадрҳои коргарӣ набуда, асосан дар сифати тайёр кардани онҳо мебошад. Сатҳи афзоиши аҳолӣ мамлакатро бо захираҳои меҳнатӣ таъмин менамояд, вале ин захираҳо омодагии касбии ҷавобгӯи талаботи корфармоёнро надоранд.
6. Мутобиқи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ давоми солҳои 2023-2027 шумораи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 2,0-2,1 дарсад афзоиш ёфта, дар соли 2027 ба 11097,0 ҳазор нафар мерасад, ки бешубҳа ба вазъи бозори меҳнат таъсир мерасонад.
7. Шумораи аҳолӣ эҳтимолан соли 2027 дар муқоиса ба соли 2022-ум 1046,0 ҳазор нафар зиёд мешавад. Мутаносибан ба ин шумораи захираҳои меҳнатӣ 572,0 ҳазор нафар ва қувваи корӣ 227,1 ҳазор нафар меафзояд.
8. Пешбинӣ мегардад, ки солҳои 2023-2027 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 222,6 ҳазор нафар ворид мегарданд.
9. Теъдоди аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ ғайрифаъол дар соли 2027 ба 3516,9 ҳазор нафар мерасад, ки ин шумора 54,9 дарсад захираҳои меҳнатиро (6398,0 ҳазор нафар) ташкил медиҳад.
10. Мувофиқи дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки дар давоми солҳои 2023-2027 дар соҳаҳои иқтисодиёти кишвар маҷмуан 1254,7 ҳазор, аз ҷумла дар бахши воқеии иқтисодиёт 748,4 ҳазор (59,6 дарсад) ва дар бахши хизматрасонӣ 506,3 ҳазор (40,4 дарсад) ҷойҳои кории нав таъсис дода мешаванд. Аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисшаванда 457,0 ҳазор (36,4 дарсад) ҷойҳои кории доимӣ, 469,5 ҳазор (37,4 дарсад) ҷойҳои кории муваққатӣ, 266,3 ҳазор (21,2 дарсад) ҷойҳои кории мавсимӣ ва 61,7 ҳазор (5,0 дарсад) ҷойҳои кории иловагӣ ва барқароршуда мебошанд.
11. Зинаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шароити кунунӣ яке аз зинаҳои афзалиятноки таҳсилоти касбӣ дар ҷумҳурӣ буда, барои тайёр кардани кадрҳои касбии коргарӣ, баланд бардоштани иқтидори захираҳои инсонӣ ва соҳибкасб намудани шаҳрвандон саҳми босазо мегузорад.
12. Таҳлили сифати тайёр кардани кадрҳои коргарӣ барои иқтисодиёти миллӣ нишон дод, ки аксарияти хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба талаботи корфармо ҷавобгӯ набуда, баъзе касбу ихтисосҳои ин зинаҳои таҳсилот дар бозори меҳнат рақобатпазир нестанд, ки ин аз сатҳи пасти салоҳиятнокии касбӣ ва мавҷуд набудани ҳамкории зич бо корфармоён шаҳодат медиҳад.
13. Дар айни ҳол дар ҷумҳурӣ 60 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 14 шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ фаъолият дошта, дар онҳо аз рӯйи 14 самт ва 135 ихтисос барои иқтисодиёти миллӣ кадрҳои коргарӣ тайёр карда мешаванд.
14. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва шуъбаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии назди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 19 221 нафар хонанда таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора 4 952 нафарро духтарон ташкил дода, 90 дарсади онҳо тариқи ройгон ва 10 дарсад тариқи музднок таҳсил менамоянд.
15. Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо хӯроки гарми яккарата ва хонандагони муассисаҳои касбии техникии маъюбон ва махсуси шаҳри Душанбе бо се вақт хӯроки гарм, либос ва ҷойи хоб ройгон таъмин мебошанд. Маблағи барои хӯроки гарм ҷудогардида ба як нафар хонанда ба ҳисоби миёна 1 сомониро (дар як рӯз) ташкил дода, нисбат ба нархи имрӯзаи бозор нокифоя мебошад.
16. Дар давоми ду соли охир ислоҳот дар низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ, бахусус дар тайёр кардани кадрҳои коргарӣ оғоз гардид. Мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2021, №АП- 52 ҷиҳати азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои мушаххас амалӣ мегарданд, ки барои беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамоянд.
17. Дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 2453 адад компютер, 481 адад принтер, 225 адад проектор, 138 адад тахтаи электронӣ, 208 адад сканер, 300 адад нусхабардор мавҷуд аст, ки ҳангоми дарсҳо самаранок истифода бурда мешаванд. Аз теъдоди умумии компютерҳо 50 дарсади онҳо ба шабакаи интернет насб буда, пайваст намудани компютерҳои дигар ба шабакаи интернет зарур аст.
18. Заминаи моддию техникии шуъбаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, ки дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таъсис дода шудаанд, ба ҷуз компютер, мизу курсӣ ва ҷевон дигар ягон воситаи нави техникӣ дар солҳои охир ба онҳо ворид нагардидааст, ки ин ҳолат барои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ мутобиқат намекунад.
19. Дар соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ҳанӯз ҳам мушкилот, аз ҷумла азнавсозии низоми таълим, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав, қабули довталабон, таъминкунӣ бо ҷойи кор, баланд бардоштани музди меҳнати омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ҷой доранд, ки ҳалли саривақтии онҳо зарур мебошад.
20. Нақшаи қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар 5 соли охир аз 75 дарсад то 95 дарсад иҷро гардида, 55 ҳазору 574 нафар ин муассисаҳоро хатм намуданд.
21. Соли 2022 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ 158,3 ҳазор нафар ва дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ 113,2 ҳазор нафар, дар маҷмуъ 271,5 ҳазор нафар хатм намуданд, ки ҳамагӣ 5 дарсад барои қабули хонандагон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ нақшабандӣ гардида, ба муассисаҳои таълимӣ 4 дарсад қабул шуданд. Ин нишондод дар аксари кишварҳои ҷаҳон аз 18 то 25 дарсадро ташкил медиҳад.
22. Дар 5 соли охир аз шумораи умумии хатмкардагон 17 ҳазору 744 нафар (32,0 дарсад) бо ҷойи кор таъмин гардида, 2839 нафар (5,1 дарсад) ба хизмати ҳарбӣ сафарбар гардида, 8607 нафар (15,5 дарсад) ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, 12 ҳазору 085 нафар (21,7 дарсад) бо ҷойи кор таъмин нашуданд ва 14 ҳазору 299 нафар (25,7 дарсад) барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии дохил ва хориҷи кишвар дохил гардиданд.
23. Ба ҳолати 1 январи соли 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва шуъбаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 1 ҳазору 918 нафар омӯзгор фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 1581 нафарашон (82,4 дарсад) бо таҳсилоти олии касбӣ, 267 нафар (14,0 дарсад) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 70 нафар (3,6 дарсад) бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият доранд.
24. Дар кишвар 973 нафар устоҳои таълими истеҳсолӣ, ки аз инҳо 446 нафар (45,9 дарсад) бо таҳсилоти олии касбӣ, 397 нафар (40,8 дарсад) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 130 нафар (13,3 дарсад) бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият карда истодаанд.
25. Ҳамкории корфармоён дар тайёр намудани кадрҳои касбии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ назаррас набуда, ҷалби маблағҳои бахши хусусӣ дар рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ба назар намерасад.
26. Мутобиқи маълумоти омори расмӣ дар сохтори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 84 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ, аз ҷумла 57 муассисаи таълимии давлатӣ ва 27 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ фаъолият мекунанд, ки аз рӯйи 9 самт ва 209 ихтисос кадрҳои коргарии зинаи таҳсилоти миёнаи касбиро омода менамоянд.
27. Теъдоди донишҷӯён дар муассисаҳои мазкур 93 270 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 25 523 нафар (27,4 дарсад) тариқи ройгон ва 67 747 нафар (72,6 дарсад) тариқи музднок таҳсил менамоянд. Дар солҳои охир теъдоди донишҷӯён, хусусан дар гурӯҳҳои муздноки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи тиббӣ меафзояд.
28. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, қабул ва хатми донишҷӯёну хонандагон дар солҳои 2017-2022 дар замимаҳои 1 ва 2 Барнома оварда шудааст.
29. Соли таҳсили 2021-2022 қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ коҳиш ёфта, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати ҷалби онҳо дар сатҳи нокифоя ба роҳ монда шуда, расондани иттилоот ба шаҳрвандон оид ба ихтисосҳои омӯхташаванда дар муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ басанда нест. Зарур аст, ки корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тақвият дода шаванд.
30. Таҳлил нишон дод, ки шумораи мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро хатм кардаанд, дар соҳаи омӯзгорӣ 72 дарсадро, дар соҳаи тиббӣ 87 дарсадро ташкил медиҳад. Дар равияи техникӣ ин масъала дар сатҳи ниҳоят паст қарор дорад.
31. Аксарияти хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ равияи техникӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлат таҳсил намудаанд, бо ҷойи кор таъмин карда намешаванд. Сабаби асосии бо ҷойи кор таъмин нашудани онҳо набудани ҷойҳои кори холӣ дар ташкилотҳои давлатӣ ва ба кор қабул накардани хатмкардагон дар ташкилотҳои хусусӣ мебошад. Ин омил боис мешавад, ки хатмкардагон ба корҳои ғайриихтисос ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд.
32. Заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии равияи техникӣ ниҳоят коста буда, ба ҷуз компютер, мизу курсӣ ва ҷевон дигар ягон воситаи нави техникӣ дар солҳои охир ба онҳо ворид нагардидааст. Мустаҳкам набудани заминаи моддию техникӣ дар тайёр кардани кадрҳои коргарии ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй таъсири манфӣ мерасонад.
33. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ утоқҳо бо воситаҳои техникии муосир, химреактивҳо ва дигар маводди таълимӣ таъмин набуда, дар озмоишгоҳҳои мавҷудбуда барои ихтисосҳои тиббӣ, байторӣ ва агрохимия, тухмипарварӣ ва ҳифзи растанӣ донишҷӯён аз маҳлулҳои аз солҳои пешин мондашуда истифода мебаранд.
34. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ 6 262 адад компютер, 648 адад проектор, 535 адад тахтаи электронӣ, 448 адад сканер, 998 адад нусхабардор, 42 адад факс мавҷуд аст, ки аз онҳо ҳангоми дарсҳо васеъ истифода бурда мешавад. Аз теъдоди умумии компютерҳо 2 317 адад ба шабакаи интернет пайваст буда, теъдоди компютерҳо ва таҷҳизоти мултимедии дигар ба шумораи донишҷӯён мувофиқат намекунад.
3. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
35. Мақсади Барнома тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, муҳайё намудани шароит барои қонеъ гардонидани ҷомеа ва бозори меҳнат ба кадрҳои коргарӣ тавассути таъсис ва азнавсозии сохтор ва низоми таҳсилот, рушди малакаҳои касбӣ ва дар амал ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии насли нав, ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, истифодаи самараноки захираҳои моддию молиявӣ, бунёд ва таҳкими механизми тайёр кардани кадрҳои коргарӣ тибқи талаботи бозори меҳнат мебошад.
36. Мутобиқи дурнамои нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад, ки солҳои 2023-2027 ба бозори меҳнат аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 222,6 ҳазор нафар ворид мегарданд. Вобаста ба ин дурнамои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ доир ба самтҳо ва ихтисосҳое (ТОП - ихтисос), ки дар бозори меҳнати дохилӣ ва хориҷӣ талабот доранд, пешбинӣ мегардад (замимаҳои 3-7).
37. Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои Барнома ҳалли вазифаҳои зерин зарур аст:
- таъмин ва қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ба таҳсилоти касбӣ, аз ҷумла ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- фароҳам овардани шароит барои таъмини истифодаи пойгоҳҳои корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият барои ташкили омӯзиши амалии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- баланд бардоштани сатҳи касбию тахассусии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгорӣ, ҷорӣ намудани методологияи таълим дар асоси салоҳият дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон ва устоҳои таълими истеҳсолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
- беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- зиёд намудани нақшаи қабули хонандагону донишҷӯён ва ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тибқи талаботи бозори меҳнат;
- ташкил намудани корҳои роҳнамоии касбӣ ва ба роҳ мондани вохӯриҳо бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷиҳати ҷалб намудани онҳо ба касбҳои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- ҳамкории самарабахши муассисаҳои таълимӣ бо корфармоён ва бахши хусусӣ дар тайёр намудани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- рушди маблағугзории бисёрҷониба дар баробари маблағгузории буҷетӣ, аз ҷумла дар шакли шарикӣ дар таъсиси муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- зиёд намудани ҷойҳои буҷетӣ барои қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар равияҳои техникӣ;
- муҷаҳҳаз гардонидани озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо воситаҳои техникии муосир, химреактивҳо, аёниятҳо ва маводди дигари таълимию методӣ;
- коркард, таҳия ва тасдиқ намудани стандартҳои салоҳияти ҳар як касб, нақша ва барномаҳои таълимию модулӣ барои касбу ихтисосҳои зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- баланд бардоштани сифати таҳсилот ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои коргарӣ барои ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ;
- таъсиси низоми муайянкунии сифати таълим барои зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
- таҳияи маводди таълимӣ ва илмию методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ.
4. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
38. Барнома дар се марҳила барои солҳои 2023-2025, 2026 ва 2027 мутобиқи нақшаҳои амали тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
39. Маблағи умумии маблағгузории Барнома 149 289 427 (як саду чилу нуҳ миллиону дусаду ҳаштоду нуҳ ҳазор чорсаду бисту ҳафт) сомониро ташкил медиҳад, аз ҷумла аз ҳисоби:
- буҷети давлатӣ - 119 172 760 (як саду нуздаҳ миллиону як саду ҳафтоду ду ҳазору ҳафтсаду шаст) сомонӣ;
- шарикони рушд ва лоиҳаҳои амалкунандаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 30 116 667 (сӣ миллиону як саду шонздаҳ ҳазору шашсаду шасту ҳафт) сомонӣ.
40. Барои ҷалби маблағҳои иловагӣ иҷрокунандагони масъули чорабиниҳои Барнома уҳдадоранд, ки бо шарикони рушд, бахши хусусӣ ва корфармоёни алоҳида ҳамкориро ба роҳ монанд.
5.МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБИИ РАВАНДИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА
41. Барнома дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо қабули Нақшаи амал ва бо дарназардошти натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии мақсадҳои Стратегияи болозикр, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва низоми рушди захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
42. Вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозии раванди мониторинг ва арзёбии амалисозии чорабиниҳои Барнома корҳои зеринро анҷом медиҳанд:
- барои дастрасии ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ шароити мусоид фароҳам меоваранд;
- дар бораи рафти амалишавии Барнома маълумоти муфассал пешниҳод месозанд;
- нақшаҳои ташкилию молиявии амалишавии чорабиниҳои Барномаро тартиб медиҳанд;
- сохтор ва мундариҷаи стандартҳои касбӣ ва барномаҳои таълимиро бо талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ менамоянд;
- аз рӯйи ихтисосҳои афзалиятдошта бо дар назар доштани талаботи бозори меҳнат бо ҷалби грантҳои байналмилалӣ омодасозии кадрҳои коргариро ба роҳ мемонанд;
- ҷиҳати рушди зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамкориҳои байналмилалиро тақвият мебахшанд;
- заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро таҳким бахшида, барои азнавсозии онҳо корбарӣ мекунанд;
- нақшаи қабули хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро бо дарназардошти таҳлил ва арзёбиҳои бозори меҳнати минтақаҳо тарҳрезӣ менамоянд.
43. Амалисозии Барнома имкон медиҳад, ки низоми тайёр кардани кадрҳои коргарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ташаккул ёфта, сифати таҳсилот дар омодасозии кадрҳои коргарӣ таъмин гардида, барои рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосири зудтағйирёбанда мусоидат намояд.
6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
44. Барнома дар давраи амалисозии он барои солҳои 2023-2027 тавассути се марҳила бо қабули Нақшаи амал ва бо дарназардошти натиҷагириҳои миёнамуҳлати раванди амалишавии ҳадаф ва мақсадҳои он, вазъи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва омодасозии кадрҳои коргарӣ барои рушди иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
45. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва назорати корҳоро оид ба амалишавии Барнома иҷро намуда, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъияти иҷтимоию иқтисодии мавҷуда пешниҳод манзур мекунад, инчунин назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2023, № 420
Нақшаи амали солҳои 2023-2025 Барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои солҳои 2023-2027
Ниг. ба Замима
Замимаҳои 1-7