Низомнома дар бораи тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба /аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 августи соли 2023, №376

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2023, № 376

Низомнома дар бораи тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба /аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

1. Низомнома дар бораи тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Низомномаи мазкур) ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон (минбаъд - Конвенсияи Вена) ва ислоҳоти Кигалӣ ба Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон барои муайян кардани гидрофторкарбонҳои назоратшаванда (минбаъд - Протоколи Монреал) таҳия карда шудааст.

2.Низомномаи мазкур тартиби воридот ва содироти гидрофторкарбонҳоеро, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, ба ҳамаи субъектҳои хоҷагидор, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва ҷойи бақайдгирӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.

3. Воридот ва содироти номгӯйи ягонаи гидрофторкарбонҳое, ки дар гурӯҳҳои I ва II рӯйхати F Протоколи Монреал нишон дода шудаанд, инчунин воридот ва содироти онҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли транзитӣ ба воситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кишварҳое, ки тарафҳои Протоколи Монреал мебошанд, амалӣ карда мешавад.

4.Воридот ва содироти гидрофторкарбонҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозатнома барои фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, безараргардонӣ ва нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, инчунин ҳамаи намудҳои фаъолияти бо васлнамоӣ, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот алоқаманд, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ карда мешаванд, сурат мегирад. Ба субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликият, ҳангоми надоштани иҷозатнома барои содирот ва воридоти гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаи 2 қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудаанд, ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

5. Иҷозатнома байни давлатҳои иштирокчии Протоколи Монреал ва ислоҳоти Кигалӣ, ба истиснои интиқоли транзитии онҳо, аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳиссаи барои ин давра муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Талаботи мазкур барои воридоти гидрофторкарбонҳои пештар истифодашуда (безараргардонидашуда, ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ) ё гидрофторкарбонҳои барқароршуда татбиқ намегардад ва онҳо танҳо тибқи тартиби муқарраршуда ба қайд гирифта мешаванд.

6.Тартиби тақсими ҳаҷми ҳиссаҳо барои воридоти гидрофторкарбонҳо байни дархосткунандагон тибқи дастурамали таҳиянамудаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

7. Дар сурати ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид (содир) кардани гидрофторкарбонҳои иборат аз ду ва ё зиёда сардкунанда, иқтидори гармшавии глобалӣ ҳамчун вазни миёнаи ҳаҷмии компонентҳо дар алоҳидагӣ ҳисоб карда мешавад. Барои ҳисоб кардани иқтидори гармшавии глобалии омехта бояд иқтидори гармшавии глобалии ҳар як компонент баробар аз рӯйи ҳаҷмаш ҳисоб карда шавад.

8. Муҳлати амали иҷозатномаи додашуда бо ҳиссаи ҷудошуда дар соли ҳисоботӣ маҳдуд мегардад.

9.Воридоти гидрофторкарбонҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин интиқоли транзитии онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозатнома, тамғаи байналмилалӣ ва сертификати мутобиқати истеҳсолкунанда манъ аст.

10.Воридоти гидрофторкарбонҳо дар зарфҳои истифодаи якдафъинаи ғунҷоишашон то 10 (даҳ) кг манъ аст.

11.Дар ҳолати воридоти эҳтимолии гидрофторкарбонҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талабот ва тавсияҳои Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал қабул карда мешавад.

12.Барои гирифтани иҷозатнома дархосткунанда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

- аризаи намунаи муқарраршуда барои додани иҷозатнома;

- нишон додани кишваре, ки аз он гидрофторкарбонҳо ворид карда мешаванд;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисёбии дархосткунанда;

- маълумотномаи ташкилот ё корхонаи воридкунанда бо нишон додани ҳаҷми гидрофторкарбонҳои безараргардонидашуда ва барқароршуда.

13.Назорати воридот ва содироти гидрофторкарбонҳо ба/аз Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраршуда аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояшон амалӣ мегардад.

14.Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳар сол то 15 январ ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумотро дар бораи воридот ва содироти гидрофторкарбонҳо барои соли пеши тақвимӣ ба ҳолати 31 декабр пешниҳод менамоянд.

15.Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барасмиятдарории гумрукии воридот ва содироти гидрофторкарбонҳоро тибқи талаботи Низомномаи мазкур амалӣ намуда, ҳар семоҳа ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҳисобот ҷиҳати пешниҳод ба котиботи Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал нусхаи декларатсияи гумрукиро ирсол менамояд. Дар мавриди набудани содирот ва воридоти гидрофторкарбонҳо, маълумот дар шакли озод пешниҳод карда мешавад.

16. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 марти ҳар сол пешниҳоди маълумоти омориро ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истифодабарии гидрофторкарбонҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли ҳисоботӣ ҷиҳати огоҳсозии котиботи Конвенсияи Вена ва Протоколи Монреал тибқи моддаи 7 Протоколи Монреал таъмин менамояд.

17. Дар ҳолати вайрон намудани талаботи Низомномаи мазкур, ба вуҷуд омадани ҳолатҳое, ки боиси расонидани зарар ба манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва риоя накардани уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи Протоколи Монреал мегарданд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали иҷозатномаи додашударо бозмедорад ва дар ин бора Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахси дорандаи амали иҷозатномаро хабар медиҳад.

18. Баҳсҳое, ки аз рӯйи масъалаҳои мазкур ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

19. Барои вайрон кардани талаботи Низомномаи мазкур субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдор тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.

 

Ниг. ба замимаҳои 2, 3

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от 29 августа 2023 года, №376

Положение о порядке ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, в/из Республики Таджикистан

1.Положение о порядке ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, в/из Республики Таджикистан (далее - настоящее Положение) разработано во исполнение обязательств Республики Таджикистан по Венской конвенции об охране озонового слоя (далее - Венская конвенция) и Кигалийской поправки к Монреальского протокола по веществам, разрушающим озоновый слой, относительно определения подконтрольных гидрофторуглеродов (далее - Монреальский протокол).

2.Настоящее Положение определяет порядок ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, в/из Республики Таджикистан и распространяется на все субъекты хозяйственной деятельности, зарегистрированные на территории Республики Таджикистан, независимо от форм собственности, ведомственной принадлежности и места регистрации, за исключением случаев, предусмотренных законодательством и международными договорами Республики Таджикистан.

3. Ввоз и вывоз единого перечня гидрофторуглеродов, указанных в группах I и II списка F Монреальского протокола, а также их ввоз и вывоз в/из Республики Таджикистан и транзитные перевозки через Республику Таджикистан осуществляется между странами, являющимися сторонами Монреальского протокола.

4. Ввоз и вывоз гидрофторуглеродов в/из Республики Таджикистан осуществляется на основании лицензии на деятельность по приобретению, продаже, использованию, утилизацию и уничтожение озоноразрушающих веществ и продуктов их содержащих, а также все виды деятельности, связанные с установкой, обслуживанием и ремонтом оборудования с применением озоноразрушающих веществ в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан и настоящего Положения. Субъектам хозяйствования, независимо от форм собственности, запрещается экспорт и импорт гидрофторуглеродов, указанных в приложении 2 настоящего постановления Правительства Республики Таджикистан, в/из Республики Таджикистан без лицензии.

5. Лицензия между государствами-участниками Монреальского протокола и Кигалийских поправок, за исключением их транзитной перевозки, выдается Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан исходя из квоты, определяемой Правительством Республики Таджикистан на этот период. Данное требование не распространяется на ввоз ранее использованных гидрофторуглеродов (обезвреживание, сбор и хранение) или восстановленных гидрофторуглеродов, они только регистрируются в установленном порядке.

6. Порядок распределения объемов квот на ввоз гидрофторуглеродов между заявителями осуществляется в соответствии с инструкцией, разработанной Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республике Таджикистан.

7. В случаях, когда гидрофторуглероды, состоящие из двух и более хладагентов, ввозятся (вывозятся) в Республику Таджикистан, потенциал глобального потепления в качестве среднего объемного веса компонентов рассчитывается в отдельности. Чтобы рассчитать потенциал глобального потепления смеси, потенциал глобального потепления каждого компонента должен быть рассчитан одинаково по объему.

8. Срок действия выданной лицензии ограничивается выделенной квотой за отчетный год.

9. Ввоз гидрофторуглеродов в Республику Таджикистан, а также их транзитные перевозки через Республику Таджикистан запрещается без лицензии, международного знака и сертификата соответствия производителя.

10. Запрещается ввоз гидрофторуглеродов в одноразовых контейнерах емкостью до 10 (десяти) кг.

11. В случае возможного ввоза гидрофторуглеродов в Республику Таджикистан, решение принимается Правительством Республики Таджикистан на основании требований и рекомендаций Венской конвенции и Монреальского протокола.

12. Для получения лицензии заявитель представляет в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан следующие документы:

- заявление установленного образца на выдачу лицензии;

- указание страны, из которой ввозятся гидрофторуглероды;

- копия учредительных документов заявителя;

- справку организации или предприятия-поставщика с указанием количества обезвреженных и восстановленных гидрофторуглеродов.

13. Контроль за ввозом и вывозом гидрофторуглеродов в/из Республики Таджикистан осуществляется в установленном порядке Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан, Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан и другими государственными органами Республики Таджикистан в пределах своих полномочий.

14. Физические и юридические лица ежегодно до 15 января представляют в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан данные о ввозе и вывозе гидрофторуглеродов за предыдущий календарный год по состоянию на 31 декабря.

15. Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан осуществляет таможенное оформление ввоза и вывоза гидрофторуглеродов в соответствии с требованиями настоящего Положения и ежеквартально представляет в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан копию таможенной декларации для формирования отчетности, направляемой секретариату Венской Конвенции и Монреальского протокола. В случае отсутствия ввоза и вывоза гидрофторуглеродов, информация представляется в свободной форме.

16. Агентство по статистике при Президенте Республики Таджикистан обеспечивает предоставление до 1 марта каждого года в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан статистических данных об использовании гидрофторуглеродов в Республике Таджикистан за предыдущий год для информирования секретариата Венской конвенции и Монреальского Протокола в соответствии с требованиями статьи 7 Монреальского протокола.

17. В случае нарушения требований настоящего Положения, возникновения обстоятельств, приводящих к нанесению ущерба экономическим интересам Республики Таджикистан и несоблюдению обязательств Республикой Таджикистан по Монреальскому протоколу, Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан приостанавливает действие выданной лицензии и информирует об этом Таможенную службу при Правительстве Республики Таджикистан, а также лицо, имеющее лицензию.

18. Споры, возникающие по указанным вопросам, рассматриваются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

19. За нарушение настоящего Положения субъекты хозяйственной деятельности и должностные лица несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

Приложение 2-3